×

Тартиби амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳо дар доираи механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон аз 27 июли соли 2016 № 327

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" июли соли 2016, № 327

тасдиқ шудааст

Тартиби амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳо дар доираи механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳо дар доираи механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон (минбаъд - Тартиб) мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон" таҳия шудааст ва тартиби ошкорсозӣ, бозравонӣ, тавонбахшӣ ва реинтегратсияи қурбониёни савдои одамон, ҳамкории мақомоти ваколатдор, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ оид ба танзими муносибатҳо бо қурбониёни савдои одамон, инчунин бо муассисаҳои махсусгардонидашударо муайян менамояд.

2. Тартиби мазкур чорабиниҳоро оид ба татбиқи ҳифз ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон, муҳоҷирони осебпазирро муайян менамояд, инчунин мавҷудияти чунин ҷузъҳоро, ба монанди пешниҳоди кӯмаки бечуну чаро ба қурбониён дар давраи муоина, пешниҳоди мақоми махсуси ҳимоя дар тӯли тамоми давраи тафтишоти ҷиноятӣ, риояи маҳрамият, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва ғайра пешбинӣ менамояд.

3. Тартиби мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон асос меёбад.

4. Мақсади асосии Тартиби мазкур аз таъмини самараноки риояи ҳуқуқи қурбониёни савдои одамон ва бозравонии онҳо барои расонидани маҷмӯи кӯмакҳо ва хизматрасониҳо, инчунин такмилдиҳии сиёсати миллӣ ва расмиёти ба қурбониёни савдои одамон дахлдошта, аз он ҷумла муқаррароти меъёрӣ оид ба истиқомат, дар кишвар ва репатриатсия (бозгардонӣ ба ватан), ба қурбониён пардохтани ҷубронпулиҳо ва ҳифзи шоҳидон, инчунин таҳияи нақшаҳои миллии амалҳо ва муайян намудани нишондиҳандаҳои назорати барои арзёбии ноилгардии ҳадафҳои гузошташуда иборат мебошанд.

5. Субъектҳои давлатие, ки муқовимат ба савдои одамонро анҷом медиҳанд ва ба қурбониёни савдои одамон кӯмак мерасонанд, ӯҳдадориҳои худро оид ба ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни савдои одамон дар ҳамоҳангӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иҷро мекунанд.

2. Принсипҳои асосии механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон

6. Субъектҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ оид ба расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ӯҳдадоранд принсипҳои асосии зеринро риоя намоянд:

а) дастгирии бечуну чарои қурбониёни савдои одамон - яъне ҳамаи қурбониёни савдои одамон ба дарёфти дастгирӣ дар чорчӯбаи қонунгузорӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва Тартиби мазкур бевосита баъди ошкор гардидани онҳо ҳуқуқ доранд;

б) амният ва ҳифзи қурбониёни савдои одамон:

- критерияи муайянкунии қурбониёни савдои одамон;

- критерия ва стандартҳои пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон.

Чораҳои расонидани кӯмак, ки дар Тартиби мазкур пешбинӣ гардидаанд, баъди арзёбии ҳамаҷонибаи хавфҳо анҷом дода мешаванд;

в) махфият ва ҳифзи маълумоти шахсӣ оид ба қурбониёни савдои одамон - яъне тамоми тадбирҳои дастгирӣ мутобиқи қоидаҳои махфияти қатъӣ, ки роҳҳои нигоҳдорӣ ва таҳвили иттилоот оид ба ҳолатҳои савдои одамонро муайян менамоянд, анҷом дода мешаванд. Ташкилотҳое, ки қурбониёни савдои одамонро дастгирӣ менамоянд, бояд қурбониёнро аз мақсадҳои ҷамъоварии иттилооти шахсии онҳо, инчунин дар бораи усулҳои истифодаи ин иттилоот ва ҳуқуқи худ ба дастрасӣ ба он дар ҳар вақт, хабардор созанд. Иттилооти шахсӣ оид ба қурбонии савдои одамон танҳо бо розигии худи қурбониён ва танҳо ба он мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое пешниҳод карда мешавад, ки бо қурбониён кор мекунанд. Иттилооти пешниҳодшаванда бояд маълумоти ҳадди ақали барои анҷомдиҳии чорабиниҳои амниятӣ ва расонидани кӯмаки зарурбударо дар бар гирад. Ба ин иттиллоот набояд маълумоте дохил шавад, ки вобаста ба он дар оянда қурбонии савдои одамон таҳти таҳдид ё табъиз қарор дода мешавад (масалан, иттиллоот дар бораи бемориҳое, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд ва дигар ҳолатҳо; маълумот дар бораи оила, иттилоот оид ба ҳолатҳои пештараи зӯроварӣ) ё маълумоти марбут ба кори мушаххас бо қурбониёни савдои одамон;

г) муносибати ғайритабъизӣ нисбати қурбониёни савдои одамон - субъектҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ӯҳдадоранд нисбати қурбониёни савдои одамон беғаразона сарфи назар аз асли нажодӣ ё этникӣ, ҷинс, тамоюли ҷинсӣ, синну сол, эътиқод ва расму оини динӣ, ақидаҳои сиёсӣ, баромади иҷтимоию фарҳангӣ, таассуби марбут ба далелҳои истисмор ва таҳқири онҳо муносибат кунанд;

д) ҳифзи манфиатҳои қурбониёни савдои одамон - манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон ҳамеша аз манфиатҳои корманд, мутахассис ё ташкилоте, ки ба қурбониён ёрӣ мерасонанд, бартарӣ доранд;

е) иштироки курбониёни савдои одамон дар қабули ҳамаи қарорҳои дахлдор - ҳамаи қурбониёни болиғи савдои одамон худашон ҳал мекунанд, ки чӣ манфиати асосии онҳо мебошад. Ҳамаи чораҳои дастгирӣ бояд ба фаҳмиши он асос ёбанд, ки қурбониёни савдои одамон эҳтиёҷоти оҷил ва ҳолатҳои ҳаётии худро аз дигарон беҳтар медонанд. Чунин чораҳо дастгириро ҳангоми қабули қарорҳо ва мувофиқасозии нақшаҳои амал, бо дарназардошти пурра ба инобат гирифтани мустақилияти қурбониёни савдои одамон, пешбинӣ менамоянд;

ё) розигии огоҳона ва пешниҳоди иттилооти воқеӣ ба қурбониёни савдои одамон - тамоми чораҳои пешбининамудаи Тартиби мазкур бо розигии қурбониёни савдои одамон анҷом дода мешаванд, баъд аз ин онҳоро дар бораи ҳуқуқҳои онҳо, амалҳои имконпазир барои дасттирии онҳо ва оқибатҳои эҳтимолӣ барои қурбониён ва оилаҳои онҳо хабардор месозанд. Иттилоот ба таври дастрас ва фаҳмо пешниҳод карда мешавад. Ташкилоте, ки васояти шахси қурбониро ба ӯҳда, дорад, набояд интизориҳои (умедвориҳои) бардурӯғро ба вуҷуд орад ё ваъдаҳое диҳад, ки аз воқеияти расонидани ёрӣ дур мебошанд;

ж) муомилаи инфиродӣ нисбати қурбониёни савдои одамон - муносибат нисбати ҳар як қурбонии савдои одамон бояд инфиродӣ, мутобиқ бо манфиатҳо, эҳтиёҷоти ӯ ва ҳолатҳо бошад. Барои ҳар як қурбонии савдои одамон нақшаи алоҳидаи тавонбахшӣ ва реинтегратсия, ки чораҳои дастгирии мутобиқ ба эҳтиёҷоти мушаххас, вазъи саломатӣ ва рӯҳ, таҷрибаи ҳаётии ӯ ва захираҳои бартарафсозии оқибатҳои савдои одамонро дар бар мегирад, тартиб дода мешавад;

