Регламенти техники "Бехатарии бозичаҳо" аз 23 августи соли 2016 № 375

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 августи соли 2016, № 375

тасдиқ шудааст

Регламенти техники "Бехатарии бозичаҳо"

1. Муқаррароти умумӣ

1. Регламенти техникии "Бехатарии бозичаҳо" (минбаъд - Регламенти техникӣ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" таҳия шуда, талаботи ҳатмиро ба бозичаҳо бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон ва шахсони нигаҳбоникунандаи онҳо, ҳамчунин огоҳ намудани амалҳое, ки истифодабарандагони (истеъмолкунандагони) бозичаҳоро нисбат ба таъйиноти бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист ба иштибоҳ мебаранд, муқаррар менамояд.

2. Доираи татбиқи Регламенти техникӣ

2. Регламенти техникӣ ба бозичаҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуда, қаблан мавриди истифода қарор надоштаанд, татбиқ карда мешавад.

3. Регламенти техникӣ ба маснуоти дар замимаи 1 Регламенти техникии мазкур нишондодашуда, ки ҳамчун бозича ҳисобида намешаванд, ҳамчунин ба бозичаҳое, ки бо фармоиши шахсӣ омода шудаанд ва намунаҳои намоишгоҳӣ татбиқ намегардад.

3. Мафҳумҳои асосӣ

4. Бо мақсади татбиқи Регламенти техникӣ мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- афрӯзиш (алангагирӣ) - пайдоиши аланга дар зери таъсири манбаи афрӯзиш, ки алангаи оташро ба вуҷуд меорад;

- оташгирӣ - қобилияти моддаҳо ва маводҳо ба оташгирӣ;

- маҷмӯи бозичаҳо бо таркиби моддаҳои кимиёвӣ (маҷмӯи барои таҷрибаҳои кимиёвӣ дахлнадошта) - маҷмӯа барои истеҳсоли қолабҳои гаҷӣ; маводи сафолӣ ва сирҳо барои шишакории асбобҳои ороишии устохонаҳои хурд дар маҷмӯаҳо пешниҳодшаванда; маҷмӯаҳое, ки дар асоси поливинилхлориди пластикшуда массаҳои ташаккулёбандаро дар бар мегиранд (бо обутоби минбаъда дар оташдон); маҷмӯаҳо барои рехтагарии бадеӣ; маҷмӯаҳо барои қолабрезӣ; маҷмӯаҳо барои баровардани суратҳо; моддаҳои ширешкунӣ, рангҳо, лакҳо, маҳвкунандаҳо ва поккунандаҳое (ҳалкунандаҳое), ки дар маҷмӯаи асбобҳои конструкторӣ ҷой дода мешаванд;

- маҷмӯъ барои бозӣ - бозичаи аз ашёҳои гуногун, маводҳо, моддаҳо таркибёфта, ки барои инкишофи эҷодии кӯдакону наврасон ва малакаҳои меҳнати дастӣ таъин шудааст;

- бозича - маснуот ё маводе, ки барои бозии кӯдакони то синни 14-сола таъин гардидааст;

- бозича барои бозӣ дар об - бозичаи (дамшаванда ё ғайридамшаванда), ки сарбории вазни ҷисми кӯдаконро ҳангоми оббозӣ нигоҳ медорад ва (ё) барои бозӣ дар пастобҳо пешбинӣ шудааст;

- бозичаи рӯйимизӣ - чопӣ- бозича бо имконияти усули (полиграфӣ) сохташуда, бо истифода ё бе истифодаи қисмҳои иловагии бозикунӣ;

- бозичаи мулоими пахтадор - бозичаи бастдор ва бебаст бо сатҳи мулоим ва пуркунандаҳо;

- бозичаи қолаб-нусха - бозичае, ки андозааш бо ҳаҷман хурд, дар муқоиса бо андозаҳои аслии намуна, муайян карда шудааст;

