Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007 № 456 "Оид ба таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ "Тоҷикдипсервис" дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ "Тоҷикдипсервис" дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияту иқомати намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои хориҷии ба онқо ҳамрадиф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини маҷмӯи хизматрасонӣ дар асоси стандартҳои байналмиллалӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ "Тоҷикдипсервис"-ро таъсис диҳад.

2. Ба Нақшаи идоракунии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 593 "Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ "Тоҷикдипсервис" илова карда шаванд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ "Тоҷикдипсервис"-ро таҳия ва тасдиқ намуда, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирӣ пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Э. Раҳмонов

аз 31 августи соли 2007 № 456

ш.Душанбе