з) дастгирии рӯҳии қурбониёни савдои одамон - ҳолати рӯҳии қурбониёни савдои одамон ба рафтори онҳо ва қобилияти қарор қабул кардан ва муайян намудани нақшаҳои ояндаи худ таъсири бевосита мерасонад. Қурбониёни савдои одамон тавассути ҳамкорӣ бо ташкилотҳое, ки ёрӣ мерасонанд, дастгирии рӯҳи мегиранд. Ба ин фаҳмиши шахси курбонӣ, муносибати некхоҳона ва эҳтиром нисбати ӯ ва шаъну эътибори ӯ, эътирофи таҷрибаи ӯ, ба ӯ талқин кардани ҳисси бехатарӣ, дастгирии ҷонибҳои қавии шахси қурбонӣ, эҳтиром нисбати озодии интихоби ӯ ва ташвиқи мустақилияти ӯ ва ғайра мансубанд;

и) муносибат на ҳамчун ба қурбонӣ - қурбониёни савдои одамон барои таҷрибае, ки дар вазъияти вобаста ба савдои одамон андӯхтаанд, ҷавобгар намебошанд. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ фаъолияти ҷинояткоронаеро, ки онҳо ба он ҷалб шуда буданд, "барнаангехтаанд";

к) эҳтиром нисбати дарду аламҳои қурбониёни савдои одамон - муносибат нисабати қурбониёни савдои одамон бояд ба дарку фаҳмиши оқибатҳои зӯроварӣ ба ҳаёт ва шахсияти онҳо асос ёбад. Аксуламал. нисбати зӯроварӣ ва зарбаи рӯҳӣ барои ҳар як инсон гуногун аст ва метавонад чунин ҳиссиёт, ба монанди ҳисси тарс, хашму ғазаб, нотавонӣ оҷизӣ (депрессия), нобоварӣ ба одамон, ноустувории кайфияти рӯҳӣ ва ғайраро ба миён орад. Кормандон, мутахассисоне, ки васояти қурбониёнро ба зимма доранд, бояд нисбати чунин аксуламал таҳаммулпазирӣ ва фаҳмиш зоҳир намоянд;

л) таваҷҷуҳи махсус нисбати манфиатҳо ва некуаҳволии кудакони қурбонии савдои одамон - манфиатҳои кӯдакон нисбат ба манфиатҳои кормандон, мутахассисон ва ташкилотҳое, ки ба онҳо ёрӣ мерасонанд, афзалияти муҳимтар ҳисобида мешаванд. Кӯдакон бояд барои изҳори хоҳишҳо, ҳиссиёт ва ташвишҳои худ дар тамоми марҳилаҳои раванди дастгирӣ бо дарназардошти синну сол ва дарки вазъият иттилоот ва имконияти кофӣ дошта бошанд. Ҳамчунин дар вақти кор бо қурбониёни савдои одамон субъектҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ ӯҳдадоранд дигар принсипҳоеро, ки дар қонунгузорӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва дар санадҳои байналмилалии ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, риоя намоянд.

3. Субъектҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, ки ба савдои одамон муқовимат нишон медиҳанд ва ба қурбониёни савдои одамон кӯмак мерасонанд ва ҳамкории онҳо

7. Бо мақсади пешгирӣ кардани савдои одамон, мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ, бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирии савдои одамон, пешниҳоди ҳимоя ва кӯмак ба қурбониёни он, ҳамоҳангсозии корҳои профилактикӣ дар ин самт мутобиқи моддаҳои 7, 8, 9, 10 ва 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон" ҳамкорӣ менамоянд.

8. Бо мақсади ноил гардидан ба натиҷаҳои самарабахши кор оид ба масъалаҳои расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон, ҳамкорӣ бо субъектҳои давлатӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байниидоравии аз ҷониби субъектҳои давлатӣ тасдиқ ва мувофиқашуда, ки таҳти роҳбарии Комиссияи байниидоравӣ таҳия карда мешаванд, анҷом дода мешавад.

9. Дар сурати муроҷиат ва бо розигии пешакии қурбонии савдои одамон, субъектҳои муқовимат ба савдои одамон шахси қурбониро ба ташкилотҳои дахлдор барои расонидани кӯмаки зарурӣ бозравонӣ мекунанд.

4. Тарз ва усулҳон айнияткунонии қурбониёни савдои одамон

10. Айнияткунонии қурбониёни савдои одамон қадами аввал дар татбиқи Тартиби амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳо дар доираи механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон мебошад. Мақсади айнияткунонии қурбониёни савдои одамон пешниҳоди дастрасии кафолатнок ба хизматрасониҳои мавҷудаи дастгирии психологию иҷтимоии шахси қурбонӣ ва ҳамгироии дубораи (реинтеггратсияи) он мебошад.

11. Икдоми ғайрирасми аз ҷониби кормандони сохторҳои мухталифи ваколатдор ва ташкилотҳои ғайридавлатии аввалин иртиботкунанда бо шахси қурбонӣ анҷом дода мешавад. Баъди айнияткунонӣ дастрасии бевоситаи шахси қурбонии савдои одамон ба барномаҳои дастгирӣ ва хизматрасониҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкур пешбинӣ намудаанд, амалӣ карда мешавад.

12. Иқдоми расмӣ - ин айнияткунониест, ки бо он мақомоти ҷалбгардидаи ваколадори ба омодагии тосудӣ ва дар назди худ мақсади оғози тафтиши ҷиноятиро гузошта, машғуланд. Қурбониро ҳангоми аввалин бор рӯ ба рӯ шудан (масалан, дар вақти тафтишҳои ногаҳонӣ, кор дар маҳалҳо, вақте ки шахси қурбонӣ барои кӯмак ба рақами телефони боварӣ занг мезанад ва ғайра), инчунин, вақте ки шахси қурбониро ба дигар ташкилот бозравонӣ мекунанд, ошкор кардан зарур аст.

13. Айнияткунонӣ бо дарназардошти омилҳои зерин анҷом дода мешавад:

- натиҷаҳои ибтидоии сӯҳбати ғайрирасмӣ бо қурбонии савдои одамон;

- мушоҳидаҳо ба рафтор ва намуди зоҳирии шахси қурбонӣ;

- иттилооте, ки шахси қурбонӣ пешниҳод кардааст;

- мулоҳизаҳо ва таҳлили ҳолатҳое, ки шахси қурбонӣ дар онҳо қарор гирифтааст;

- худмуайянкунии қурбонии савдои одамон.

14. Нишондиҳандаҳои муайянкунии қурбониёни савдои одамон пешниҳод мегарданд, ки онҳо дар раванди айнияткунонӣ истифода мешаванд ва ҷуъзи ҷудонопазири Тартиби мазкур мебошанд (замимаҳои №1, №2 ва №3).

15. Ба муайянкунии шахсияти қурбонии савдои одамон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғул мешаванд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд шахсияти қурбониро бо ташаббуси худ ҳангоми тафтиши ҷиноятҳо ё тафтиши шахсият, маҳалли истиқомат ё бо хоҳиши дигар мақомоти давлатӣ муайян кунанд.

16. Шахси қурбониро ҳамчунин тавассути баёноти шоҳидии дигар одамоне, ки шахсияти онҳо аллакай муқаррар карда шудааст ва онҳое, ки шахси қурбониро мешиносанд, ё ин ки ба туфайли дигар маълумотҳои ҷамъоваришудаи боэътимод муайян мекунанд.

17. Агар ташкилоти ғайридавлатии ба ошкорсозии қурбониёни мазкур машғулбуда чунин ваколатро надошта бошад (масалан, ташкилоти ҷамъиятӣ), он ҳарчи зудтар бо ташкилотҳои дахлдор алоқа мекунад. Маълумотҳо аз манбаъҳои иттиллоотӣ оид ба ҳуҷҷатҳое, ки шахсиятро тасдиқ мекунанд ва онҳо дар Тоҷикистон дода шудаанд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

18. Баъди айнияткунонии шахсият ба қурбонии савдои одамон лозим аст, ки дар бораи имконияти истифодаи давраи фикру мулоҳиза тавассути шахсони зерин хабар диҳад:  мутахассисоне, ки шахси қурбониро ошкор намудаанд;

- мақомоти ваколатдоре, ки тафтишоти то судиро анҷом медиҳанд;

- машваратчиён ва кормандони муассисаҳои (марказҳои) махсусгардонидашуда ва дигар пешниҳодкунандагони хизматрасониҳо, ки қурбонии савдои одамон баъди муайян шудан ба он ҷо бозравонӣ шудааст.

