Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" октябри соли 2016, № 418
тасдиқ шудааст
СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2023 № 123)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ (минбаъд - Стандарт) сиёсати ягонаи давлатиро дар самти таҳсилоти миёнаи касбӣ муайян ва таъмин намуда, маҷмӯи талаботро ба зинаи мувофиқи таҳсилот муқаррар менамояд.
2. Стандарт дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.
3. Иҷрои Стандарт дар ҳамаи муассисаҳои таълимие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва тибқи тартиби муқаррагардида дорои иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар самти таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд, ҳатмист.
4. Риояи талаботи Стандарт пас аз гирифтани иҷозатнома яке аз омилҳои асосии тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.
2. Мафҳумҳои асосӣ
5. Дар Стандарт мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- барномаи таълимии касбии таҳсилоти миёнаи касбӣ - ҳуҷҷате (маҷмӯи ҳуҷҷатҳое) мебошад, ки мугобиқи талаботи Стандарт мазмуни таҳсилоти миёнаи касбии сатҳи муайянро тибқи ихтисоси мушаххас муайяи мекунад;
- сохтори таҳсилоти миёнаи касбӣ - маҷмӯи аз руӯи таъйинот ва муҳлатҳои гуногуни меъёрии таҳсилоти барномаҳои таълимии касбии таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад, ки зинаи таҳсилоти миёнаи касбиро ифода мекунад;
- Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ - маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту муҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии дониши таълимгирандагонро ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимӣ бо дарназардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунад;
- таҳсилоти миёнаи касбӣ - таҳсилотест, ки дар заминаи таҳсилоти умумин асосӣ, миёнаи умумӣ ё ибтидоии касбии ба талаботи муқаррарнамудаи Стандарт ҷавобгӯ ба роҳ монда шуда, бо аттестатсияи хатм ва ба хатмкунанда додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом) дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба итмом мерасад;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ - ҳуҷҷате мебошад, ки аз тарафи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ё муассисаи таълимие, ки мутахассисони таҳсилоти миёнаи касбиро омода менамояд, бо тасдиқи он дода мешавад, ки соҳиби ҳуҷҷат барномаҳои таълимии касбиро бомуваффақият хатм намуда, ҳуқуқи идомаи таҳсилро дар зинаи дигари таҳсилот дорад ё фаъолияти меҳнатии касбиро мутобиқи дараҷаи ихтисоси соҳибшуда амалӣ намояд.
3. Соҳаи татбиқ
6. Стандарт муқаррар мекунад:
- сохтори таҳсилоти миёнаи касбӣ, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- талаботи умумӣ нисбат ба барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва шароитҳои татбиқ намудани онҳо;
- меьёрҳои умумӣ ва ҳаҷми сарбории таълимии донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- талаботи умумӣ нисбат ба номгӯйи ихтисосҳо (ё самтҳои)-и таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- тартиби таҳия ва тасдиқ намудани талаботҳои давлатӣ нисбат ба ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва дараҷаи тайёр намудани хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳо (ё самтҳо)-и муайяни таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- қоидаҳои назорати давлатӣ аз рӯи риояи талаботи Стандарт.
4. Сохтори таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ
7. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии дорои иҷозатномаи дахлдор аз рӯи барномаи таълимии касбӣ омода намудани мутахассисони зинаи таҳсилоти миёнаи касбиро таъмии менамоянд.
8. Ҳуҷҷатҳои барномаи таҳсилоти миёнаи касбиро стандартҳои тахассусӣ, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, низомномаҳо, тартибҳо ва дастурамалҳо ташкил медиҳанд. Барномаҳои таълимии таҳсилоет миёнаи касбӣ бояд фанҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣиқтисодӣ, табиию риёзӣ, умумикасбӣ, тахассусӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ (касбӣ)-ро дар бар гирад.
9. Таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад дар ду зинаи таҳсилоттаҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ гардад. Муҳлати меъёрии таълим дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ на камтар аз чор сол муқаррар карда мешавад.
10. Барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ омӯзиши на камтар аз 75 фоизи барномаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар бар мегирад. Муҳлати меъёрии таҳсил дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ то се сол ва барои шахсоае, ки муассисаҳои таълимии соҳаи тиб ва фарҳаигро мувофиқи хусусияти ихтисосашон хатм менамоянд, то чор сол муқаррар карда мешавад.
11. Барои ихтисосҳое, ки ба гуруҳи "Санъат ва фарҳанг" ва "Омӯзгорӣ" мансуб мебошанд, мақоми ваколатдори давлатие, ки гурӯҳи ихтисосҳои мазкур тибқи тартиби муқарраргардида ба он вобаста карда шудааст, дар мувофиқа бо мақоме, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ менамояд, метавоиад муҳлати меъёрии таълими дигарро муқаррар намояд.
12. Барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо аттестатсияи хатми давлатӣ ҷамъбаст шуда, ба хатмкунанда додани дараҷаи тахассуси мувофиқ, ки дар ҳуҷҷати намунаи давлатӣ ифода меёбад, ба итмом мерасад.
13. Шакли ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби мақоми давлатие, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ менамояд, муқаррар карда шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
5. Талаботи умумӣ ба барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва шароитҳои татбиқ намудани онҳо
14. Барномаҳои таълимии касбии таҳсилоти миёнаи касбӣ бояд аз инҳо иборат бошанд:
- фанҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ;
- фанҳои таббию риёзӣ;
- фанҳои тахассусӣ;
- таҷрибаи истеҳсолӣ (касбӣ).
15. Барои ихтисосҳои мансуб ба гуруҳҳои "Гуманитарӣ-иҷтимоӣ", "Омӯзгорӣ", "Тиббӣ", "Санъат ва фарҳанг", "Иқтисод ва идоракунӣ", "Техникӣ-технологӣ" шакли омӯзиши фанҳои бахши 1-2 бо талаботи давлатӣ ба мазмуну мундариҷаи ҳадди ақал (минимум) ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон тибқи ихтисосҳои мувофиқ, муқаррар карда мешавад.
16. Талаботи ҳатмии ҳадди ақалли (минимум)-и азхудкунии мазмуни барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси ҷузъи Стандарт, ки талаботи давлатиро нисбат ба ҳадди ақалли (минимум)-и мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмқунандагон муқаррар намудааст, ба роҳ монда мешавад.
17. Барномаҳои таълимии касбии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар баробари фанҳои ҳатмӣ, бояд дар худ фанҳоро бо интихоби донишҷӯён низ дар бар гиранд.
18. Таҳсил аз рӯи барномаи таълимии касбӣ бо муҳлати ихтисоршудаи таълим дар нисбати муҳлати меъёрӣ бо дарназардошти дараҷаи таҳсилоти қаблии таълимгиранда иҷозат дода мешавад.
6. Меъёрҳои умумии сарбории таълимии донишҷӯи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
19. Ҳадди ниҳоии ҳаҷми сарбории таълимии донишҷӯён дар низоми анъанавӣ бо тамоми шаклҳои корҳои таълимии синфӣ ва берун аз синфӣ дар як ҳафта бояд аз 54 соат зиёд набошад.
20. Сарбории донишҷуёни шӯъбаи рӯзона дар як ҳафта дар дарсҳои таълимии омӯзгорон набояд аз 36 соати таълимӣ ва дар шакли шабонаи таълим набояд аз 20 соат зиёд бошад. Сарбории донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи соҳаи фарҳанг мувофиқи хусусияти ихтисосашон дар як ҳафта дар дарсҳои таълимии омӯзгорон то 42 соати таълимӣ ва дар дарсҳои таълимии машғулиятҳои инфиродӣ то 18 соати таълимӣ муқаррар карда мешавад.
21. Дар шӯъбаи ғоибонаи таълим ба донишҷӯён имконият дода мешавад, ки дар давоми соли таҳсил дар ҳаҷми на камтар аз 160 соат машғулият гузаранд.
22. Дар иизоми кредити тамоми шаклҳои корҳои таълимии аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ бо кредитҳо андоза карда мешаванд. Ҳаҷми 1 кредит (як 1-нишондиҳандаи таълим) ба 24 соати академӣ баробар мебошад. Як соати академӣ дар низоми кредитии таҳсилот ба 50 дақиқа баробар аст.