- истеҳсолкунанда - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ аз номи худ истеҳсол ва фурӯши бозичаҳоро амалӣ менамояд ва барои мутобиқати онҳо ба талаботи бехатарии Регламенти техникии мазкур масъул мебошад;

- воридкунанда - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ғайринамояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи савдои беруна баста, барои ворид намудани бозичаҳо, фурӯши ин бозичаҳоро анҷом медиҳад ва барои мутобиқати онҳо ба талаботи бехатарии Регламенти техникии мазкур масъул мебошад;

- маҷмӯи конструкторӣ - маҷмӯаи қисмҳои таркибиашон механикӣ ва (ё) барқӣ (электронӣ), ки барои аз онҳо сохтани бозичаҳои гуногун таъин шудаанд;

- маводи бозича - ҳамаи маводе, ки ба таркиби бозича дохил мешаванд;

- ба муомилот баровардани бозича дар бозор - раванди гузариши бозича аз истеҳсолкунанда ба истифодабаранда (харидор) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз анҷоми истеҳсолот амалӣ мешавад;

- бозичаи оптикӣ - бозичае, ки принсипи амалаш ба истифодаи принсипҳои геометрии оптикӣ асос ёфтааст;

- истифодабаранда - кӯдаки бозичаро аз рӯи таъйинот истифода баранда ва шахси ба ӯ нигаҳбоникунанда;

- харидор (истеъмолкунанда) - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки мақсад дорад бозичаро харидорӣ намояд ё харидааст;

- истифодабарӣ аз рӯи таъйинот - истифода намудани бозичаҳо мутобиқи таъйиноти онҳо, ки аз тарафи истеҳсолкунанда дар бозичаҳо ва (ё) дар ҳуҷҷатҳои истифодашаванда муқаррар мешавад;

- таваккал - ба ҳисоб гирифтани имконоти зараррасонӣ ва оқибати ин зарар барои ҳаёт ва саломатии кӯдак ва шахси нигаҳбоникунандаи вай;

- шахси аз тарафи истеҳсолкунанда ваколатдор - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки аз тарафи истеҳсолкунанда дар асоси шартнома бо он барои амалӣ намудани фаъолият аз номи ӯ ҳангоми тасдиқи мутобиқат ва ҷойгир намудани маҳсулот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин барои ба зимма гирифтани ҷавобгарӣ оид ба номутобиқатии бозичаҳо ба талаботи Регламенти техникии мазкур муайян шудааст;

- бозичаи функсионалӣ - бозичае, ки тарҳи (модели) маснуоти аз тарафи калонсолон истифодашаванда ё дастгоҳи монандкунандаи таъйинот ва иҷрокунандаи амалҳои он мебошад;

- бозичаи кимиёвӣ - маҷмӯи бозичаҳо барои гузаронидани таҷрибаҳои кимиёвӣ аз тарафи кӯдакон, ки аз як ё якчанд моддаҳои кимиёвӣ ва (ё) реактивҳои ба ин бозичаҳо ё бе онҳо ҳамроҳкардашуда иборат аст;

- бозичаи барқӣ - бозичае, ки лоақал як вазифаи он ба воситаи нерӯи барқ амалӣ карда мешавад.

4. Қоидаҳои муомилот дар бозор

5. Бозичаҳо дар ҳолати мутобиқат ба Регламенти техникӣ ва хамчунин дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои онҳо татбиқ карда мешавад ва бо шарте, ки онҳо тасдиқи мутобиқатро тибқи Регламенти техникии мазкур гузашта бошанд, барои муомилот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд.

6. Бозичаҳое, ки мутобиқаташон ба талаботи Регламенти техникӣ тасдиқ шудааст, бо нишонаи мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғагузорӣ мешаванд.

7. Бозичаҳое, ки бо нишонаи мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғагузорӣ намегарданд, барои ба муомилот баровардан ба бозор иҷозат дода намешаванд.

