Тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд аз 6 октябри соли 2016 № 419

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "6" октябри соли 2016 № 419тасдиқ шудааст

Тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд

1. Тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд (минбаъд - Тартиби мазкур), дар асоси моддаи 123 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак" бо мақсади ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдакоие, ки бе парастории падару модар мондаанд, таҳия гардида, тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдакони мазкурро муқаррар мекунад.

2. Мақомоти васояту парастори кӯдаконеро, ки бе парастории падару модар мондаанд, ошкор намуда, баҳисобгирии онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкур амалӣ менамоянд.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мутасаддии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ), муассисаҳои табобатӣ, марказҳои солимгардонӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳо (нозирони минтакавии милитсия, хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон, кабулгоҳ-тақсимкунанда барои оворагард ва гадоёни дошташуда), шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳру иоҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, маҳаллаву кӯчаҳо, хешу ақрабо, ҳамсояҳо ва дигар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, ки оид ба кӯдакони бе парастории падару модар монда маълумот доранд, уҳдадоранд фавран ба мақомоти васояту парастории маҳалли зисти воқеии кӯдакон хабар диҳанд.

4. Мақомоти васояту парасторӣ дар муҳлати се рӯз аз лаҳзаи гирифтани чунин хабар уҳдадоранд, ки шароити зисти кӯдаконро санҷида, дар сурати муқаррар намудани ҳолати бепарастор будани кӯдакон, баҳисобгирии онҳоро амалӣ намоянд.

5. Ба ғайр аз мақомоти васояту парасторӣ ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ошкор намудан ва ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, иҷозат дода намешавад.

6. Баҳисобгирии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин сурат мегирад:

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти кӯдак ё ҳуҷҷатҳои дигаре, ки барои муайян намудани шахсияти кӯдак истифода мешаванд (ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи муассисаи тиббии ҷойи таваллуд дода шудааст;

- ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи табиб ва ё корманди миёнаи тиббии муассисаи тиббӣ, ки дар давраи таваллуд ба заи ёрии тиббӣ расонидааст ва ё модар баъд аз таваллуд ба ӯ муроҷиат намудааст ё шахсе, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул аст, ҳангоми таваллуд берун аз муассисаи тиббӣ додааст;

- аризаи шахсе, ки ҳангоми берун аз муассисаи тиббӣ бе кумаки тиббӣ таваллуд ёфтани кӯдак бевосита иштирок намудааст;

- ҳуҷҷатҳо дар бораи ёфт шудан, синну сол ва ҷинси кӯдаки ёфтшуда (партофташуда), ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ, васояту парасторӣ ва ташкилоти тиббӣ дода шудаанд);

- шаҳодатномаи вафоти падару модар ё шаҳодатномаи вафоти падар ё модари ягона;

- забонхати ба тариқи нотариалӣ тасдиқшуда дар хусуси аз кӯдак даст кашидани падару модар;

- маълумотнома ва санади муассисае, ки кӯдаки бе парастории падару модар монда дар он қарор дорад, дар хусуси саркашии падару модар аз тарбияи фарзандон ё аз ҳифзи хуқуқ ва манфиатҳои онҳо, аз ҷумла ҳангоми аз ҷониби падару модар рад кардани гирифтани кӯдакони худ аз муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд;

- ҳалномаи суд дар бораи маҳрум намудани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ, вафотёфта, бедарак ғоиб, ғайри қобили амал ё дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудани падару модар;

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки бе парастории падару модар мондани кӯдакро тасдиқ мекунанд.

7. Баҳисобгирии омории кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, тибқи маълумоти китоби бақайдгирии аввалия оид ба кӯдакони бе парастории падару модар монда сурат мегирад, Сабти маълумоти аввалия метавонад дар шакли электронӣ ба роҳ монда шавад. Тартиби пешбурди китоби бақайдгирии кӯдакони бе парастории падару модар монда ва пешниҳоди маълумоти оморӣ оид ба кӯдакони бе парастории падару модар монда аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

8. Ҳисоботи омории ҷамъбастӣ дар бораи шумораи кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, шакли 103 - Парасторӣ "Ҳисобот дар бораи шумораи кӯдаконе, ки аз парастории падару модар маҳрум мондаанд" (солона) ба ҳисоб рафта, аз тарафи мақомоти васояту парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо таҳия ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва мақомоти омори маҳалли зисти кӯдак пешниҳод мегардад.

9. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи мақомоти васояту парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо пешбурди Махзани ягонаи давлатии маълумот оид ба кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд - Махзани ягона) таъмин мекунад. Тартиби ташкил ва пешбурди Махзани ягона аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян карда мешавад.

10. Ҳангоми тағйир ёфтани вазъи кӯдак (барқарор гардидани ҳуқуқи падару модар, фарзандхонд шудан ва ғайра) иттилооти мазкур дар мӯҳлати як моҳ ба Махзани ягона ворид карда мешавад.

11. Иттилооте, ки ба Махзани ягона ворид мегардад ва дигар иттилоот дар хусуси баҳисобгирии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, сирри хизматӣ буда, дастрасӣ ба он аз ҷониби дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сурат мегирад.

12. Барои риоя накардани муқаррароти Тартиби мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.