Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 августи соли 2016, № 374
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда
1. Қоидаҳои мазкур мувофиқи моддаи 39(1) Қонуни Ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" таҳия карда шудаанд.
2. Муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда (минбаъд - муоина) ба таври ройгон гузаронида мешавад.
3. Мақсади гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда ин таъмини ҳуқуқи конститутсионии онҳо ба ҳаёт ва саломатӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули оилаи солим, пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва бемориҳои бо ирсият асоснокшуда мебошад.
4. Муоина ва машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои тарзи ҳаёти солим, танзими оила ва таъсири бемориҳо ба саломатии насл (минбаъдмашваратдиҳӣ) аз ҷониби табиби оилавӣ ва ҳангоми зарурат аз тарафи табиби соҳавии муассисаи давлатии тиббӣ (минбаъд - муассиса) дар маҳалли зист ё истиқомати доимӣ дар асоси аризаи никоҳшаванда гузаронида мешавад.
5. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаро дар бораи бастани ақди никоҳ танҳо ҳангоми мавҷуд будани маълумотномаи тасдиқкунандаи гузаштани муоинаи ҳар як шахси никоҳшаванда қабул мекунад.
6. Муоина дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимии шахси никоҳшаванда ва дар ҳолати мавҷуд будани ташкилоти идоравии тандурустӣ, дар ҷойи кор, хизмат ё таҳсил дар асоси ариза (замимаи №1) гузаронида мешавад.
7. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, барои бастани ақди никоҳ муоинаи тиббии ҳатмиро дар муассисаҳоя соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ гузашта, ақди никоҳи онҳо дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
8. Муоинаи тиббии шахсоне, ки дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озоди қарор доранд, дар муассисаҳои тиббии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
9. Муоина бояд дар давоми 14 рӯзи баъди муроҷиат намудан ба муассиса гузаронида шавад.
10. Муоинаи зани ҳомиладоре, ки хоҳиши бастани ақди никоҳро дорад, дар мӯҳлати то 7 рӯзи баъди муроҷиат гузаронида мешавад.
11. Муоина иборат аст, аз:
1) муоинаи умумиклиникии табиби оилавӣ ва ҳангоми зарурат аз тарафи мутахассисони соҳавӣ;
2) усулҳои озмоишгоҳӣ ва функсионалии тадқиқот:
- гузаронидани таҳлили хун ба аксуламали Вассерман (оташак);
- гузаронидани таҳлили иммуноферментӣ (ВНМО/БПНМ);
- флюорография/рентгенографияи қафаси сина (бемории сил);
- барои гепатити "В" ва "С".
12. Ҳангоми мавҷуд будани нишондодҳо табиби оилавӣ ба назди табибони соҳавии мувофиқ (табиби бемории сил, равонпизишк, нарколог, генетик ва ғайра) роҳхат медиҳад.
13. Дар холати аз ҷониби табиби соҳавӣ ошкор намудани бемории шакли сирояткунандаи сил, гепатити "В" ва "С", бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ шахси муоинашаванда барои муолиҷа то даврае, ки ба ҳаёт ва саломатии шахси дигари никоҳшаванда хатарнок нест, фиристода мешавад. Баъди анҷоми муолиҷа муоинаи такрорӣ гузаронида шуда, хулосаи мутахассиси соҳавӣ оид ба набудани зиддинишондод барои бастани ақди никоҳ дода мешавад.
14. Миқдори муоинаҳои такрорӣ маҳдуд карда намешавад.
15. Табиби оилавӣ дар асоси натиҷаи муоина, ҳангоми зарурати табобат ва хулосаи мутахассиси соҳавӣ, маълумотномаро оид ба натиҷаи муоина пешниҳод менамояд. Мӯҳлати амали маълумотнома 3 моҳ аст.
16. Муоинаи умумиклиникӣ ва гузаронидани усулҳои озмоишгоҳӣ ва функсионалии тадқиқот, машваратдиҳӣ ва муоинаи такрорӣ ройгон аст. Табобат аз тарафи шахсони никоҳшаванда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
17. Маълумот оид ба муоина ва натиҷаи он аз тарафи табиби оилавӣ дар картаи №024 (Картаи тиббии дармонгоҳӣ) сабт карда мешавад, ғайр аз ҳомиладороне, ки барои онҳо шакли №111/у (Картаи инфиродии занони ҳомиладор ва зоянда) таҳия карда мешавад.
18. Хулосаи табиби соҳавӣ оид ба гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахси никоҳшаванда (замимаи №2) ба табиби оилавӣ дода мешавад ва дар картаи №024 нигоҳ дошта мешавад.
19. Табиби оилавӣ ба ҳар як шахсе, ки дар маҳалли зист ё ҷои истиқомат хоҳиши бастанӣ ақди никоҳро доранд, дар хусуси гузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ маълумотнамаи бо имзо ва мӯҳри шахсии табиб дар варақаи идоравии муассисаи тиббӣ тасдиқшударо медиҳад (замимаи № 3).
20. Машваратдиҳӣ дар дафтари бақайдгирӣ оид ба гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда ба қайд гирифта мешавад (замимаи № 4).
21. Шинос намудани натиҷаи муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда аз ҷониби табиби оилавӣ сурат гирифта, дар маълумотнома оид ба гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахси никоҳшаванда бо имзои шахсони никоҳшаванда тасдиқ карда мешавад (замимаи № 3).
22. Натиҷаи муоина сирри тиббиро ташкил медиҳад.
23. Кормандони тиббӣ барои фош кардани сирри тиббӣ, дурустии маълумоти маълумотномаи муоинаи тиббӣ ва шахсони никоҳшаванда барои ғайриқонунӣ паҳн намудани натиҷаҳои муоина мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Замимаҳои 1-3