5. Талаботи бехатарӣ

8. Бозича бояд тавре коркард ва истеҳсол гардида бошад, ки ҳангоми истифода аз рӯйи таъйинот, он ба ҳаёт ва саломатии кӯдакон ва шахсони нигаҳбоникунандаи онҳо бехатар бошад ва мавҷуд набудани хатарҳоро таъмин намояд:

- вобаста ба конструксияи бозичаҳо;

- вобаста ба маводҳои истифодашаванда;

- дар алоқамандӣ бо истифодаи бозичаҳое, ки ивазкунии маводи он ҳангоми тағйир додани конструксияи онҳо, бе тағйирёбии амалҳо ва хусусияти асосии он имконнопазир аст.

9. Таваккал ҳангоми истифодаи бозичаҳо бояд ба хусусиятҳои синнусолии кӯдакон мувофиқат дошта бошад.

10. Маводе, ки аз онҳо бозичаҳо истеҳсол мешаванд, бояд тоза (бе ифлосӣ), сироятнашуда ва ба талаботи Регламенти техникӣ ва стандартҳои дар банди 58 Регламенти техникии мазкур нишондодашуда, мутобиқ бошанд.

11. Дар бозичаҳо барои кӯдакони то 3-сола, истифодаи мӯинаи табиӣ, чарми (пӯсти) асил, шиша, чиниворӣ, резинҳои патбарор, картон ва қоғазҳои нақшашон доначадор бо андозаи 3 мм ва камтар аз он, бе ҷилди дохилӣ, пуркунандаҳои бозичаҳо, шақшақаҳои ба онҳо монанд, ки андозаашон дар муҳити намнок зиёда аз 5 % афзоиш меёбад, иҷозат дода намешавад.

12. Дар бозичаҳо барои кӯдакони то 3-сола, кӯчиши моддаҳои кимиёвии дараҷаи хатарнокиашон 1 иҷозат дода намешавад.

13. Дар бозичаҳо истифода намудани маҳсулоти хоми дараҷаи дуюм, ки дар натиҷаи коркарди такрории маводи қаблан дар истифодабуда ба даст омадааст, мумкин нест. Барои истеҳсоли бозичаҳо истифодаи пасмондаҳои истеҳсолоти худӣ иҷозат дода мешавад.

14. Рӯйпӯши муҳофизатию ороишии бозичаҳо бояд ба намнокӣ, таъсири оби даҳони кӯдакон ва арақи бадан тобовар бошад.

15. Бозичаҳо бояд тавре тарроҳӣ ва истеҳсол шаванд, ки ҳангоми истифода, мувофиқи таъйинот ба ҳаёт ва саломатии кӯдакон ва шахсони нигаҳбоникунандаи онҳо хатар ворид насозанд.

16. Нишондиҳандаҳои ҳавосии бехатарии беҳдоштии бозичаҳо бояд ба талаботи муқаррарнамудани замимаи 2 Регламенти техникии мазкур мутобиқат намояд.

17. Бозича ва қисмҳои таркибии он, аз ҷумла қисмҳои васлкунандаи он бояд ба сарбориҳои механикие, ки ҳангоми истифодаи бозича мувофиқи таъйинот пайдо мешаванд, тобовар буда, он набояд аз ин гуна таъсир вайрон шавад ва бояд хусусиятҳои истеъмолии худро нигоҳ дошта тавонад.

18. Нӯгҳои дастрас, канораҳои тез, қисмҳои сахт, чандирҳо, қисмҳои пайвасткунанда, сӯрохиҳо, кунҷҳо, барҷастагиҳо, расанҳо, ресмон ва пайвандҳои бозичаҳо бояд хатари ҷароҳатгирии кӯдаконро истисно намоянд. Ихроҷшавии пуркунандаи моеъ дар бозичаҳо иҷозат дода намешавад.

19. Қисмҳои таркибии ҳаракаткунандаи бозича бояд дар кӯдакон хатари ҷароҳатбардорӣ надошта бошанд. Механизмҳои ҳаракатовар бояд ба кӯдакон дастнорас бошанд.

