ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 октябри соли 2016 № 543
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 ноябри соли 2016 № 302
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №7, мод. 345; с.2009, №5, мод. 327; с.2010, №1, мод. 3; с.2011, №12, мод. 848; с.2013, №3, мод.191; с.2015, №11, мод. 971; с.2016, №7, мод. 629) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 4:
- дар сархати ҳаждаҳум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
- сархатҳои нуздаҳум, бистум, бисту якум, бисту дуюм, бисту сеюм, бисту чорум ва бисту панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- пардохт аз фоидаи соф;
- пардохт барои суғуртаи ҳатмӣ;
- пардохт барои маркаҳои аксизӣ;
- пардохт барои додани сертификатҳо аз ҷониби мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо;
- пардохт барои иҷрои корҳо оид ба додани шаҳодатнома барои воридоти гази моеи карбогидридӣ;
- пардохт аз ҳисоби ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоте, ки мақомоти давлатии дигар татбиқ менамоянд;
- пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ.".
2. Ба моддаи 5(1) қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Агар маблағи пардохти ҳатмӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур пардохт нашуда бошад ва бақияпулӣ ҷой дошта бошад, супоранда ӯҳдадор аст аз санаи фаро расидани мӯҳлати пардохт то санаи пардохти бақияпулиҳо, фоизҳои дахлдорро мутобиқи талаботи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар рӯзи гузаронидани мӯҳлат пардохт намояд.".
3. Бобҳои 16(2), 16(3), 16(4), 16(5), 16(6), 16(7) ва 16(8) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"БОБИ 16(2). ПАРДОХТ АЗ ФОИДАИ СОФ
Моддаи 63(5). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт аз фоидаи соф
1. Пардохт аз фоидаи соф аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки 100 фоизи сармояи оинномавиашон (шарикиашон) ба давлат тааллуқ дорад, ситонида мешавад. Пардохт аз фоидаи софи дар соли ҳисоботӣ гирифтаи корхонаҳои (ҷамъиятҳои) мазкур тибқи баҳисобгирии андозӣ муайян карда шуда, пас аз пардохти андоз аз фоида дар як сол як маротиба пардохт карда мешавад.
2. Корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқиашон, ки мақсади онҳо гирифтани фоида мебошад, ҳамчун корхонаҳои давлатӣ баррасӣ карда мешаванд.
3. Ҷамъиятҳои саҳомие, ки ҳиссаи давлат дар онҳо 100 фоиз ва аз он камтар аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ӯҳдадор мебошанд, ки соле на кам аз як маротиба оид ба пардохти суди саҳмияҳо қарор қабул кунанд. Дар мавриди қабули қарор оид ба пардохт намудани суди саҳмияҳо маблағи суди саҳмияҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
Моддаи 63(6). Супорандагони пардохт
1. Супорандагони пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки 100 фоизи сармояи оинномавиашон (шарикиашон) ба давлат тааллуқ дорад, ба ҳисоб мераванд.
2. Филиал ва намояндагиҳои корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидории дорои тавозуни (баланси) муҳосибавӣ супорандагони мустақили пардохти мазкур мебошанд.
Моддаи 63(7). Меъёри пардохт
Меъёри пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки 100 фоизи сармояи оинномавиашон (шарикиашон) ба давлат тааллуқ дорад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 63(8). Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт
1. Пардохт аз фоидаи соф аз ҷониби супорандагони он мустақилона ҳисоб ва пардохт карда шуда, мақомоти андоз назорати воридоти маблағҳои мазкурро ба буҷети давлатӣ амалӣ менамоянд.
2. Маблағи пардохт, ки барои ҳар соли ҳисоботӣ ҳисоб ва пардохт карда мешавад, на дертар аз санаи 1-уми июл баъди соли ҳисоботӣ ба буҷети давлатӣ пардохт карда шуда, супорандагони он дар ин мӯҳлат ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба фоидаи софи гирифтаи худ ва маблағҳои пардохти мазкур аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд.
3. Маблағи пардохт вобаста ба шакли моликияти давлатии супоранда (ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ) ба қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ гузаронида мешавад.
4. Маблағи барзиёд пардохташуда баъди баҳисобгирӣ барои пӯшонидани фоизҳо ё барои пардохтҳои оянда ба ҳисоб гирифта ё бо дархости супорандаи пардохт баргардонда мешавад.
5. Тартиби ҳисоб ва пардохт аз фоидаи софро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазораги молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
БОБИ 16(3). ПАРДОХТ БАРОИ СУҒУРТАИ ҲАТМӢ
Моддаи 63(9). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои суғуртаи ҳатмии давлатӣ
1. Пардохт барои суғуртаи ҳатмӣ бо тартиби дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба суғуртаи ҳатмӣ муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдор оид ба назорати суғуртавӣ ва ташкилотҳое, ки бо фаъолияти суғуртаи ҳатмӣ машғул мебошанд, ӯҳдадоранд ҳар се моҳ на дертар аз санаи 1-уми моҳи дуюми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андоз оид ба маблағҳои дар семоҳаи ҳисоботӣ ҷамъоваригардида аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод намоянд.
БОБИ 16(4). ПАРДОХТ БАРОИ МАРКАҲОИ АКСИЗӢ
Моддаи 63(10). Пардохт барои маркаҳои аксизӣ
Пардохт барои маркаҳои аксизӣ дар асоси қоидаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тамғагузорӣ намудани молҳои зераксизӣ ситонида мешавад.
