ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ РӯЗҲОИ ИД"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 октябри соли 2016 № 598
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 ноябри соли 2016 № 296
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 "Дар бораи рӯзҳои ид" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 608; с. 2012, №7, мод. 684, №12, қ.1, мод. 1011, мод. 1012; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 401; с. 2015, №3, мод. 209, №7-9, мод. 706, с. 2016, №5, мод. 371, №7, мод. 619), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаи "танзим" ба калимаи "муайян" иваз карда шавад.
2. Аз матни Қонун калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 2:
- ба сархатҳои дуюм, ҳафтум ва шасту панҷум пас аз калимаи "кормандони" калимаи "мақомоти" илова карда шавад;
- ба сархатҳои сиюм, сию якум, сию сеюм, сию ҳафтум ва чилум пас аз калимаи "кормандони" калимаи "соҳаи" илова карда шавад;
- дар сархатҳои ҳаштодум ва ҳаштоду якум калимаҳои "давлатии соҳаи" ба калимаҳои "давлатӣ оид ба корҳои" иваз карда шаванд.
4. Дар сархатҳои нуҳум ва даҳуми моддаи 3 калимаҳои "давлатии соҳаи" ба калимаҳои "давлатӣ оид ба" иваз карда шаванд.
5. Моддаи 5(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 5(1). Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
14 ноябри соли 2016 № 1362