20. Бозича ва қисмҳои ба даҳон воридшавандаи бозичаҳо барои кӯдакони то 3-сола, ҳамчунин бозичаҳое, ки бевосита ба маҳсулоти хӯрокворӣ пайваст гардидаанд, бояд дорои андозаҳое бошанд, ки ба қисми болоии роҳи нафаси кӯдакон дохил нагарданд.

21. Дар пуркунандаҳои бозичаи пахтадори мулоим набояд дигар ашёҳои сахт ё тез мавҷуд бошанд. Дарзҳои дӯхтаи бозичаи пахтадори мулоим бояд сахту мустаҳкам бошанд.

22. Бозичае, ки дар дохили маҳсулоти хӯрокворӣ ҷойгир мегардад ва (ё) якҷоя бо маҳсулоти хӯрокворӣ ба фурӯш бароварда мешавад, бояд дорои борҷомаи худ бошад. Андозаи ин борҷомаҳо набояд боиси хавфи нафастангшавии кӯдак гардад. Дар берун ҷой додани бозичаҳои пластмассӣ бе борҷомакунӣ дар борҷомаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ иҷозат дода мешавад.

23. Бозича ва қисмҳои таркибии он бояд хатари нафастангкуниро дар кӯдакон истисно намояд.

24. Ниқобҳо ва тоскулоҳҳо барои бозӣ аз маводҳои ҳавоногузаре, ки сари кӯдаконро пурра мепӯшонанд, бояд тавре коркард ва истеҳсол шуда бошанд, ки дар натиҷаи ҳавокашии нокифоя, хатари нафастангшавии кӯдаконро истисно намоянд.

25. Бозичае, ки барои нигоҳдории ҷисми кӯдакон дар болои об таъин шудааст, бояд тавре коркард ва истеҳсол шавад, ки ҳавоногузар ва мустаҳкам бошад.

26. Бозичае, ки дар дохили онҳо кӯдак ҷойгир карда мешавад ва барои ӯ муҳити иҳоташуда ба ҳисоб меравад, бояд дорои сурохӣ барои баромад буда, аз дохил осон кушода шавад ва ҳамчунин дорои болопӯш бо сӯрохиҳои ҳавотозакунанда бошад.

27. Бозичаи кашонандаи вазни кӯдак ва барои равуои савораи он таъиншуда (ба ғайр велосипедҳои дучарха) бояд мустаҳкам ва устувор бошад. Бозичаҳо бо ҳаракатдиҳандаҳои механикӣ ва барқӣ, ки дорои механизми чархҳои даврзанандаи озод ё вазъи нейтралии суръатқуттӣ мебошанд, бояд дорои асбоби боздорӣ бошанд. Истеҳсоли бозичаҳое, ки дар болои худ вазни ҷисми кӯдакро мекашонанд ва барои саворшавӣ таъин шудаанд ва дар онҳо ҳаракати чархҳо бевосита бо даст ё пойи кӯдак ё тавассути ҳаракати механикӣ идора мегардад ва бозичаҳо бо ҳаракатоварандаҳои барқӣ бе истифодаи механизми боздорӣ иҷозат дода мешавад. Бозича бо ҳаракатдиҳандаи занҷирӣ, бояд бо сипарчаҳои муҳофизатӣ муҷаҳҳаз гардад. Такягоҳҳои болоии (сатҳии) бозичаҳо бояд дорои унсурҳои пешгирикунандаи лағжиш бошанд.

28. Бозичаи кашонандаи вазни кӯдак ва барои равуои савораи он пешбининагардида бояд бо назардошти чаппашавӣ сахт ва мустаҳкам сохта шавад.

29. Бозича бо олоте, ки тавассути механизми бакорандозӣ партофта мешавад, ҳамчунин олоти дорои қувваи кинетикӣ, бояд хавфи ҷароҳатбардории кӯдак ва (ё) шахси парасторикунандаи вайро ба ҳадди камтарин поин оварад.

