Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 августи соли 2016 № 373
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои коллексиякунонӣ ва банамоишгузории силоҳ, хамчунин маҳсулоти таркибан силоҳмонанд, тартиби истеҳсол, хариду фурӯш ва соҳиб шудан ба онҳо, банамоишгузорӣ, нигоҳ доштан ва интиқоли онҳо
1. Муқаррароти умумӣ
1. Қоидаҳои коллексиякунонӣ ва банамоишгузории силоҳ, ҳамчунин маҳсулоти таркибан силоҳмонанд, тартиби истеҳсол, хариду фурӯш ва соҳиб шудан ба онҳо, банамоишгузорӣ, нигоҳ доштан ва интиқоли онҳо (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби коллексиякунонӣ ва банамоишгузории силоҳ, ҳамчунин маҳсулоти таркибан силоҳмонанд, тартиби истеҳсол, хариду фурӯш ва соҳиб шудан ба онҳо, банамоишгузорӣ, нигоҳ доштан ва интиқоли онҳоро муқаррар менамояд.
2. Қоидаҳои коллексиякунонӣ, банамоишгузории силоҳ ва маҳсулоти таркибан силоҳмонанд
2. Коллексиякунонӣ, банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он ва маҳсулоти таркибан силоҳмонанд тибқи Қоидаи мазкур дар шакли зерин амалӣ карда мешавад:
- коллексиякунонӣ, банамоишгузории силоҳ, лавозимоти ҷангии он ва маҳсулоти таркибан силоҳмонанд дар ҷойҳои алоҳидаи ба ҳамин мақсад ҷудогардида дар осорхонаҳо;
- коллексиякунонӣ, банамоишгузории силоҳ, лавозимоти ҷангии он ва маҳсулоти таркибан силоҳмонанд дар осорхона ва муассисаҳои озмоишии махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллексиякунонӣ, банамоишгузории хусусии силоҳ, лавозимоти ҷангии он ва маҳсулоти таркибан силоҳмонанд дар ҷои истиқомати соҳиби силоҳ.
3. Маҳсулоте, ки барои истифодабарӣ дар корҳои хоҷагию маишӣ ва истеҳсолӣ таъин шудааст, ҳамчун силоҳ ҳисобида намешавад, аз ҷумла асбобҳои варзишӣ ва маҳсулоти таркибан силоҳмонанд.
4. Ҳама намуди истеҳсол, хариду фурӯши силоҳи коллексиякунонӣ, банамоишгузорӣ ва лавозимоти ҷангии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз гирифтани иҷозатнома амалӣ карда мешавад, ба истиснои истеҳсол, хариду фурӯш ва соҳиб шудан ба силоҳи коллексионӣ, ба намоиш гузошташаванда ва лавозимоти ҷангии он аз ҷониби ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда.
5. Тартиби додани иҷозатнома барои истеҳсол, хариду фурӯши силоҳи коллексионӣ, ба намоиш гузошташаванда, лавозимоти ҷангии он ва маҳсулоти таркибан силоҳмонанд, инчунин муҳлати амали он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муайян карда мешавад.
3. Қоидаҳои истеҳсоли силоҳи коллексионӣ, ба намоиш гузошташаванда лавозимоти ҷангии он ва маҳсулоти таркибан силоҳмонанд
6. Истеҳсоли силоҳи коллексякунонӣ, ба намоиш гузошташаванда ва лавозимоти ҷангии он, ҳамчунин маҳсулоти таркибан силоҳмонанд аз ҷониби шахсони ҳуқуқие, ки иҷозатнома доранд, бо мақсади ташвиқот, коркард, озмоиш, хариду фурӯш ва ороиши бадеӣ амалӣ карда мешавад.
7. Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ҳуқуқ доранд аз шахсони ҳуқуқие, ки иҷозатнома барои истеҳсол ва хариду фурӯши силоҳи коллексионӣ ва ба намоиш гузошташавандаро доранд, инчунин аз шаҳрвандоне, ки дар асоси қонунгузории амалкунанда соҳиби силоҳи коллексионӣ ва ба намоиш гузошташаванда гаштаанд, ба силоҳи коллексионӣ ва банамоишгузорӣ соҳиб шаванд.
8. Ба шахсони ҳуқуқие, ки иҷозатнома оид ба истеҳсоли силоҳи коллексионӣ ва ба намоиш гузошташавандаро доранд, амалҳои зерин манъ аст:
- истеҳсоли намуди силоҳ ва ё лавозимоти ҷангие, ки дар иҷозатнома дарҷ нагардидааст;
- аз худ кардани силоҳ ва лавозимоти ҷангие, ки танҳо барои содирот тибқи шароитҳои техникӣ ё ин ки мувофиқ будан ба талаботи давлати воридкунанда истеҳсол шудааст;
- истеҳсоли силоҳе, ки ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷавобгӯй намебошад.
4. Хариду фурӯши силоҳи коллексионӣ, ба намоиш гузошташаванда, лавозимоти ҷангии он ва маҳсулоти таркибан силоҳмонанд
9. Хариду фурӯши силоҳи коллексионӣ, ба намоиш гузошташуда ва лавозимоти ҷангии он, ҳамчунин маҳсулоти таркибан силоҳмонандро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - таҳвилгарон) амалӣ менамоянд, ки соҳиби иҷозатномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
10. Ба таҳвилгарон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:
- фурӯхтани силоҳи коллексионӣ, ба намоиш гузошташуда ва лавозимоти ҷангии он, ҳамчунин маҳсулоти таркибан силоҳмонанд, ба шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне, ки иҷозатнома барои соҳиб шудан ба силоҳи муайянро надоранд, ба истиснои он намуд силоҳе, ки барои соҳиб шудан ба онҳо иҷозатнома лозим намебошад;
- паҳн кардани силоҳҳои коллексионӣ, ба намоиш гузошташаванда ва лавозимоти ҷангии онҳо, ки тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда аз сертификатсияи мақоми ваколатдори давлатӣ нагузаштаанд, силоҳи бе рақам ва бе тамға, инчунин лавозимоти ҷангии бе тамға ва бе нишони стандарти давлатӣ;
- фурