Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 октябри соли 2016, № 429
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ТАШКИЛ, ПУР КАРДАН ВА ПЕШБУРДИ МАХЗАНИ ЯГОНА ОИД БА САНҶИШҲОИ ГУЗАРОНИДАШУДА ВА НИЗОМИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби ташкил, пур кардан ва пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ талаботи асосии бехатариро, ки бояд дар ҷараёни пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ риоя шаванд, муайян менамояд.
2. Барои самаранокии табодули иттилоот байни махзанҳои маълумот ва низомҳои идоракунии мақомоти санҷиши махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ ташкил карда мешавад. Ҳадаф аз ташкил намудани он автоматикунонии ҷараёни ҳамоҳангсозии гузаронидани санҷишҳо байни мақомоти санҷишӣ, ҳамоҳангсозии банақшагирии гузаронидани санҷишҳо, пешгирии такроршавии санҷишҳо, пешгирии вайронкунии муҳлати гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва истифодаи маълумот барои арзёбии таваккалҳо дар ҳар бахш, инчунин назорати риояи қонунгузории соҳаи санҷишҳо ва таҳлили натиҷаи онҳо меборад.
2. ТАЛАБОТ БА ТАШКИЛ, ПУР КАРДАН ВА ПЕШБУРДИ МАХЗАНИ ЯГОНА ОИД БА САНҶИШҲОИ ГУЗАРОНИДАШУДА ВА НИЗОМИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНӢ
3. Мақоми санҷишӣ махзани маълумот ва низоми идоракунии худро таъсис дода, иҷрои уҳдадориҳо оид ба амалӣ гардонидани вазифаҳои назоратиро таъмин менамояд. Дар махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ маълумоти мақомоти санҷиши марбут ба муайян намудани дараҷаи таваккалҳо, оид ба санҷишҳои ба нақша гирифташуда ва санҷишҳои гузаронидашуда, инчунин дигар иттилооти бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" муқарраршуда, ҷойгир карда мешавад.
4. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ қарорро дар бораи сатҳи якҷояшавии низомҳои иттилоотии мақомоти санҷишӣ ба махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда қабул менамояд. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳқиқоти арзёбиро барои расонидани кӯмаки машваратӣ доир ба масъалаи он, ки кадом мақомоти санҷишӣ бояд махзани ягонаи маълумотро истифода намоянд, инчунин сатҳи якҷояшавии низомҳои иттилоотии мақомоти санҷишии дигарро мегузаронад.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мақоми амаликунандаи пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ мебошад.
6. Вобаста ба сатҳи ҳамгироӣ, агар мақоми санҷишӣ низоми иттилоотии худро надошта бошад, он бояд:
- пас аз дастрасӣ ёфтан ба махзани ягона, бо дарназардошти дараҷаи таваккалнокии субъектҳои хоҷагидорӣ, мувофиқаи санҷишҳои нақшавӣ, ташаккули ҳисоботҳо аз рӯи натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда, ба ташаккул ва истифодаи он барои гузаронидани санҷишҳо оғоз намояд;
- низомномаҳои бехатарии иттилоотии муайянкунандаи шартҳои ҳатмиро, ки кормандони мақоми санҷишӣ бояд ҳангоми кор бо махзани ягонаи санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ иҷро намоянд, тасдиқ менамояд.
7. Махзани маълумот аз гурӯҳҳои зерин иборат аст:
- рӯйхати субъектҳои хоҷагидор, ки дорои тамоми маълумоти зарурӣ барои гузаронидани санҷиш мебошад;
- параметрҳои таваккалнокии субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла иттилоот дар бораи таваккали соҳибкорӣ, дараҷаи таваккалнокии объектҳои алоҳидаи (соҳаҳои мухталифи он) ба субъекти хоҷагидории тааллуқдоштае, ки нисбати он санҷнш гузаронида мешавад;
- рӯйхати мақомоти санҷишӣ, аз ҷумла иттилоот дар бораи соҳаҳои таваккалнокие, ки аз ҷониби ин ва ё он мақомоти назоратшаванда, меъёрхри таваккал ва номгӯи масъалаҳои назоратӣ оид ба соҳаҳои дахлдори таваккали мақомоти ҳудудӣ;
- нақшаҳои санҷиши мақомоти санҷишӣ - ҳисоботҳо дар бораи санҷишҳо, аз ҷумла иттилоот дар бораи ҳамаи намудҳои санҷишҳо;
- ҳисоботҳои оморӣ ва таҳлилӣ.
3. ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
8. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикиотон:
- ҷорӣ намудани махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ ва кори муттасили онро таъмин менамояд;
- ҷадвали марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракуниро таҳия менамояд;
- мутобиқи Тартиби мазкур пешниҳоди дастрасиро ба махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда таъмин менамояд.
9. Мақоми ваколатдори амаликунандаи пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани шарту қоидаҳое, ки барои кори мукаммали махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда заруранд, созишнома ба имзо мерасонад. Дар созишнома мубодилаи иттилоот, навсозӣ ва тасдиқи он, инчунин масъалаҳои амнияти иттилоотӣ пешбинӣ карда мешаванд.
10. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ва иҷозатдиҳанда ба мақоми ваколатдори амаликунандаи пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ оид ба ҳуҷҷати иҷозатдиҳии додашуда ва оид ба иҷозатномаи ба субъекти хоҷагидор додашуда, тағйирдодашуда ва бекоркардашуда маълумот медиҳад.
11. Сатхи дастрасӣ ба махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- мақоми ваколатдори амаликунандаи пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ ба ҳамаи маълумот дастрасӣ дорад;
- мақомоти марказии санҷишӣ ба ҳамаи маълумот дар доираи соҳаҳои танзими ин ё он мақомот дастрасӣ доранд;
- мақомоти ҳудудӣ дар доираи ваколатҳояшон ба ҳамаи маълумот дастрасӣ доранд.
12. Шахсоне, ки ба махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ дастрасӣ доранд:
- маъмурони низом - мутахассисоне, ки истифодаи махзани ягонаро таъмин менамоянд;
- кормандони мақоми ваколатдори амаликунандаи пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда, ки татбиқ ва назорати риояи қонунгузӣ дар соҳаи санҷишҳо амалӣ менамоянд;
- кормандони мақомоти санҷишие, ки мутобиқи Тартиби мазкур дорои дастрасӣ ба махзани маълумот мебошанд.
4. ВАЗИФА ВА УҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ
13. Роҳбарони мақомоти санҷишӣ барои фароҳам овардани имкониятҳои техникӣ барои кори кормандони ваколатдор бо махзани ягона масъулияти шахсӣ доранд.
14. Мақомоти санҷишие, ки махзани маълумот надошта, чунин хизматрасониро анҷом медиҳанд, махзани ягона оид ба саиҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракуниро барои мақсадҳои зерин бояд истифода намоянд:
- банақшагирии санҷиш;
- гузаронидани арзёбии таваккалнокии объектҳои инфиродии санҷиш;
- омода намудаии санҷиш ва таъмини шахси мансабдори мақоми саиҷишӣ бо иттилоот дар бораи объектҳои санҷидашаванда;
- мусоидат барои гузаронидани санҷиш;
- идоракунии намунаҳои дар ҷараёни санҷиш гирифташуда;
- идоракунии муроҷиату шикоятҳо.
15. Дар махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракуни ҳисоботҳоро барои мақомоти санҷишӣ ва мақоми маъмурикунанда оид ба масъалаҳои зерин тартиб медиҳад:
- иҷрои нақшаҳои санҷиш;
- пешниҳоди натиҷаҳои санҷиш;
- натиҷаҳои санҷиш;
- ҳисобот дар бораи чораҳои маъмурии андешидашуда;
- ҳисобот дар бораи қоидавайронкуниҳо;
- иттилооти дигари зарурӣ.
16. Махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ ба ҳама дастрас буда, дар сомонаи интернетии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ҷойгир карда мешавад.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
17. Хароҷот оид ба ташкил, пур кардан ва пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ ва хароҷоти дигар вобаста ба ин аз ҳисоби маблағҳои буҷети барои нигоҳдории мақоми санҷишӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва ё дигар маблағҳое, ки истифодаи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.
18. Баҳсҳои бамиёномада вобаста ба пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва ё суд ҳал карда мешавад.