30. Дар тарҳҳо ва намунаҳо барои васлкунии кӯдакони синни то 10сола лаҳим кардан иҷозат дода намешавад.

31. Бозичаи дорои унсурҳои гармкунанда, бояд тарзе истеҳсол шавад, ки омилҳои зеринро таъмин намояд:

- ҳарорати ҳама сатҳҳои дастрас барои муносибат, набояд дар ҳолати даст расонидан ба сӯхтан боис шавад;

- дараҷаи равшании ҷараёни интегралии нурафкании инфрасурх бояд ба талаботи бехатарии беҳдоштӣ, ки дар замимаи 2 Регламенти техникии мазкур муқаррар шудааст, мутобиқат намояд;

- моеъҳо, буғҳо ё газҳои дар бозича мавҷудбудае, ки ҳангоми хориҷшавӣ (агар ин амал барои ба кор даровардани бозича зарур бошад) метавонанд сӯзиш ё дигар захмҳоро ба вуҷуд оранд, набояд дорои ҳарорат ё фишори баланд бошанд.

32. Сатҳи ларзиши маҳдуд дар бозичаҳои манбаи ларзишдошта, дараҷаи овоз дар бозичаҳои овозбароранда бояд ба талаботи бехатарии беҳдоштӣ, ки дар замимаи 2 Регламенти техникии мазкур муқаррар шудааст, мутобиқат намояд;

33. Рангдиҳии сатҳи болоӣ ва нақшу нигори бозича-шақшақаҳо ва бозичаҳое, ки бо даҳони кӯдак муносибат доранд, иҷозат дода намешавад.

34. Дар бозичаҳои рӯйимизии чопӣ матн ва расмҳо бояд равшан ва нисбат ба зерманзари асосӣ возеҳ бошанд. Гузаштани ранг ба тарафи баргашти қоғаз ва картон иҷозат дода намешавад.

35. Бозичаи оптикӣ бояд тавре коркард ва истеҳсол шавад, ки хатари ба ислоҳи чашми кӯдакон алоқамандидоштаро ба ҳадди камтарин паст намояд.

36. Бозичаҳо бо истифодаи диодҳои равшанидиҳанда, набояд ба узвҳои биноии кӯдакон таъсири манфӣ расонида, нурафкании зарарнокро пайдо кунанд. Дар бозичаҳо истифодаи асбоби ҳама намудҳои нурафкании лазерӣ манъ карда мешавад.

37. Бозичаҳои пахтадори мулоим, либосҳои карнавалӣ ва маснуоти бозичаҳои карнавалӣ (масалан, ришҳо, мӯйлабҳо, мӯйҳои сунъӣ, ниқобҳо, тоҷҳо), ҳамчунин бозичаҳое, ки дар дохили онҳо кӯдакон метавонанд ҷойгир шаванд, бояд аз сӯхтор бехатар бошанд.

38. Маҷмӯи бозичаҳои дорои моддаҳои кимиёвӣ ва ба маҷмӯаҳо барои таҷрибаҳои кимиёвӣ дохилнашаванда, набояд модда ё реактивҳоеро, ки метавонад ҳангоми омехташавӣ алангаи оташро ба вуҷуд оваранд, ҳамчунин буғ ё газҳои зарарнокро ихроҷ намоянд, дар бар гиранд.

39. Бозича набояд хавфи таркиш ё қисмҳои таркибии (моддаҳо, мавод) тарканда, ки ҳангоми истифода хатарнок мегарданд, дошта бошад.

40. Бозича, аз он ҷумла бозичаҳои кимиёвӣ, набояд дорои модда ё реактивҳое бошанд, ки: - барои ба вуҷуд овардани омехтаҳои таркиш дар натиҷаи таъсири моддаҳо (реаксияҳо) ҳангоми гармкунӣ ва ҳамчунин ҳангоми пайвастшавӣ бо моддаҳои оксидшаванда имконият диҳанд; - барои ба вуҷуд овардани омехтаҳои буғ бо ҳаво, ки оташгиранда ё хатари таркиш доранд, имконият диҳанд.