19. Хабардор намудани қурбонии савдои одамон дар бораи давраи мулоҳиза, инчунин дар бораи дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ӯ дар рафти мусоҳиба бо мақсади баҳодиҳии хавфҳои шахси қурбонӣ ва муайянкунии эҳтиёҷоти таъхирнопазири ӯ низ амалӣ мегардад.

20. Агар шахси қурбонии айниятгардида кӯдак бошад, он гоҳ дар ин бора дар мӯҳлати 24 соат ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар додан зарур аст. Дар чунин ҳолат истифода кардани механизми бозравонӣ, васоят ва ҳифзи кӯдакон бе ҳамроҳикунӣ ва бозгардонии кӯдакон қурбониёни савдои одамон аз хориҷа зарур мебошад. Баъди ба анҷом расидани давраи иқомат дар маркази бӯҳрони (аз як то шаш моҳ) кӯдак ба оилаи худ баргардонида мешавад ё дар муассисаҳои дахлдор ҷойгир карда мешавад, агар дар оила имконияти зарурӣ барои нигоҳубинӣ ӯ вуҷуд надошта бошад.

21. Айнияткунонии қурбониёни хориҷии савдои одамон дар тамоми марҳилаҳои кор бо онҳо анҷом дода мешавад. Дар марҳилаи аввал онҳоро метавонанд кормандони хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ошкор намоянд, баъдан мақомоти ваколатдоре, ки ба масъалаҳои иқомат дар кишвар машғуланд ва барои онҳо масъулияти бевосита доранд мақомоти оид ба муҳоҷират ё сохторҳои оид ба корҳои гурезаҳо.

22. Шаҳрвандони хориҷие, ки қонунӣ ба кишвар ворид шудаанд ва дар он иқомат доранд, мумкин аст қурбониёни савдои одамон гарданд. Дар ҳолате ки, агар қурбонии савдои одамон шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрвандӣ, гуреза ё шахси паноҳгоҳҷӯянда мебошад ва забони давлатиро хуб намедонад, таъмин намудани тарҷумаи шифоҳӣ бо ёрии тарҷумонҳое, ки пешакӣ бо мавзӯи ҷиноятҳо дар соҳаи савдои одамон шинос мешаванд ва ба онҳо дар бораи муносибати таҳаммулпазирона нисбати қурбониён ва зарурати ҳифзи махфият дастурҳо дода мешавад, зарур мебошад.

23. Шарики асосӣ дар раванди ошкорсозии қурбони шахс ё ташкилоте (дар сурати вуҷуд доштани чунин ташкилот) мебошад, ки дар бораи қурбонӣ иттилооти ибтидоӣ пешниҳод менамояд. Кормандони мақомоти ваколатдор қурбонии савдои одамонро дар ҷараёни кори худ ошкор менамоянд. Айнияткунонӣ нисбати он одамоне сурат мегирад, ки қурбониёни тасдиқгардида ё эҳтимолии савдои одамон буда, худашон худро чунин шахс номидаанд ё онҳое, ки дигар мақомот ё ташкилотҳо онҳоро қурбонӣ номидаанд.

24. Қурбониёни савдои одамон метавонанд дар ҷараёни ҷустуҷуи фаъолонаи иттилоот оид ба дигар гурӯҳҳои осебпазир, ба монанди гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ногувор ошкор карда шаванд. Қурбониёни савдои одамон мумкин аст аз ҷониби кормандони консулгариҳо ҳангоми ба консулгарӣ муроҷиат кардани онҳо ошкор карда шаванд. Чунин навъ иттилоот ҳамчунин метавонад аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимити давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё ташкилотҳои ғайридавлатӣ низ ворид гардад.

25. Қурбониёни савдои одамонро баъди хабардор кардани худи қурбониёни савдои одамон, ё хешовандони онҳо, ё ин ки мутахассисон ва шаҳрвандоне, ки аз ин ҳолат хабардор шудаанд, ошкор кардан мумкин аст. Хати телефони боварии сохтори ваколатдор шабонарӯзӣ кор мекунад.

26. Баҳодиҳии хавфҳо раванди муттасил буда, он аз ошкорсозии қурбонии савдои одамон оғоз мегардад ва дар марҳилаҳои тафтишот, таъқиби ҷиноятӣ ва ҳамгироии дубораи шахси қурбонӣ идома меёбад. Дар лаҳзаи муайянкунии қурбонии савдои одамон баҳодиҳии хавфҳо бо дарназардошти таҳдидҳои бевосита барои саломатӣ ва ҳаёти шахси қурбонӣ, аз он ҷумла чунин ҷузъҳо, ба монанди эҳтиёҷот ба кӯмаки тиббии оҷил, таҳдиди савдои такрории одамон, инчунин таҷрибаи ҳозира ва гузаштаи зӯроварӣ тартиб дода мешавад.

27. Ҳангоми айнияткунонии қурбонӣ ба баҳодиҳии хавфҳо масъалаҳои боиси ташвиши худи шахси қурбонии савдои одамон ва баҳодиҳии воқеии мусоҳибгар дохил карда мешаванд. Баҳодиҳии хавфҳо дар ҷараёни мусоҳибаи ибтидоӣ бо қурбонии савдои одамон тартиб дода мешавад, ки дар ҷойи бехатар ва дар ҷое, ки қурбонӣ наметарсад сухан гӯяд, гузаронида мешавад. Дар ҳолате ки бо сабаби эҳсосоти зиёди рӯҳӣ ё бо дигар сабабҳо қурбонии савдои одамон сухан гуфта наметавонад ва чораҳои фаврӣ заруранд, ки бехатарии ӯ таъмин карда шавад, баҳодиҳии хавфҳои шахсе, ки бо қурбонӣ дар тамос шудааст, метавонад танҳо ба мушоҳидаҳои воқеии ҳолати саломатии шахси қурбонӣ асос ёбад.

28. Мусоҳиба дар аввалин лаҳзаи мувофиқ гузаронида мешавад ва бояд инҳоро муайян кунад:

- оё қурбонии савдои одамон ягон мушкилоти саломатӣ ё, ки дахолати таъҷилиро талаб мекунад, дорад (дард ё дигар нишонаҳои иллатҳои ҷисмонӣ, захмҳо, аксуламали шадид ба садамаи рӯҳӣ, зуҳуроти ғазаб, бадбинӣ, доду фарёди доимӣ, ҳолати садамот, карахтӣ ва ғайра, аломатҳои шадиди бемории музмин, маҳдудиятҳои ҷисмонӣ, ҳолати ба ҳаёт таҳидидкунанда ва ғайра);

- таҳдиди зуроварӣ ё ретсидиви савдои одамон вуҷуд дорад, аз ҷумла ба қурбонии савдои одамон таҳдиди қасос гирифтан мекунанд, ба оила ва хешовандони қурбонии савдои одамон таҳдид мекунанд, қурбонии савдои одамонро таъқиб мекунанд, қурбонии савдои одамон дар атрофи худ одамони шубҳанокро мушоҳида кардааст, ҷойҳое вуҷуд доранд, ки қурбонии савдои одамон аз тарси бехатарии худ дар он ҷойҳо будан намехоҳад ва ғайра.

29. Қурбониёни савдои одамонро бояд ташвиқ кард, то ки дар бораи ташвишҳо ва тарсу ваҳми худ нақл кунанд, онҳо барои бехатарии худ чӣ гуна чораҳо андешидан мехоҳанд, кадом захираҳоро доранд, то ки аз ин вазъият раҳо ёбанд ва дар ин асос нақшаи инфиродӣ тартиб дода мешавад.

30. Нақшаи инфиродии бехатарӣ якҷоя бо қурбонии савдои одамон муҳокима карда мешавад. Чорабиниҳои бехатарие, ки барои қурбонии савдои одамон ба нақша гирифта мешаванд, бояд дақиқ, возеҳу фаҳмо ва иҷрошаванда бошанд. Шахси қурбонӣ бояд бо онҳо розӣ бошад ва онҳоро иҷро намояд.

