Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 № 374 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда"

Санаи амалкуни: 20.08.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433)

Мутобиқи моддаи 39(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, кумитаҳои кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшавандаро таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433).

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои Қоидаҳои мазкур ҳамасола то 30 декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 23 августи соли 2016 № 374

ш.Душанбе