41. Ҳангоми истифодаи бозичаҳо ба ҳадди камтарин овардани хатари зарар ба саломатии кӯдакон дар натиҷаи вуруди моддаҳои кимиёвӣ ба роҳҳои нафас, ба пӯст, пардаи луобӣ, чашм ё меъда зарур мебошад.

42. Сатҳи кӯчиш ва хориҷшавии моддаҳои зарарноки кимиёвӣ аз бозичаҳо бояд ба талаботи бехатарии беҳдоштӣ, ки дар замимаи 2 Регламенти техникии мазкур муқаррар шудааст, мутобиқат намояд.

43. Дар бозичаҳои кимиёвӣ ва маҷмӯаҳои бозикунӣ, ки дорои моддаҳои кимиёвӣ мебошанд ва ба маҷмӯаҳо барои таҷрибаҳои кимиёвӣ дохил намешаванд, истифодаи миқдори муайяни моддаҳо ё реактивҳо, агар мавҷудияти онҳо аз миқдори иҷозатдодашудаи ниҳоии барои ҳар як модда муқарраргардида зиёд набошад, иҷозат дода мешавад.

44. Нишондиҳандаҳои токсикологӣ-беҳдоштии бехатарии беҳдоштии бозичаҳо бояд ба талаботи дар замимаи 2 Регламенти техникии мазкур муқарраргардида мутобиқат намоянд.

45. Дар бозичаҳои барқӣ ва ҳамчунин дар ҳар як қисми таркибии онҳо шиддати номиналӣ набояд аз 24 В зиёд бошад.

46. Қисмҳои бозичаҳои бо манбаи нерӯи барқ васлгардида ё қобилияти васлкунидошта ва ҳамчунин симноқилҳои тофташуда (кабелҳо), симҳо бояд рӯйпӯш дошта бошанд ва бо мақсади истисно намудани хатари зарбарасонии шиддати барқӣ ба таври механикӣ муҳофизат шуда бошанд.

47. Сатҳи шиддатнокии майдонҳои электростатӣ, электромагнитӣ ва барқии бозичаҳои электронӣ ва электротехникӣ бояд ба талаботи бехатарии беҳдоштӣ, ки дар замимаи 2 Регламенти техникии мазкур муқаррар гардидааст, мутобиқат намояд. Барои бозичаҳои парвозкунанда бояд ресмонҳои ғайриметаллӣ истифода шаванд.

48. Нишондиҳандаҳои бехатарии радиатсионии (фаъолияти таъсирнокии нисбии радионуклидҳои табиӣ) бозичаҳои аз маводи табиӣ истеҳсолшуда бояд ба талаботи бехатарии беҳдоштӣ, ки дар замимаи 2 Регламенти техникии мазкур муқаррар гардидааст, мутобиқат намояд.

49. Нишондиҳандаҳои микробиологии бехатарии беҳдоштии бозичаҳо бояд ба талаботи дар замимаи 2 Регламенти техникии мазкур муқарраргардида, мутобиқат намоянд.

50. Борҷома бояд бехатар бошад ва хавфи ба нафасгиршавии кӯдак алоқамандидоштаро истисно намояд.

51. Бозича бояд дорои борҷомаи алоҳида ва (ё) гурӯҳӣ бошад. Агар борҷомае, ки дар он бозича ба фурӯш бароварда мешавад, ҳамчунин барои истифода пешбинӣ шуда бошад, он вақт он ҳамчун қисми таркибии бозича ҳисобида мешавад. Доираи истифодабарии борҷомаро истеҳсолкунанда муайян менамояд.

52. Тамғагузории бозичаҳо бояд боварибахш, санҷидашуда, аниқ, дақиқ, осон хондашаванда, барои муоина ва ҳаммонандсозӣ дастрас бошад.

