Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "4" ноябри соли 2016, № 470
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТАҲИЯИ ҲУҶҶАТҲОИ ШАҲРСОЗИИ ОБЪЕКТҲОИ АҲАМИЯТИ УМУМИДАВЛАТИДОШТА, КОРҲОИ ТАҲҚИҚОТИЮ ИЛМӢ ДАР СОҲАИ ШАҲРСОЗӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии объектҳои аҳамияти умумидавлатидошта, корҳои таҳқиқотию илмӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ (минбаъд - Тартиб) бо мақсади амалӣ намудани моддаи 12 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
2. Маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии объектҳои аҳамияти умумидавлатидошта, корҳои таҳқиқотию илмӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ (минбаъд - ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ) дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.
3. Тартиби мазкур ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, ки ҳамчун сармоягузор ё фармоишгар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ иштирок мекунанд, татбиқ карда мешавад.
2. ҲУҚУҚ ВА ФУНКСИЯҲОИ МАҚОМИ ТАЪМИНКУНАНДАИ ТАҲИЯИ ҲУҶҶАТҲОИ ШАҲРСОЗӢ ВА ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мақоми таъминкунандаи таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ буда, ҳуқуқҳои зерин дорад:
- таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро интихоб намояд ва барои таҳияи онҳо шартнома бандад;
- ба таҷдид, нашр ва интишори ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ иҷозат диҳад;
- оид ба натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ қарорҳо қабул намояд;
- аз ҳисоби буҷети давдатӣ маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва гузаронидани корҳои илмию-таҳқиқотиро бо дарназардошти хариди таҷҳизоти озмоишӣ, таъмин мекунад;
- пайдарпаии таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро муайян ва тасдиқ мекунад.
3. МАБЛАҒГУЗОРИИ ТАҲИЯИ ҲУҶҶАТҲОИ ШАҲРСОЗӢ ВА ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ
5. Маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои худӣ ва ҷалбнамудаи фармоишгарон, инчунин саҳмгузории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои рушди инфрасохтори муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад.
6. Маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- таҳияи тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи тарҳи банақшагирии рушди қисмҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳудуди ду ва ё зиёда минтақаҳо ва дигар ҳудудҳоро дар бар мегирад;
- таҳияи тарҳи банақшагирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи тарҳи банақшагирии худуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- таҳияи лоиҳаи банақшагирии ноҳия (гурӯҳи ноҳияҳо);
- таҳияи нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин;
- таҳияи лоиҳаи хатҳои сарҳади шаҳр ва шаҳрак;
- таҳияи тарҳи соҳавии рушди ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин;
- таҳияи нақшаи муфассали тарҳрезии шаҳрсозӣ;
- таҳияи лоиҳаи иморатсозӣ;
- гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии фаъолияти шаҳрсозӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, инчунин хариди таҷҳизоти озмоишӣ;
- таҳия ва амалигардонии барномаҳои мақсадноки умумидавлатии рушди минтақаҳои хатарноки экологӣ ва офатҳои экологӣ, мавзеъҳои таърихӣ, инфрасохторҳои иҷтимоӣ, муҳандисӣ ва нақлиётии аҳамияти умумидавлатидошта, дигар барномаҳои мақсадноки умимидавлатӣ, инчунин пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ.
7. Истифодаи маблағҳои давлатӣ барои маблағгузории фаъолияти дигари шаҳрсозӣ дар ҳолате ба роҳмонда мешавад, ки агар азхудкунни ҳудудҳои шаҳрсозӣ манфиатҳои давлатӣ, байниминтақавӣ ё дигар гурӯҳи маҳалҳои аҳолинишинро дар бар гирад.
8. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташаккули дурнамои буҷети ҳарсола ва солҳои оянда ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми муайян кардани буҷети маҳаллӣ бояд маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии маҳалҳои аҳолинишин, гузаронидани корҳои маҷмӯавии муҳандисию тадқиқотӣ, таҳияи нақшаҳои минтақабандии хурди сейсмикии маҳалҳои аҳолинишин, нақшаҳои маҷмӯавии ҳудудии ҳифзи табиат, пешбурди назорати муаллифӣ аз рӯи сохтмони ҷорӣ аз тарафи таҳиягарони лоиҳа ва мониторинги амалишавии нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин, мувофиқакунӣ ва гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро пешбинӣ намоянд.
4. САРЧАШМАИ МАБЛАҒГУЗОРӢ, ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТ, ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУНҲО, МАСЪУЛИЯТ БАРОИ МАҚСАДНОК ИСТИФОДА КАРДАНИ МАБЛАҒҲО, ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБОТ, ҚАТЪ ВА РАД КАРДАНИ МАБЛАҒГУЗОРӢ БАРОИ ТАҲИЯИ ҲУҶҶАТҲОИ ШАҲРСОЗӢ ВА ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ
9. Манбаи маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ гуногун буда, дар Барнома, нақшаҳои дурнамои соҳавӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ пешбинӣ карда мешаванд.
10. Манбаи маблағгузории ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ, ки хусусияти умумиҳатмӣ доранд ва таҳияи он ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ вогузор карда шудааст, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ё ҷалби маблағҳои фармоишгарон муайян карда мешавад.
11. Тартиби мазкур шаффофияти коргузорӣ ва ҳамоҳангсозии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои банақшагирӣ, маблағгузорӣ, таҳия ва амалисозии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро ба танзим медарорад.
12. Тартиби таҳия, ҳисоботсупорӣ ва амалисозии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ муайян карда мешавад.
13. Озмун барои таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.
14. Барои мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳое, ки барои таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ равона гардидаанд, фармоишгар ва иҷрокунанда масъул мебошанд.
15. Муҳлати иҷрои кор, вобаста ба меҳнатталабӣ, тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шартномаи иҷрои корҳо пешбинӣ карда мешавад ва барои дар мухлати муқарраргардида иҷро нагардидани кор, тарафҳо тибқи уҳдадориҳои дар шартнома пешбинишуда масъул мебошанд.
16. Маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар ҳолати ба мақсаду вазифаҳо ва стратегияи соҳаи шаҳрсозӣ мутобиқат накардан, рад карда мешавад.
17. Ҳангоми дар раванди таҳия аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фармоишгари давлатӣ муайян гардидани ҳолатҳои афзалиятнок набудани таҳия, маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ бо пешниҳоди дахлдори Кумита қатъ карда мешавад.