ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИХТИРОЪ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 октябри соли 2016 № 553
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 ноябри соли 2016 № 306
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи ихтироъ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод. 49; с. 2012, №7, мод.707; с.2013, №3, мод.199) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Ба моддаи 4 қисмҳои панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Мӯҳлати амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ, ки ба маводи доруворӣ, пеститсидҳо ва моддаҳои кимиёвии кишоварзӣ (агрокимиёҳо) дахл дорад ва ҷиҳати истифодабарии онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи бақайдгирии маводи дорувории мақомоти дахлдор талаб карда мешавад, бо дархости дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз ҷониби Идораи патентӣ тамдид карда мешавад, агар аз рӯзи пешниҳоди ариза ҷиҳати гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ то гирифтани шаҳодатномаи мазкур зиёда аз чор сол гузашта бошад.
Мӯҳлати мазкур ба давраи аз санаи пешниҳоди ариза барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ то рӯзи гирифтани шаҳодатномаи бақайдгирии маводи доруворӣ барои истифодаи маҳсулот, бо кам кардани чор сол, вале на зиёда аз панҷ сол тамдид карда мешавад.
Тартиби пешниҳоди дархост оид ба тамдид кардани мӯҳлати ҳуҷҷати муҳофизатӣ барои ихтироъ ва баррасии онро Идораи патентӣ муайян менамояд.".
3. Қисми шашуми моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои додани патент ва нахустпатент ба ихтироъро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.".
4. Дар қисми сеюми моддаи 21:
- дар матни қисм калимаҳои "Ҳангоми санҷидани" ба калимаи "Санҷидани" иваз карда шаванд;
- аз сархати дуюм калимаҳои "ва моделҳои судманди" хориҷ карда шаванд;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- ихтирооти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон патентдоршуда, моделҳои судманди бақайдгирифташуда ва дигар сарчашмаҳои иттилоотии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси умумибуда.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
14 ноябри соли 2016 № 1372