БОБИ 16(5). ПАРДОХТ БАРОИ ДОДАНИ СЕРТИФИКАТҲО АЗ ҶОНИБИ МАҚОМОТИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ, МЕТРОЛОГИЯ, СЕРТИФИКАТСИЯ ВА НОЗИРОТИ САВДО
Моддаи 63(11). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои додани сертификатҳо аз ҷониби мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо
1. Пардохт барои додани сертификатҳо аз ҷониби мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо бо тартиби дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани сертификатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
2. Тақсимоти маблағҳо аз ҳисоби додани сертификатҳо байни Буҷети давлатӣ ва суратҳисоби махсуси мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар соли молиявӣ муайян карда мешавад. Маблағи дар ихтиёри мақомоти мазкур боқимонда, минбаъд тибқи тартиби муқарраргардида таҳти андозбандӣ қарор дода мешавад.
3. Мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи якуми баъди семоҳаи ҳисоботӣ оид ба маблағҳои дар семоҳаи ҳисоботӣ ба буҷети давлатӣ воридгардида аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ба мақомоти андоз ҳисобот пешниҳод менамоянд.
БОБИ 16(6). ПАРДОХТ БАРОИ ИҶРОИ КОРҲО ОИД БА ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМА БАРОИ ВОРИДОТИ ГАЗИ МОЕИ КАРБОГИДРИДӢ
Моддаи 63(12). Муқаррарот вобаста ба ситонидани пардохт барои иҷрои корҳо оид ба додани шаҳодатнома барои воридоти гази моеи карбогидридӣ
1. Пардохт барои иҷрои корҳо оид ба додани шаҳодатнома барои воридоти гази моеи карбогидридӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бевосита ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
2. Воридоти гази моеи карбогидридӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дорои шаҳодатномаи аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ додашуда, инчунин ҳайати кории соҳибтахассус, анборҳои худи ва (ё) иҷоравии нигоҳдории гази моеи карбогидридӣ, нуқтаҳои доимии фурӯш ва воситаҳои интиқол мебошанд, амалӣ карда мешавад.
3. Расмиёти шаҳодатномадиҳӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ ба роҳ монда мешавад.
4. Шаҳодатнома ба мӯҳлати як сол дода шуда, маблағи пардохт низ барои як сол ситонида мешавад.
Моддаи 63(13). Супорандагони пардохт
Супорандагони пардохт шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие мебошанд, ки бо воридоти гази моеи карбогидридӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд.
Моддаи 63(14). Андоза, тартиби ҳисоб ва супоридани пардохт
1. Андоза, тартиби ҳисоб ва супоридани пардохтро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ ӯҳдадор аст ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи якуми баъди семоҳаи ҳисоботи ба мақомоти андоз оид ба маблағҳои ба Буҷети давлатӣ дар се моҳи ҳисоботӣ воридгардида аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод намояд.
3. Маблағи пардохташуда баргардонда намешавад.
БОБИ 16(7). ПАРДОХТ АЗ ҲИСОБИ ҶАРИМАҲОИ СУДӢ ВА ДИГАР ҶАРИМАВУ МУҶОЗОТЕ, КИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ДИГАР ТАТБИҚ НАМЕНАМОЯД
Моддаи 63(15). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт аз ҳисоби ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоте, ки мақомоти давлатии дигар татбиқ менамоянд
1. Маблағи пардохт аз ҳисоби ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоте, ки мақомоти давлатии дигар бо тартиби дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҷаримаҳо ва муҷозот аз ҷониби мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ муқарраргардида татбиқ менамоянд, ситонида мешавад.
2. Маблағи пардохт яквақта буда, мутобиқи меъёрҳои тасдиқгардида ва дар муҳлати пешбинишуда супорида мешавад.
Моддаи 63(16). Супорандагони пардохт
Супорандагони пардохти ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоте, ки мақомоти давлатии дигар татбиқ менамоянд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки нисбати онҳо маблағи ҷарима ва муҷозоти мазкур ҳисоб карда шудааст.
Моддаи 63(17). Тартиби ҳисоб ва супоридани пардохт
1. Пардохт аз ҳисоби маблағи ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоти ҷаримавӣ, ки мақомоти давлатии дигар татбиқ менамоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.
2. Мақомоти судӣ ва мақомоти давлатии дигар, ки маблағҳои ҷаримаҳо ва муҷозотро ҳисоб менамоянд, ӯҳдадоранд ҳар шашмоҳа на дертар аз санаи 15-уми моҳи якуми баъди давраи шашмоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағҳои ҷаримаҳо ва муҷозот дар шашмоҳаи ҳисоботӣ аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод намоянд.
БОБИ 16(8). ПАРДОХТ АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒҲОИ МАХСУСИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ БУҶЕТӢ
Моддаи 63(18). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ
1. Пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қисми маблағҳое мебошад, ки ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ, фурӯши маҳсулот ва иҷрои кор ба даст меоранд.
2. Дастурамал дар бораи истифодабарии маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Манбаи маблағи пардохт ифодаи пулии даромади умумии дар давраи семоҳаи ҳисоботӣ ба ҳисоби махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ воридшуда эътироф карда мешавад.
Моддаи 63(19). Супорандагони пардохт
Супорандагони пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда мебошанд.
Моддаи 63(20). Меъёри пардохт
Меъёри пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар соли молиявӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 63(21). Тартиби ҳисоб ва супоридани пардохт
1. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мутобиқи тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар соли молиявӣ амалӣ карда мешавад.
2. Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ (вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда) ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи якуми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағҳои махсуси худ аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
14 ноябри соли 2016 № 1368