Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ
Мутобиқи моддаҳои 12 ва 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ аз Нақшаи идоракунии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуда, ба сохтори Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, № 187 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
а) дар банди 2 қарор рақами "1481" ба рақами "1468" иваз карда шавад;
б) дар замимаи 1 "Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон":
- аз банди 2 калимаҳои "Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ," хориҷ карда шаванд;
- аз банди 5 сархати сию дуюм "-анҷом додани назорати давлатии риояи талаботи қонунгузории суғурта аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои суғуртавӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои суғурташавандагон, суғуртакунандагон ва давлат;" хориҷ карда шавад;
- аз банди 6 сархати чилу якум "- бақайдгирии ташкилотҳои суғурта ва додани иҷозатномаро ба суғуртакунандагон барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти суғурта, пешбурди Феҳристи давлатии ташкилотҳои суғурта ваназорати риояи қонунгузорӣ оид ба суғуртаро аз ҷониби ташкилотҳои суғуртакунанда анҷом медиҳад;" хориҷ карда шавад;
- аз сархати дуюми банди 12 калимаҳои "Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ", сархати сеюм калимаи "хадамоту", сархати шашум калимаҳои "хадамот ва", сархати нуҳум калимаҳои "хадамот ва" ва аз сархати даҳум калимаи "хадамоту" хориҷ карда шаванд;
в) аз замимаи 3 "Нақшаи идоракунии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархати шашум "Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ" хориҷ карда шавад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон:
- масъалаҳои ташкил ва ҷобаҷогузории кадрҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҳал намояд;
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз қарори мазкур бармеоянд, дар муҳлати ду моҳ таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.
4. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 октябри соли 2016 № 408
ш.Душанбе