Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016 № 1371 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи намунаҳои саноатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 октябри соли 2016 № 551

қабул карда шуд.

 

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 8 ноябри соли 2016 № 305

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи намунаҳои саноатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 2, мод. 48; с. 2012, №7, мод.706; с. 2015, № 12, қ.1, мод. 1116) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар моддаи 5:

- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Намунаи саноатӣ нав ҳисобида мешавад, агар маҷмӯи аломатҳои асосии дар тасвирҳои маҳсулот ифодаёфта аз маълумоте, ки то санаи аввалияти намунаи саноатӣ дар ҷаҳон дастраси умум гардидаанд, маълум набошад.";

- ба қисми чорум пас аз калимаҳои "навии намунаи саноатӣ" калимаи ", инчунин" илова карда шуда, аз матни қисм калимаи "ҳамчунин" хориҷ карда шавад.

3. Қисми чоруми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Патент аз санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани ариза барои гирифтани патент дар муддати панҷ сол амал мекунад. Мӯҳлати амали патент бо дархости дорандаи патент аз ҷониби Идораи патентӣ ду маротиба ба муддати панҷсолӣ тамдид карда мешавад.".

4. Дар моддаи 11:

- аз сархати сеюми қисми чорум калимаҳои "ки номгӯи аломатҳои асосии онро дар бар мегирад" хориҷ карда шаванд;

- қисми шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои додани патент ба намунаи саноатиро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.".

5. Қисми дуюми моддаи 12 хориҷ карда шавад.

6. Аз қисми чоруми моддаи 18 калимаҳои "ба номгӯи аломатҳои асосӣ воридкардашавандаю" хориҷ карда шаванд.

7. Дар моддаи 19:

- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Экспертизаи моҳиятии ариза дар натиҷаи мусбат анҷом ёфтани экспертизаи расмӣ пас аз пардохти корбарии дахлдор гузаронида мешавад.";

- қисми дуюм хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

14 ноябри соли 2016 № 1371

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПРОМЫШЛЕННЫХ ОБРАЗЦАХ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 12 октября 2016 года, № 551

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 8 ноября 2016 года, № 305

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 февраля 2004 года "О промышленных образцах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №2, ст. 48; 2012 г., №7, ст.706; 2015 г. №12, ч.1, ст. 1116) следующие изменения и дополнения: 

1. В статье 5:

- часть третью изложить в следующей редакции:

"Промышленный образец признается новым, если совокупность основных признаков, представленных на изображениях продукции, неизвестна из сведений, ставшими общедоступными в мире до даты приоритета промышленного образца.";

- в части четвертой после слова "учитываются" дополнить словом "также", слова "а также" исключить.

2. Часть четвертую статьи 6 изложить в следующей редакции:

"Патент действует в течение пяти лет, начиная с даты подачи в Патентное ведомство заявки на выдачу патента. Срок действия патента продлевается Патентным ведомством по ходатайству патентообладателя два раза по пять лет.".

3. В статье 11:

- из части четвертой абзаца третьего слова ", включающее перечень его существенных признаков" исключить;

- часть шестую изложить в следующей редакции:

"Правила по дачи и рассмотрения заявки на выдачу патента на промышленный образец устанавливает Патентное ведомство.".

4. Часть вторую статьи 12 исключить.

5. Из части четвертой статьи 18 слова "подлежащие включению в перечень существенных признаков и" исключить.

6. В статье 19:

- часть первую изложить в следующей редакции:

"Экспертиза заявки по существу проводится при положительном результате формальной экспертизы после оплаты соответствующих процедурных платежей.

- часть вторую исключить.

7. Из абзаца пятого статьи 25 слова "в Республике Таджикистан" исключить.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 14 ноября 2016 года, № 1371