31. Нақшаи арзёбии хавфҳо ва бехатарӣ бояд баъди ҳар як вохӯрӣ бо шахси қурбонии савдои одамон, бо мақомоти ваколатдор ва ташкилотҳои ғайриҳукуматие, ки ба ошкорсозии шахси қурбонӣ ва ҳамгироии дубораи ӯ ба ҷомеа таҷдиди назар карда шавад. Баҳодиҳии хавфҳо набояд иттилооти махфӣ ҳисобида шавад. Ташкилоте, ки шахси қурбониро равон мекунад, бояд ба ташкилоте, ки уро қабул мекунад, тамоми иттилоот оид ба хавфҳоро пешниҳод намояд. Агар хизматрасонӣ оид ба ғамхорӣ ба шахси қурбонӣ дар муддати тӯлонӣ пешниҳод карда шавад (масалан, ҷойгиронӣ дар паноҳгоҳ), он гоҳ арзёбии хавфҳо ва нақшаи бехатарӣ бояд мунтазам таҷдиди назар карда шаванд. Арзёбии хавфҳо ҳангоме муҳим аст, ки қурбонии савдои одамон ба кишвари асли баромади худ бозгаштан мехоҳад. Дар ин ҳолат ба ташкилоти равонкунанда лозим аст, ки бо мақомоти ваколатдор ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар кишвари асли баромади шахси қурбонӣ, ки метавонанд дар бораи омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангие, ки барои раванди ҳамгироии дубораи шахси қурбонӣ дар ҷомеа хавфнок мебошанд, иттилоот пешниҳод кунанд, алоқа намояд.

32. Ҳуҷҷате, ки арзёбии хавфҳоро инъикос менамояд, нақшаи бехатарӣ мебошад. Он ҷузъи нақшаи бехатарӣ ва кӯмакрасонӣ дар ҳар як ҳолати мушаххас мебошад ва бояд иттилооти зеринро дар бар гирад:

- ҷанбаҳои хатарҳо барои қурбониёни савдои одамон дар ҳоли ҳозир;

- масъалаҳое, ки боиси ташвишу нигаронӣ ва андешаҳои қурбонии савдои одамон мегарданд;

- захираҳои мавҷуда барои ислоҳ намудани вазъ;

- чораҳое, ки барои баланд бардоштани дараҷаи бехатарии қурбониёни савдои одамон андешида мешаванд;

- ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор;

- чораҳои амниятие, ки бо қурбониёни савдои одамон муҳокима карда мешаванд.

33. Маҳрамияти зангҳо ба хати телефонии боварӣ. Иҷрои баҳодиҳӣ ба хавфҳо дар ҷараёни сӯҳбати телефонӣ тариқи додани саволҳои мушаххас, ҳар қадаре, ки имконпазир мебошад, аз он ҷумла дар бораи макони дар ҳамин лаҳза ҷойгир будани шахси қурбонӣ, аз куҷо занг задани ӯ, оё айни ҳол ба ӯ касе таҳдид мекунад, қурбонӣ чӣ қадар вақт дорад, оё суҳбати телефонии онҳоро касе мешунавад ва ғайра.

34. Дар ҳолати савдои одамон ва зимни вуҷуд доштани хавфи зиёд барои шахси қурбонӣ, корманд, машваратчӣ шартҳои маҳрамона буданро риоя намекунад, балки қарори ҳар чи бештар ҷамъ намудани иттилоотро қабул менамояд, ки он баъдан ба мақомоти ваколатдори дахлдор пешниҳод карда мешавад. Чунин иттилоот дар варақаи бақайдгирӣ оид ба занги телефонии воридшуда сабт карда мешавад.

5. Бозравонии қурбониёни савдои одамон

35. Баъди айният кардани қурбонии савдои одамон ва муайян намудани эҳтиёҷоти таъхирнопазири шахси қурбонӣ, ӯ бояд ба барномаҳо ва марказҳои дахлдор бозравонӣ карда шавад, агар дар мақомоте, ки қурбонии савдои одамонро ошкор кардааст, чунин барномаҳо ва марказҳо вуҷуд надошта бошанд. Бозравонии қурбониёни савдои одамон ба ташкилотҳо ва марказҳои. дахлдор танҳо бо розигии худи шахси қурбонӣ ё намояндаи қонунии ӯ сурат мегирад.

36. Бозравонӣ маънои аз як ҷой ба дигар ҷой интиқол додани шахси қурбониро надорад, вале зимнан ҷузъи марказии саъю кӯшишҳо оид ба дастгирии қурбониён мебошад. Бозравонии қурбонии савдои одамон бинобар эҳтиёҷоти сершумор ва хавфҳои мухталифе, ки ҳамчун оқибати ҷинояти бо савдои одамон алоқамандбуда ба миён омадаанд, раванди мураккаб мебошад.

37. Бозравонии бехатар кафолат медиҳад, ки ғамхорӣ ва хизматрасониҳое, ки аз ҷониби дигар мақомот ва ташкилотҳо пешниҳод карда мешаванд, ба саломатӣ ва бехатарии қурбонии савдои одамон таҳдид нахоҳанд кард.

38. Бо мақсади таъмини бозравонии бехатар андешидани иқдомҳои зерин лозим мебошад:

а) қурбонии савдои одамонро бояд дар бораи имконияти дастгирӣ ёфтан бо дарназардошти эҳтиёҷоти зикрнамудаи шахси қурбонӣ хабардор намуд. Қурбонии савдои одамон бояд қодир бошад ташкилотеро, ки ӯро ба он бозравонӣ мекунанд, интихоб намояд (то андозае, ки ин имконпазир аст). Нуқтаҳои мувофиқашудаи бозравонӣ дар нақшаи бехатарӣ ва дастгирӣ зикр шудаанд. Қурбонии савдои одамон бояд то барқарор кардани алоқа бо дигар ташкилот барои бозравонӣ шудан розигии худро диҳад. Қурбониёни болиғи (калонсоли) савдои одамон метавонанд аз бозравонӣ ё ба дигар одамон ошкор кардани ягон иттилооти марбут ба таҷрибаи онҳо вобаста ба савдои одамон даст кашанд;

б) ташкилотеро, ки шахси қурбонӣ ба он бозравонӣ карда мешавад ба таври дахлдор дар бораи омадани шахси қурбонӣ хабардор кардан лозим аст. Ҳамчунин бояд пешакӣ муайян карда шавад, ки дар куҷо, дар кадом вақт ва ки шахси қурбониро пешвоз мегирад. Дар раванди бозравонӣ ду ташкилот равонкунанда ва қабулкунанда бояд муҳокима кунанд, ки оё ташкилоти қабулкунанда барои кор бо чунин ҳолати савдои одамон захираҳои зарурӣ дорад. Масалан, оё чунин Марказ вуҷуд дорад, дар он ҷойи холи ҳаст, ё ки агар ин маркази кумак бошад, оё дар он барномаҳои дахлдор ва мутахассисони хуб омӯзонидашуда барои кор бо ҳолати мазкур мавҷуданд. Иттилооте, ки ташкилоти қабулкунанда пешниҳод менамояд, бояд танҳо дар доираи он, ки барои пешниҳоди хизматрасониҳои муносиби ба нақша гирифташуда зарур аст, маҳдуд карда шавад. Бо қурбонии савдои одамон мувофиқа кардани мундариҷа ва ҳаҷми иттилооте, ки ба дигар ташкилотҳо пешниҳод карда мешавад, зарур мебошад. Истисноҳо танҳо барои иттилоот дар бораи хавфҳо барои ҳаёт ва некӯаҳволии қурбонии савдои одамон, оилаи ӯ, кормандони таҳвилгари хизматрасонӣ ё дигар одамон ё ташкилотҳое, ки ба раванди ғамхорӣ нисбати шахси қурбонӣ ҷалб шудаанд, карда мешаванд. Ин иттилоот бояд ба ташкилоти қабулкунанда пешниҳод карда шавад. Агар ба қурбонии савдои одамон чандин маротиба накл кардани саргузашти худ мушкил бошад, барои он ки ин танҳо дарду ранҷҳои кашидаи ӯро шиддат мебахшад, ташкилоти бозрасоникунанда метавонад саргузашти қурбонии савдои одамонро бо розигии огоҳонаи шахси қурбонӣ ба ташкилоти қабулкунанда ба тариқи шифоҳӣ нақл кунад ё тариқи хаттӣ дастрас намояд;

в) расмиёти ҳамроҳикунии шахси қурбонии савдои одамон ба ташкилоти қабулкунунда бевосита бо арзёбии хавфҳо алоқаманд мебошад. Вобаста ба сатҳи хавфҳо, қурбонии савдои одамон метавонад ба ташкилоти қабулкунанда бо якчанд роҳҳо равон шавад:

- танҳо - дар сурати вуҷуд надоштани хавфҳои ҷиддӣ;

- бо ҳамроҳии корманди иҷтимоӣ ё дигар корманди ташкилоти равонкунанда;

- бо ҳамроҳии корманди мақомоти корҳои дохилӣ - дар сурати вуҷуд доштани таҳдиди ҷиддӣ ба шахси қурбонӣ, оила ё кормандони ташкилоти ба шахси қурбонӣ хизматрасонанда;

г) раванди бозравонӣ дар лаҳзаи гирифтани иттилоот аз ташкилоти қабулкунанда, аз он ҷумла дар бораи он, ки шахси қурбониро чӣ гуна ҷойгир ё қабул карданд ва дар бораи қадамҳои минбаъдаи кор бо ӯ.

