Замима Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июли соли 1997 № 325
тасдиқ шудааст
Замима Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июли соли 1997 № 325
тасдиқ шудааст
Низомномаи Комиссияи батартибдарорӣ ва танзими муомилоти воситаҳои химиявӣ
Ҳамин Низомнома мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат" ва "Дар бораи Назорати давлатии санитарӣ" бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ таҳия шудааст.
1. Комиссияи батартибдарорӣ ва танзими муомилоти воситаҳои химиявӣ (минбаъд-Комиссияи химиявӣ) фаъолияти худро тибқи қонунгузории ҷорӣ, асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд.
Ба зиммаи Комиссияи химиявӣ тамоми масъулияти ҳолати дорувори химиявие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешавад, истифода ва ҷорӣ мегардад (воситаҳои ҳифзи растаниҳо, нуриҳо, пестицидҳо) гузошта мешавад.
2. Комиссияи химиявӣ дар ҳудуди салоҳияти худ:
низоми ягонаи бақайдгирӣ, санҷиш ва назорати воситаҳои химиявии ҳифзи растаниҳоро муқаррар менамояд;
ҳолати дорувори химиявӣ ва биологиеро, ки дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ истифода мешавад, назорат мекунад;
барои истеҳсол ва фурӯши дорувори химиявӣ ва биологӣ иҷозатномаҳо медиҳад;
бо ташкилотҳои байналхалқӣ, давлатҳои хориҷӣ ва кишварҳои ИДМ оид ба масъалаҳои истифодаи воситаҳои химиявии ҳифзи растаниҳо ҳамкорӣ мекунад;
...