23. Сарбории таълимии донишҷӯён дар низоми кредитӣ дар тамоми шаклҳои корҳои таълимии аудиторӣ ва кори мустақилона дар як ҳафта бояд аз 2 кредит зиёд набошад.
24. Сарбории донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона дар як ҳафта дар дарсҳои таълимии омӯзгорон набояд аз 1,5 кредит ва дар шакли шабонаи таълим набояд аз 1 кредит зиёд бошад.
25. Барои донишҷӯён дар давоми соли таҳсил на камтар аз ду маротиба бо давомнокии зиёда аз 7 ҳафта, аз ҷумла, дар мавсими зимистона на камтар аз 2 ҳафта таътил муқаррар карда мешавад.
26. Теъдоди донишҷӯёни гурӯҳи таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи шакли рӯзона, ғоибона ва шабонаи таълим 24 нафар, барои ихтисосҳои тиббӣ ва фармасевтӣ 16 нафар ва барои соҳаи санъат аз фанҳои тахассуси 1-10 нафар муқаррар карда мешавад.
27. Ҳангоми гузаронидани корҳои лабораториву амалӣ, машғулиятҳои таълимӣ аз фанҳои забонҳои хориҷӣ, технологияи информатсионӣ, технологияи меҳнат, инчунин дар дарсҳои расмкашӣ (ихтисосҳои архитектура ва бадеӣ), барои як қатор фанҳои дигари таълимии соҳавӣ, иҷрои корҳои курсӣ (лоиҳаҳои курсӣ) ва таълими истеҳсолӣ дар устохонаҳо (машқгоҳҳо, хоҷагиҳо) гуруҳи таълимӣ ба зергуруҳҳои теъдодашон на зиёдтар аз 10-12 нафар ҷудо карда мешавад.
7. Талаботи умумӣ ба номгӯи ихтисосҳо (ё самтҳо)-и таҳсилоти миёнаи касбӣ
28. Номгӯи ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, самтҳои мавҷуда ва ояндадори иқтисодиёт, техникӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва соҳаи хизматрасониро дар бар мегирад.
29. Номгӯи ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар карда шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
30. Номгӯи ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қисми таркибии Стандарт буда, "Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" номида мешавад.
31. Гурӯҳи ихтисосҳо дар Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рамзи рақамии 2 муайян карда мешавад.
8. Тартиби таҳия ва тасдиқи Талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақалли (минимуми) мазмун ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳои мушаххаси таҳсилоти миёнаи касбӣ
32. Талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақали (минимум)-и мазмун ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳои мушаххаси таҳсилоти миёнаи касбӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
33. Талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақали (минимум)-и мазмун ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳои мушаххаси таҳсилоти миёнаи касбӣ қисми таркибии Стандарт буда, "Стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ. Талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақалли (минимуми) мазмун ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон" номида мешавад.
34. Стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи ҳар як ихтисос коркард карда шуда, бояд ҷанбаҳои зеринро фаро гирад:
- соҳаи истифодабарӣ;
- ихтисорҳои истифодашаванда;
- тавсифи равияи омодагӣ;
- тавсифи фаъолияти касбӣ:
- талабот ба натиҷаҳои азхудкунии барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- талабот ба сохтори барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- талабот нисбат ба коркард ва шартҳои татбиқи барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- арзёбии сифати азхудкунии барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ.
35. Мавзӯъ ва мундариҷаи ҳар як фанни таълимӣ бояд тавре муайян карда шавад, ки дар баробари пурра азхуд намудани, барномаи таълимии онҳо сатҳи мустақилиятнокӣ, қобилият, малакаю маҳорат ва донишҳои назариявии донишҷӯ ташаккул ёбад.
9. Қоидаҳои назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Стандарт
36. Назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Стандарт аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф якҷоя бо мақомоте, ки дар тобеашон муассисаҳои таҳсидоти миёнаи касбӣ доранд, ба амал бароварда мешавад.
37. Дар ҳолати аз тарафи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ риоя нагардидани талаботи Стандарт тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба он чораҳо андешида мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2016 № 418
тасдиқ шудааст
Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замима