ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТҲОИ САҲОМӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 октябри соли 2016 № 568
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси милли
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 ноябри соли 2016 № 308
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод.170; с.2008, №10, мод.812; с.2009, №5, мод.318, №7-8, мод.496; с.2010, №1, мод.9, №12, қ-1, мод.816; с.2011, №12, мод.844) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 3:
- дар сархати понздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
- сархати шонздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- молик-бенефитсиар (манфиатгир) - як ё якчанд шахси воқеӣ, ки бевосита ё бавосита соҳиби моликият (соҳиби зиёда аз 25 фоиз иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ ё миқдори умумии саҳмияҳои муштарӣ бо ҳуқуқи овоз) мебошанд ё муштарӣ ва/ё шахсеро, ки ба манфиати онҳо аҳд/амалиёт анҷом дода мешавад, воқеан назорат мекунанд, инчунин шахсоне, ки шахси ҳуқуқиро назорат мекунанд.".
3. Ба моддаи 84 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"5. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ва мақоми ваколатдор оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ҳуқуқ доранд аз ҷамъияти саҳомӣ дар бораи молик-бенефитсиарони (манфиатгирони) вай маълумот гиранд.".
4. Ба моддаи 89 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ва ҷамъияти саҳомӣ уҳдадоранд маълумотро дар бораи молик-бенефитсиарони (манфиатгирони) вай на камтар аз панҷ сол аз санаи барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ нигоҳ доранд.".
5. Ба моддаи 91 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Ҷамъияти саҳомӣ дар бораи ҳамаи амалиёт/аҳдҳои шубҳанок ва амалиёти ҳатман назоратшаванда, ки ба онҳо узви Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) манфиатдор аст ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дар бораи амалиёт/аҳдҳои шубҳаноке, ки дар раванди бақайдгирии барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ маълум мешаванд, уҳдадоранд ба мақоми ваколатдор оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" иттилоот пешниҳод намоянд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
14 ноябри соли 2016 № 1374