53. Тамғагузорӣ аз тарафи истеҳсолкунанда (шахси ваколатдори истеҳсолкунанда) ва воридкунандаи маҳсулот амалӣ карда мешавад. Ҷой ва тарзи насби тамғагузорӣ аз тарафи истеҳсолкунада (шахси ваколатдори истеҳсолкунанда) ва воридкунанда муайян мегардад.

54. Тамғагузорӣ бояд дорои маълумоти зерин бошад:

- номгӯи бозича;

- номи кишвари истеҳсолкунандаи бозича;

- ном ва макони ҷойгиршавии истеҳсолкунанда (шахси ваколатдори истеҳсолкунанда), воридкунанда, маълумот барои тамос бо онҳо;

- тамғаи молии истеҳсолкунанда (ҳангоми мавҷудият);

- синни ҳадди ақалии кӯдак, ки бозича барои он таъин шудааст ё тасвирҳои шартии (пиктограммаи) ифодакунандаи синни кӯдак;

- маводи асосии тарроҳӣ (барои кӯдакони то 3-сола) (ҳангоми зарурат);

- тарзи нигоҳдории бозича (ҳангоми зарурат);

- санаи истеҳсол (моҳ, сол);

- мӯҳлати хизматрасонӣ (дар ҳолати муқаррар намудани он) ва мӯҳлати истифодабарӣ (ҳангоми ҷой додан дар маҳсулоти хӯрокворӣ);

- шароити нигоҳдорӣ (ҳангоми зарурат ва дар ҳолати ҷой додани бозича дар маҳсулоти хӯрокворӣ).

55. Вобаста аз намуди бозича дар мундариҷаи тамғагузорӣ дохил карда мешавад: маҷмӯъшуда (барои маҷмӯа), қоидаҳои истифодабарии бозича, тариқи коркарди беҳдоштӣ, чораҳои бехатарӣ ҳангоми истифодабарии бозича, навиштаҷоти огоҳкунанда, дастур барои пайваст намудан.

56. Маълумоти огоҳкунанда бояд дорои нишондод дар бораи чораҳои махсуси эҳтиётӣ ҳангоми истифодабарӣ, ки дар замимаи 3 Регламенти техникии мазкур дарҷ шудааст, бошад.

57. Тамғагузорӣ ва ҳуҷҷатгузории техникӣ, ки дар дохили борҷомаи бозичаҳо ҷой дода мешавад, бояд ба забонҳои давлатӣ ва (ё) русӣ иҷро карда шавад.

6. таъмини мутобиқати бозичаҳо ба талаботи бехатарӣ

58. Мутобиқати бозичаҳо ба Регламенти техникӣ бо иҷрои талаботи зерин таъмин карда мешавад:

- талаботи бехатарии беҳдоштии Регламенти техникӣ, ки дар замимаи 2 Регламенти техникии мазкур нишон дода шудааст;

- талаботи бехатарии Регламенти техникӣ, ба истиснои нишондодҳо дар сархати якуми банди мазкур, бевосита, ё ин ки талаботи стандартҳои дар Номгӯи стандартҳо ҷойдодашуда, ки дар натиҷаи истифодаи онҳо дар асоси ихтиёрӣ риояи талаботи Регламенти техникии мазкур таъмин мешавад.

59. Усулҳои санҷиши (ташхиси) бозичаҳо дар стандартҳое муқаррар карда мешаванд, ки ба Номгӯи стандартҳои дорои қоида ва усулҳои ташхис (санҷиш) ва ченкунӣ дохил мешаванд, аз ҷумла қоидаи интихоби намунаҳое, ки барои истифода ва иҷрои талаботи Регламенти техникии мазкур ва амалӣ намудани баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулот заруранд.

7. Сертификатсияи бозичаҳо

60. Бозичаҳои ба зермавқеи 9503 00 Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дохилшуда ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш баровардашаванда, бояд мутобиқи талаботи Регламенти техникӣ ва дигар регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои онҳо татбиқ мешавад, сертификатсия шаванд.