39. Бозравонӣ кардан дар ҳолатҳои зерин ғайриимкон аст:

- агар интиқоли қурбонии савдои одамон бо хавфи хеле зиёд барои ӯ мувоҷеҳ бошад;

- қурбонии савдои одамон бозравонӣ карданро намехоҳад ва робитаро қатъ карданист. Дар чунин ҳолатҳо сӯҳбати аввалин бо қурбонии савдои одамон, бо дарназардошти ҳолатҳо, бояд ба қадри имкон ҳарчи тӯлонитар бошад. Ин метавонад барои шахси қурбонӣ ягона имконияти бо мутахассис сӯҳбат кардан ва дарк намудани вазъияти худ бошад. Эҳтимол, баъдтар шахси қурбонӣ ба хулосае омада, аз хизматрасониҳои дар Тартиби мазкур зикргардида истифода кунад.

40. Ба курбонии савдои одамон лозим аст, ки ба қадри имкон ҳарчи бештар иттилоотро оид ба ҷиноятҳои вобаста ба савдои одамон, ҳуқуқи қурбонии савдои одамон, ҳуқуқи шахси қурбонӣ ба махфӣ нигоҳ доштани ҳодисаи савдои одамон аз дигар шахсон, имконияти дарёфти дастгирӣ дар кишвари асли баромади шахси қурбонӣ, ки ӯ мутобиқи қонунгузории амалкунанда метавонад аз он истифода ва ба он ҷо барои дарёфти кӯмак, инчунин дигар иттилооти зарурӣ муроҷиат кунад, пешниҳод намояд.

41. Чораҳои зиддибӯҳронӣ тамоми амалҳои баъди ошкорсозии қурбонӣи савдои одамонро дар бар мегиранд. Чораҳои зиддибӯҳронӣ ҳамчунин дар рӯзҳои аввали баъди ба таҳвилгари хизматрасониҳои махсусгардонидашуда бозравонӣ кардани шахси қурбонӣ андешида мешаванд. Онҳо дастгирии таъхирнопазири психологӣ ва иҷтимоиро дар муддати кӯтоҳтарин дар бар мегиранд, ки он ба қонеъгардонии эҳтиёҷоти таъҷилии қурбониён нигаронида шудааст.

42. Мақсадҳои чораҳои зиддибӯҳронӣ инҳоянд:

а) ҳифз - қурбониёни савдои одамон дар ҷойи бехатар ва боэътимод ҷойгир карда мешаванд;

б) пешгирӣ (профилактика) - чораҳои таъҷилан андешидашуда, ки бавуҷудоии мушкилоти ҷиддитари психологӣ ва иҷтимоии шахси қурбониро пешгирӣ менамоянд;

в) дастгирӣ - кори психологӣ дарду эҳсосоти рӯҳиро, ки аз таҷрибаи вобаста ба савдои одамон ба вуҷуд омадааст, кам мекунад ва имкониятҳоро барои рафъ намудани мушкилот бештар мегардонад.

43. Чораҳои зидди бӯҳронӣ инҳоро дар бар мегиранд:

а) ба муҳити муқаррарӣ бозгардондани шахси қурбонӣ мумкин аст бо хавфҳои муайяне алоқаманд бошад;

б) ҳолати бади рӯҳии шахси қурбонӣ ва вақте, ки барои барқароргардӣ зарур мебошад;

в) шахси қурбонӣ (ё кӯдакон, агар онҳо якҷоя бошанд) ба ғамхории махсусе эҳтиёҷ дорад, ки он метавонад ё дар муассисаҳои махсус ё дар дигар ташкилот дар наздикӣ (масалан, дар худи ҳамон шаҳр) пешниҳод карда шавад;

г) истифодаи давраи мулоҳиза аз ҷониби шахси қурбонӣ;

д) интизор шудани дубора ба шахси қурбонӣ додани ҳуҷҷатҳо;

е) шахси қурбонӣ ба мақомоти ваколатдор баёнот медиҳад ё оғоз гардидани тафтишотро интизор мешавад;

ж) захираҳо надоштани шахси қурбонӣ: ҷойи зист надорад, хона, оила ё хешовандони наздик надорад.

44. Будубоши қурбонии савдои одамон дар муассисаҳои махсуси давлатӣ ё ғайридавлатӣ ихтиёрӣ мебошад. Ҳангоми ба марказ қабул кардан ӯро бо муқаррароти меъёрии дохилӣ шинос кардан зарур аст, то ки ӯ розигиашро бо имзои худ тасдиқ намояд, ки муқаррароти мазкурро риоя хоҳад кард. Баъди қабул кардан ҳангоме ки қурбонии савдои одамон метавонад сӯҳбат кунад, бо ӯ мусбҳиба гузаронидан лозим аст, то ки арзёбии хавфҳо ва эҳтиёҷоти ӯ бо дар назардошти барномаҳо ва хизматрасониҳое, ки дар ин марказ ва аз ҷониби ҷомеаи маҳаллӣ пешниҳод карда мешаванд, таҷдиди назар карда шаванд.

45. Мусоҳибаро инҳо мегузаронанд:

- машваратчие, ки барои пешбурди ин парвандаи мушаххас таъин карда шудааст;

- машваратчии навбатдор, ки ӯ баъдан ин иттилоотро ба мутахассиси барои пешбурди ин парванда таъингардида пешниҳод менамояд.

46. Бо мақсади расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон бо дарназардошти талаботи мавҷуда муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъсис дода мешаванд (минбаъд - Марказ). Марказҳо сохторҳои ташкилии махсусгардонидашудае мебошанд, ки шахсони аз савдои одамон зарардидаро дастгирӣ менамоянд ва ба онҳо кӯмаки маҷмӯӣ мерасонанд. Марказҳо метавонанд ҳам ба онҳое, ки худашон муроҷиат намудаанд ва ҳам ба онҳое, ки аз ҷониби мақомоти системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти шуғл, муҳоҷират ва дигар субъектҳои муқовимат ба савдои одамон равон карда шудаанд, дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак расонанд.

47. Вазифаҳои асосии Марказҳо инҳоянд:

- айнияткунонии қурбониёни савдои одамон ва эҳтиёҷоти онҳо ба кӯмаки иҷтимоию иқтисодӣ, иҷтимоию педагогӣ, иҷтимоию тиббӣ ва дигар намудҳои кӯмакрасонӣ;

- мусоидат ба ҳамгироии дубораи қурбониёни савдои одамон ба оила ва ҷомеа;

- пешниҳод намудани паноҳгоҳ барои истиқомати муваққатии қурбониёни савдои одамон;

- таъмин намудан бо ғизо ва воситаҳои гигиенаи шахсӣ;

- пешниҳод намудани иттиллоот дар шакли дастрас оид ба расмиёти мавҷудаи судӣ ва маъмурии ҳифзи манфиатҳои қурбониёни савдои одамон;

- пешниҳод намудани кӯмаки тахассусии психологӣ ва тиббӣ;

- пешвоз гирифтани қурбониён дар фурӯдгоҳҳо, дар истгоҳҳои роҳи оҳан ва истгоҳҳои автобусҳо;

- мусоидат намудан ҳангоми бозгаштан ба маҳалли истиқомати доимӣ ва бо кор таъминкунии онҳо;

- иштирок бо ҷалби ташкилотҳои мухталиф дар ҳалли проблемаҳо ва пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон;

- пешниҳод намудани имконият барои омӯзиши касбу ҳунар;

- доир намудани чорабиниҳо оид ба такмили ихтисоси кормандони марказҳо, сатҳи хизматрасониҳои пешниҳодшавандаи иҷтимоию ҳуқуқӣ ва тиббӣ, инчунин баланд бардоштани сифати онҳо;

- пешниҳод намудани дигар кумакҳое, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд.

48. Фаъолияти марказҳоро низомнома ё оинномаи ин марказҳо муайян менамояд.

49. Агар Марказ машваратчиро пешниҳод карда натавонад; шахс барои расонидани кӯмаки психологӣ ва гузаронидани чорабиниҳои зиддибӯҳронӣ ба дигар ташкилот бозравонӣ карда мешавад. Машваратҳои психологӣ ихтиёрӣ мебошанд ва ба нақшаи инфиродии амалҳо ворид карда мешаванд. Машваратчиён якҷоя бо қурбонии савдои одамон шумора, давра ва вақти машваратҳоро барои расонидани ёрии таъхирнопазири психологӣ мувофиқа мекунанд.

50. Қурбонии савдои одамон метавонад аз машварати психологӣ даст кашад ва ҳар вақте ки худро омода ҳис мекунад метавонад кӯмаки психологиро гирад. Марказ бо муассисаҳо ва мутахассисони дахлдори тиббӣ робита менамояд. Дар ҳолати зарурӣ, қурбонии савдои одамон бояд дар беморхона хобонда шавад.

51. Ба қурбонии савдои одамон бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ӯ дода шаванд. Қурбонии савдои одамон ба шӯъбаи минтақавии Вазорати корҳои дохилии маҳалли истиқомати доимии худ дар шакли дахлдор ариза пешниҳод мекунад.

52. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро шахсан худи қурбонӣ, ё ки дар баъзе ҳолатҳо, вақте ки ариза шахсан супурда шудааст, шахси ваколатдор тибқи ваколатнома мегирад. Агар хавфи такрорёбии савдои одамон баланд бошад, шахси қурбониро ҳамроҳӣ кардан ё ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намудан барои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ӯ зарур мебошад.

53. Мутахассиси масъули пешбурди ин масъалаи мушаххас дар Марказ бо ҳамаи мутахассисон ва мақомоти зарурӣ дар тамос мешавад ва қурбониёни савдои одамонро равон мекунад. Дар сурати зарурати иштироки шумораи зиёди мутахассисони соҳаҳои мухталиф, аз ҷумлаи мутахассисоне, ки бо ин масъала дар самтҳои гуногун кор мекунанд, гурӯҳ таъсис дода мешавад. Мутахассиси Марказ, ки пешбурди ин масъаларо ба ӯҳда дорад, кори гурӯҳро ҳамоҳанг менамояд: вохӯриҳо ташкил мекунад, амалҳои минбаъдаро муайян мекунад, робитаи байни қурбонии савдои одамон ва мутахассисонро ба роҳ мемонад, инчунин тамоми иттилооти заруриро ба аъзои гурӯҳ пешниҳод мекунад.

6. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қурбониёни савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ва оилаҳои онҳо

54. Субъектҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ ба ҳама қурбониёни савдои одамон кӯмак ва ҳимоят пешниҳод мекунанд. Механизмҳои дастгирӣ ва ҳимоят як қатор хизматрасониҳои махсусгардонидашударо, ки ба қонеъгардонии эҳтиёҷоти мушаххаси ҳар як шахси қурбонӣ нигаронида шудаанд, дар бар мегиранд. Пайгиронаи самарабахш тавассути ба кор андохтани механизми дастгирӣ бо дарназардошти зарурати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қурбониёни савдои одамон ноил мегардад.

55. Дар рӯзҳои аввали фикру андеша кардан қурбонии савдои одамонро хабардор намудан аз имконияти ҳамкорӣ бо мақсади фош кардани савдогари одамон ва эҳтимол таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор додани онҳо лозим мебошад. Ба қурбонии савдои одамон бояд дар бораи хусусиятҳои ҳолати мушаххаси ӯ маслиҳатҳо дода шавад. Шахси қурбонӣ бояд қодир бошад қарори огоҳонаи ҷавобгӯй ба манфиатҳои худро қабул намояд.

56. Иттилоот аз ҷониби шахсони зерин пешниҳод карда мешавад:

- машваратчии ҳуқуқӣ;

- машваратчӣ ва мутахассиси масъули пешбурди масъалаи мушаххаси шахси қурбонӣ;

- мақомоти ваколатдори тафтишоти тосудӣ.

57. Машваратҳои пешакӣ ташкил карда мешаванд. Давра ва давомнокии гузаронидани онҳоро машваратчӣ бо дарназардошти эҳтиёҷоти инфиродии қурбонӣ муайян менамояд.

58. Шахси қурбониро дар бораи ҳолатҳои зерин хабардор кардан лозим аст:

- афзалиятҳои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

- давомнокии муддати дар марказ қарор гирифтани ӯ;

- гирифтани иҷозат барои истиқомати муваққатӣ (дар ҳолати шаҳрванди хориҷӣ);

- ҳуқуқҳо, шартҳо ва расмиёти гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон; 

- мақомоте, ки ӯ метавонд ба онҳо дар бораи ҷиноят хабар диҳад;

- нақшӣ ӯ дар тафтишоти тосудӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ;

- иштирок ва ӯҳдадориҳо ба сифати шоҳид ё дигар хел иштирокчии тафтишот;

- интизориҳо аз ӯ дар ин мурофиа;

- хавфҳо барои қурбонӣ, агар ӯ ба ҳамкорӣ розӣ шуда бошад;

- намуди дастгирие, ки ба ӯ пешниҳод карда мешавад.

59. Дар даврае, ки шахси қурбонӣ ҳанӯз ба қароре наомадааст, вай ӯҳдадор нест бо мақомоти тафтишот ҳамкорӣ кунад ё баёноти шоҳидӣ диҳад. Агар шахси қурбонӣ ҳамкорӣ карданӣ шавад, он гоҳ ҳангоми мубодилаи иттилоот бо мақомоти дахлдор ва таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ӯро дастгирӣ кардан лозим аст.

60. Ба қурбониёни савдои одамон, ки хоҳиши ҳамкорӣ карданро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати савдогарони одамон изҳор намудаанд, дар давраи тафтишоти ҷиноятӣ мақоми махсуси ҳимоят, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дода мешавад.

61. Дар сурате, ки агар қурбонии савдои одамон давраи қарор қабул намуданро истифода кардан намехоҳад, ё ин ки агар баъди ба охир расидани ин давра чорае андешида нашавад, он гоҳ ташкил намудани бозгардонии қурбонии савдои одамон ба хона ва дар сурати шаҳрванди хориҷӣ будан ба ватан зарур мебошад.

62. Баъди аз бӯҳрон раҳоӣ ёфтани қурбонии савдои одамон ва баъди ба анҷом расидани давраи мулоҳизакунӣ ба ӯ кӯмаки дарозмӯҳлати психологию иҷтимоӣ ба муддати як моҳ пешниҳод карда мешавад. Қурбонии савдои одамон бояд дар ҳолати нисбатан устувори рӯҳӣ қарор гирад, шароити оддитарини ҳаётӣ дошта бошад ва ба ҳаёт ва саломатии ӯ ҳеҷ чиз набояд таҳдид кунад.

