ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАЙТОРӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 октябри соли 2016 № 592
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 ноябри соли 2016 № 298
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 "Дар бораи байторӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 833; с. 2012, №7, мод. 704), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати якум калимаи "рикетсияҳо" ба калимаи "риккетсияҳо" иваз карда шавад;
- сархатҳои сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- бехатарии биологӣ - низоми тадбирҳо ва воситаҳои байторию биологӣ, ташкилӣ ва муҳандисию техникӣ, ки барои ҳифзи объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ, пешбинигардида, ҳайати кормандону пажӯҳишгарон, аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири ангезаҳои иллатзои биологӣ равона гардидаанд, инчунин гузаронидани чорабиниҳо оид ба паст кардани хатари ангезаҳои биологӣ ё заҳрҳои онҳо ба сифати силоҳи биологӣ;
- таҳдид - эҳтимолияти риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ;
- идоракунии таҳдид - тарзу усулҳои амалисозии чорабиниҳои пешгирикунанда, ки барои муайян намудани услубҳои назорати огоҳкунии таҳдид имкон медиҳанд;
- арзёбии таҳдид - мунтазам муайян намудани афзалиятҳои идоракунии таҳдид тавассути арзёбӣ ва муқоисаи дараҷаи он бо стандартҳои қаблан дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ муқарраршуда;
- огоҳкунӣ аз таҳдид - мубодилаи саривақтӣ ва мунтазами иттилооти объективӣ ва хулосаҳо оид ба хатар ва таҳдид, натиҷаҳои арзёбии таҳдидҳо, қарорҳои қабулгардида дар рафти идоракунии таҳдид байни баҳогузорони таҳдид ва шахсоне, ки барои идоракунии таҳдид ва истеъмолкунандагон масъул мебошанд;
- муҳофизати байторию биологӣ - татбиқи амалии принсипҳо ва услубҳои таъмини бехатарии биологӣ, ки барои ҳимояи кормандони соҳа аз таъсири манфии кор дар ташхисгоҳҳои байторӣ (клиникӣ ва пажӯҳишӣ) равона гардидааст;";
- аз сархати понздаҳум калимаҳои "(беҳдошти байторӣ)" хориҷ карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
3. Ба моддаи 3 сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- тасдиқ намудани қоида ва талаботи ягона оид ба бехатарии биологӣ ва муҳофизати байторию биологӣ;
- таҳия ва тасдиқи консепсияҳо ва низоми арзёбии идоракунии таҳдид;".
4. Ба моддаи 4 сархатҳои панҷум, шашум, ҳафтум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- таҳияи қоида ва талаботи ягона оид ба бехатарии биологӣ ва муҳофизати байторию биологӣ;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба паст кардани хатари ангезаҳои биологӣ ё заҳрҳои онҳо ба сифати силоҳи биологӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ваколатдор;
- гузаронидани таҳлилҳо оид ба истифодаи дастовардҳои илмҳои биологӣ дар соҳаи байторӣ;
- татбиқи консепсияҳо ва низоми арзёбии идоракунии таҳдидҳо дар соҳаи байторӣ;".
5. Дар сархатҳои дуюм, шашум, бистуҳаштум, сиюҳафтум, сиюҳаштум, чилусеюм, панҷоҳуякум ва панҷоҳусеюми моддаи 1, сархатҳои чорум, панҷум, ва нуҳуми моддаи 3, дар ном, матн ва сархати сиючоруми моддаи 4, қисми 1 ва сархатҳои дуюм ва шашуми қисми 2 моддаи 5, қисми 6 моддаи 6, қисмҳои 2 ва 6 моддаи 17, қисми 1 моддаи 23, қисми 2 моддаи 29, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 30, қисми 2 моддаи 36, қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 38 ва қисми 1 моддаи 39 калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатии байторӣ", "мақомоти ваколатдори давлатӣ", "Мақомоти ваколатдори давлатии байторӣ", "мақомоти ваколатдори давлатии байтории" ва "Қонуни мазкур" мувофиқан ба калимаҳои "мақоми ваколатдор", "Мақоми ваколатдор" ва "мақоми ваколатдори" иваз карда шаванд.
6. Ба қисми 2 моддаи 5 сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- таъмини мӯътадили арзёӣ, идоракунӣ ва огоҳкунӣ аз таҳдид, назорати бартараф, ихтисор ва кам намудани таҳдид;
- таъмини талаботи бехатарии биологӣ дар соҳаи байторӣ тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор.".
7. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 7 пас аз калимаи "пешниҳодшавандаро" калимаҳои "дар асоси таҳлили таҳдид" илова карда шаванд.
8. Дар моддаи 10:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Стандартҳои байторӣ";
- дар қисми 1 калимаҳои "Стандартҳои сифати чорабиниҳои байторӣ (кор ва хизматрасонӣ)" ва "ҳуқуқии дар соҳаи байторӣ ба соҳибкорӣ машғул" мувофиқан ба калимаҳои "Стандартҳои байторӣ" ва "ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "стандартҳои ҷумҳуриявии сифати чорабиниҳои байторӣ (кор ва хизматрасонӣ)" ба калимаҳои "стандартҳои байторӣ" иваз карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Назорати риояи стандартҳои байторӣ аз тарафи мақоми ваколатдор амалӣ мегардад.".
9. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 14 пас аз калимаи "далелҳо" калимаҳои ", натиҷаҳои таҳлили таҳдид" илова карда шаванд.
10. Қисми 4 моддаи 36 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
14 ноябри соли 2016 № 1364