61. Сертификатсияи бозичаҳо аз тарафи мақоми сертификатсия, ки доираи аккредитатсияаш барои бозичаҳо татбиқ мешавад, дар асоси шартнома ва дархости байни дархостдиҳанда ва мақом оид ба сертификатсия амалӣ карда мешавад.

62. Сертификатсияи ҳар як миқдори бозичаҳо алоҳида гузаронида мешавад.

63. Тартиби амалӣ намудани сертификатсияи бозичаҳо амалҳои зеринро дар бар мегирад:

- пешниҳоди дархост;

- гирифтани намуна ва ҳаммонандсозии маҳсулот;

- гузаронидани ташхиси намунаи бозичаҳо дар озмоишгоҳҳои ташхисии аккредитатсияшуда;

- ҷамъбаст намудани натиҷаҳои ташхис ва қабул намудани қарор дар бораи ба дархостдиҳанда додани (дар бораи рад намудани) сертификати мутобиқат; 

- амалӣ намудани назорати санҷишии бозичаҳои сертификатсияшуда;

- гузаронидани чорабиниҳои ислоҳотӣ дар ҳолати номутобиқатии бозичаҳо ба талаботи муқарраршуда ва нодуруст истифода намудани нишонаи мутобиқати регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

64. Амали сертификати мутобиқат ба бозичаҳо метавонад аз тарафи мақомоти сертификатсия дар ҳолатҳои номутобиқатии талаботи Регламенти техникии мазкур, ки дар натиҷаи назорати санҷишӣ ва (ё) бо қарори мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, қатъ ё муваққатан боз дошта шавад.

65. Дархостдиҳанда ҳуқуқ дорад оид ба қарори мақомоти сертификатсия бо тартиби судӣ шикоят намояд.

8. Талабот ба тамғагузории бозичаҳо

66. Бозичаҳое, ки ба талаботи бехатарии Регламенти техникӣ мутобиқ мебошанд ва сертификатсияро мутобиқи моддаи 7 Регламенти техникии мазкур гузаштаанд, бояд дорои тамғагузорӣ бо нишони мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

67. Тамғагузорӣ бо нишони мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ба муомилот баровардани бозичаҳо амалӣ карда мешавад.

68. Нишони мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар худи бозича ва (ё) борҷомаи бозича (алоҳида, гурӯҳӣ, интиқолӣ) ва (ё) тамғақоғаз, медалён, тамғаи бор (аз ҷумла тамғаи дар бозичаҳо дӯхташуда), варақаҳои иловагӣ нишон дода шуда, ҳамчунин дар ҳуҷҷатҳои истифодабарии дар онҳо ҳамроҳшуда дарҷ карда мешаванд.

69. Нишони мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозича бо ҳама гуна роҳҳое, ки тасвири равшан ва саҳеҳи онро дар ҷараёни мӯҳлати истифодаи бозичаро таъмин менамояд, нишон дода мешавад.

70. Барои бозичаҳое, ки аз якчанд қисмҳо иборатанд, нишони мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он қисмҳое дарҷ карда мешавад, ки метавонанд дар бозор ба таври алоҳида ҷойгир карда шаванд.

71. Бозичаҳо бо нишони мутобиқат ба регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мутобиқати онҳо ба талаботи ҳамаи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои онҳо татбиқ карда мешавад ва дарҷ намудани нишони мазкурро пешбинӣ менамоянд, тамғагузорӣ карда мешаванд.

9. Назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи Регламенти техникӣ

72. Назорати (санҷиши) давлатӣ оид ба риояи талаботи Регламенти техникӣ нисбат ба бозичаҳо ва ба талаботи ба онҳо алоқаманди равандҳои истеҳсол (тайёркунӣ), нигоҳдорӣ, таҳвил (интиқол), фурӯш ва истифодаи партовҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

73. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Регламенти техникӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Замимаҳо