63. Мақсадҳои асосии раванди барқарорсозӣ инҳоянд:

- барқарорсозии ҳисси назорат ва мустақилият;

- вусъатбахшии имкониятҳои шахсияти қурбонӣ;

- барқарорсозии муносибатҳо бо дигар одамон 

64. Ҷузъи муҳими раванди барқарорсозии шахси қурбонӣ барқарорсозии ҳисси мустақилияти ӯ ва назорат ба ҳаёти шахсии худ мебошад. Баъди ба анҷом расидани моҳи аввали кор машваратчӣ ва қурбонии савдои одамон якҷоя ҳал мекунанд, ки оё шахси қурбонӣ ба дастгирии дарозмӯҳлат эҳтиёҷ дорад, мақсадҳои он аз чӣ иборат хоҳанд буд ва ки бояд онҳоро иҷро кунад. Қарорҳои қабулнамуда ба нақшаи амалҳо ворид карда мешаванд. Дастгирии дарозмӯҳлати психологию терапевтӣ ва кӯмаки иҷтимоӣ танҳо дар сурате пешниҳод карда мешаванд, ки агар қурбонии савдои одамон инро хоҳад. Барои таъмини самаранокии дастгирӣ ба инобат гирифтани интихоб ва эҳтиёҷоти қурбонии савдои одамон зарур аст. Агар қурбонии савдои одамон робитаҳои худро бо марказ қать намояд, он гоҳ машваратчӣ кӯшиш мекунад масъалаи робитаи эҳтимолии минбаъдаро (вохӯрӣ, занги телефонӣ, мактуб ва ғайра) баъди гузаштани давраи муайяни вақт бо ӯ мавофиқа намояд.

65. Мақсадҳои робитаи минбаъда инҳоянд:

- дастгирии маънавию рӯҳӣ;

- пайгирӣ намудани ҳолати қурбонии савдои одамон;

- пайгирӣ намудани раванди барқароршавӣ;

- арзёбӣ намудани хавфҳо баъди қатъ гардидани робита;

- арзёбӣ намудани эҳтиёҷоти нави бавуҷудомада;

- пешниҳод кардани иттилооти иловагӣ оид ба ҳифз ва дастгирӣ;

- бозравонӣ кардан барои пешниҳоди хизматрасонӣ.

66. Дар марҳилаҳои минбаъдаи кор бо қурбонии савдои одамон баъди ба ӯ пешниҳод намудани ҷойи будубоши бехатар ва дар сурати вуҷуд надоштани таҳдид ба ҳаёт ва саломатии ӯ, ба таври илова арзёбии васеи хавфҳо гузаронида мешавад. Ба ин хавфҳои зерин мансубанд:

- ҷудоии иҷтимоӣ;

- эҳтимолияти қурбонӣ гардидан дар ҳолатҳои нави зӯроварӣ ва муносибати бад;

- бекорӣ;

- камбизоатӣ;

- вуҷуд надоштани имконият барои идома додани таҳсил бинобар бесаводӣ ё вуҷуд надоштани барномаҳои амалкунанда;

- вуҷуд надоштани муҳити дастгирӣ ва захираҳо барои бартараф намудани вазъи бамиёномада;

- омилҳои иҷтимоӣ, динӣ ва фарҳангие, ки ба ҳамгироии дубораи шахси қурбонӣ монеъ мешаванд.

67. Дар ин марҳила арзёбии хавфҳо якҷоя бо мақомот ва ташкилотҳои мухталифе, ки ба раванди ҳамгироии дубораи қурбонии савдои одамон ҷалб гардидаанд, сурат мегирад.

68. Ба машваратҳо ва дигар чорабиниҳо ҳамчунин оилаҳо, хешовандони қурбониёни савдои одамон ҷалб мешаванд. Мақсади чунин машваратҳо аз таъмин намудани бозгардии қурбонии савдои одамон ба муҳити мусоид ва таҳаммулпазире иборат мебошад, ки таъқиби минбаъдаро пешгирӣ менамояд. Оила, хешовандони қурбонии савдои одамонро ба раванди ҳамгироии дубора танҳо бо розигии шахси қурбонӣ ва баъди арзёбии дақиқи хавфҳо ҷалб намудан лозим аст, ки дар ҷараёни он инҳо бояд муайян карда шаванд;

- оё оила, хешовандон, дӯстони шахси қурбонӣ бевосита ё бавосита ба раванди савдои одамон ҷалб шуда буданд;

- оё нисбати шахси қурбонӣ ягон намуди дигари зӯроварӣ истифода карда шудааст;

- оё шахси қурбонӣ шоҳиди зӯроварӣ дар оила дар гузашта шуда буд;

- муносибатҳо нисбати шахси қурбонӣ дар оилаи қурбонии савдои одамон чӣ гунаанд;

- оё оила ӯро гунаҳгор карданист, оё дар он хавфи ҷудокунии иҷтимоӣ, муносибати бад ва раддкунӣ бинобар ақидаҳои динӣ вуҷуд дорад;

- оё одамонн бевосита ба муҳити шахси қурбонӣ наздик малакаи кофии иҷтимоӣ ва ҳиссиётӣ доранд, то ки ӯро дастгирӣ намоянд;

- оё онҳо барои рӯзгузаронӣ захираҳои молиявии ҳадди ақал доранд.

69. Дар ҷараёни машваратҳо оилаи қурбонии савдои одамон:

- аз ҷиҳати маънавию рӯҳӣ дастгирӣ мешавад, то ки чунин ҳиссиётро ба монанди шарм, гуноҳ ё нотавониро паси сар кунад;

- дар бораи табиати ҷинояти савдои одамон ва таҳқирҳое, ки ӯ таҳти онҳо қарор гирифтааст, иттилоот мегирад;

- дар бораи таъсири зарбаи рӯҳӣ иттилоот мегирад, то ки қурбонии савдои одамонро беҳтар фаҳмад ва таҳаммулпазирӣ зоҳир намояд ва нисбати ӯ на ҳамчун бо қурбонӣ муносибат кунад;

- ба таъсири эҳтимолии таҷрибаи талхи аз сар гузаронидаи қурбонӣ ба рафтори қурбонии савдои одамон омода мешавад;

- дар бораи чӣ гуна муносибат кардан бо қурбонии савдои одамон иттилоот мегирад;

- ба татбиқи нақшаи таҳиягардидаи амалҳо ҷалб карда мешавад.

70. Раванди ташаккули малакаҳои иҷтимоӣ аз арзёбӣ ва ошкорсозии монеаҳои иҷтимоӣ барои қурбонии савдои одамон ва камбуди малакаҳои ӯ, инчунин қудрат барои паси сар кардани чунин ҳолатҳо оғоз мегардад.

71. Қурбониёни савдои одамон дар бозори меҳнат гурӯҳи алоҳидаи дорои хислатҳо ва эҳтиёҷоти мушаххасро ташаккул медиҳанд. Мақсади вусъатбахшии имкониятҳои шахсият ҳавасмандгардонии фаъолият, ташаббус ва баҳодиҳии муносиби ҷонибҳои қавии худ барои худтатбиқкунӣ дар касбу кори худ мебошад.

72. Дастгирӣ навъҳои зерини фаъолиятро фаро мегирад:

- интихоби эълонҳо дар бораи ҷойҳои кори дар рӯзномаҳо ва шабакаҳои интернет;

- мусоҳибаҳо аз тариқи телефон;

- омода кардани ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми қабул ба кор талаб карда мешаванд (варақаи шахсӣ, шарҳи ҳол ва ғайра);

- маҳорати пешниҳод кардани худ дар мусоҳиба ҳангоми қабул ба кор ва ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои худ;

- гуфтушунид бо корфармо;

- номнавис кардани худ барои иштирок дар барномаҳо ва курсҳо барои гирифтани тахассуси иловагӣ мутобиқи талаботи бозори меҳнат;

- донишҳои заминавӣ оид ба ҳуқуқҳои меҳнатӣ.

73. Машваратҳо оид ба вусъатбахшии имкониятҳои шахсият метавонанд дар муддати давраи тӯлонӣ, то даме ки он дар ҷойи нави кор устувор намегардад, гузаронида шаванд.

74. Барқарорсозии ҳисси мустақилият ва бехатарии шахси қурбонӣ муҳайё намудани шароити дарозмӯҳлати амниятӣ, молиявӣ ва суботи иҷтимоӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Кӯмаки иҷтимоӣ ва ҳимояи манфиатҳои қурбонии савдои одамон ба инҳо нигаронида шудаанд:

- барқарорсозии ҳуқуқ ба суғуртаи иҷтимоӣ ва мақоми шахсон;

- идоракунии эҳтиёҷоти мухталифи амалӣ.

75. Кӯмаки иҷтимоӣ ва ҳимояи манфиатҳо чораҳоеро дар бар мегиранд, ки асосан ба муҳити иҷтимоие нигаронида шудаанд, ки қурбонии савдои одамон дар он қарор дорад:

- мулоҳизаҳо ҳангоми мубодилаи иттилоот бо мақомот, ташкилотҳо ва дигар пешниҳодкунандагони хизматрасониҳо;

- кор бо кормандони дигар идораҳо ва ташкилотҳое, ки муносибати таҳаммулпазиронаро нисбати шахси қурбонӣ ва ҳифзи махфияти иттилоот оид ба қурбонии савдои одамонро ташвиқ мекунанд;

- рушд додан, хизматрасонӣ ва васеъ намудани шабакаҳои ташкилотҳои ҳамшарик ва пешниҳодкунандагони хизматрасониҳо.

76. Машваратҳои иҷтимоӣ бо машваратҳо ва хизматрасониҳои психотерапевт алоқамандии зич доранд. Машваратҳои иҷтимоӣ аз ҷониби кормандони иҷтимоӣ бо дарназардошти эҳтиёҷоти қурбонии савдои одамон пешниҳод карда мешаванд ва барои ин машваратҳо мӯҳлатҳои мушаххас ё давраи гузаронидани онҳоро муқаррар кардан зарур аст. Агар ба назди дигар мутахассисон ва ташкилотҳо рафтан зарур бошад, қурбонии савдои одамонро корманди иҷтимоӣ ҳамроҳӣ мекунад. Кормандони иҷтимоӣ ҷузъи дастаи гуногунсоҳаи мутахассисоне мебошанд, ки бо қурбонии мазкур кор мекунанд. Машваратчии инфиродӣ ба қурбонии савдои одамон барои бо онҳо робита ба роҳ мондан ёрӣ мерасонад.

7. Бозгардонии бехатар

77. Бозгардонӣ, ба минтақа ё ба кишвари таъинот танҳо баъди андешидани чораҳои зарурие, ки бехатарии қурбонии савдои одамон ва имконият барои идома додани раванди ҳамгироии дубораи ӯро кафолат медиҳанд, ташкил карда мешавад.

78. Бозгардонии бехатар маънои кафолати онро дорад, ки қурбонии савдои одамон дубора дар ҳолати вобаста ба савдои одамон ё дигар шаклҳои зӯроварӣ қарор дода намешавад ва ба ӯ барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти тиббӣ, иҷтимоӣ ва психологӣ кӯмаки зарурӣ расонида мешавад.

79. Бозгардонӣ ба минтақа ё ба кишвари асли баромад вақте анҷом дода мешавад, ки:

- қурбонии савдои одамон ба минтақа, кишвари асли баромади худ бозгаштан мехоҳад;

- давраи фикр карда ба қароре омадан ба охир расидааст ва ҳеҷ гуна чорае мутобиқи қонунгузорӣ андешида нашудааст;

- мақоми махсуси ҳифз, ки мутобиқи қонунгузорӣ дода шудааст, дар давраи баррасии парвандаи ҷиноятӣ бекор карда шудааст;

- мӯҳлати иҷозат барои истиқомати муваққатӣ гузаштааст (барои шаҳрвандони хориҷӣ);

- давраи будубош дар маркази ҷойгиронӣ ба охир расидааст.

80. Бозгардонӣ бояд ихтиёрӣ ва дар асоси қарори огоҳона бошад. Ба қурбонии савдои одамон лозим аст, ки аз машваратчии худ дар бораи ҳуқуқ ва имкониятҳои иқомат дар минтақа ё кишвари таъинот ё бозгардонӣ ба минтақа ё ба кишвари асли баромади худ иттилооти кофӣ гирад. Қурбонии савдои одамон дар ташкили бозгардонии худ иштироки фаъолона менамояд.

81. Бозгардонии қурбонии савдои одамон ба минтақа ё ба кишвари асли баромад бояд танҳо баъди гузаронидани арзёбии нави муфассали хавфҳои марбут ба омилҳое, ки метавонанд ҳамгироии иҷтимоии шахси қурбониро боздоранд, ташкил карда шавад.

8. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бозгаштани қурбонии савдои одамон ба кишвар ё ба минтақаи асли баромад

82. Барои бозгашти қурбонии савдои одамон ба кишвар ё минтақаи баромади аслӣ ҳуҷҷатҳои зерини сафар зарур мебошанд:

- шаҳодатномаи шахсӣ;

- раводиди навъи дахлдор;

- чиптаҳо (мутобиқи воситаҳои интихобгардидаи нақлиёт);

- нақшаи бехатарӣ ва дастгирӣ;

- ҳуҷҷатҳо дар бораи вазъи саломатӣ (агар зарур бошад);

- маълумотнома дар хусуси он ки ӯ аз хизматрасониҳои муайян истифода кардааст (агар ин зарур бошад).

83. Дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои марбут ба бозгардонии қурбонии савдои одамон, бояд арзёбии хавфҳо ба инобат гирифта шавад ва он бояд тавре тартиб дода шавад, ки принсипҳои махфият вайрон нашаванд.

84. Робита бо пешниҳодкунандаи хизматрасонии дар минтақа ё кишвари таъинот ва пешниҳоди иттилоот танҳо бо розигии бевоситаи қурбонии савдои одамон имконпазиранд.

9. Тартиби вохурии қурбонии савдои одамон бо пешниҳодкунандаи хизматрасониҳо

85. Бозгардонии қурбонии савдои одамонро пешниҳодкунандаи хизматрасониҳо ташкил мекунад, ки он ӯро қабул мекунад, ба ӯ ғамхорӣ мекунад ва ӯро дастгирӣ менамояд.

86. Ташкилоти қабулкунанда бояд омода бошад, ки қурбонии савдои одамонро дар ҳама вақти рӯз ё шаб дар фурудгоҳ, қатора ё дар истгоҳи автобусҳо пешвоз гирад. Кормандони ташкилот бояд пешакӣ аз вақт ва маҳалли омадани қурбонии савдои одамон хабардор карда шаванд.

87. Вохӯрӣ бояд бо дарназардошти арзёбии хавфҳо ташкил карда шавад. Кормандони ташкилоти пешниҳодкунандаи хизматрасониҳо бояд ҳама аҳду паймонҳои бо қурбонии савдои одамон ноилгардидаро нисбати ҷойи вохӯрӣ ва он, ки чи тавр онҳо якдигарро шинохта метавонанд, риоя кунанд.

10. Репатриатсияи (баргардонидани) қурбонии савдои одамон ба кишвари асли баромад

88. Шаҳрванди хориҷие, ки қурбонии савдои одамон гардидааст, метавонад танҳо баъди анҷом додани арзёбии боэътимоди хавфҳо, ки аз вуҷуд надоштани омилҳое, ки ба ҳаёт ё саломатии ӯ дар кишвари асли баромад шаҳодат медиҳад, ба ватанаш баргардонида (репатриатсия) мешавад.

89. Репатриатсияи бехатар дар доираи қонунгузорӣ анҷом дода мешавад. Шаҳрванди хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши ба ӯ пешниҳод намудани ҳимоят ворид шудааст, ё ки аллакай ба ӯ ҳимоят пешниҳод шудааст, наметавонад ба кишваре, ки дар он ба ҳаёт ё саломатии ӯ бинобар нажод, мазҳаб, миллат ё мансубияти сиёсӣ таҳдид вуҷуд дорад, ё ки ӯро бо шиканҷа ё дигар шаклҳои табобати озордиҳанда, ҷазои бераҳмона ё таҳқиромез таҳдид мекунанд, баргардонида шавад (ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории миллӣ).

90. Хориҷкунии маҷбурӣ аз Тоҷикистон, то депортатсия вақте ташкил карда мешавад, ки:

- мӯҳлати иҷозати истиқомат гузаштааст;

- мурофиаи ҷиноятӣ нисбати савдогари одамон ба анҷом расидааст;

- қурбонии савдои одамон ҳуҷҷатҳои эътиборноки шахсӣ дорад.

Замимаҳо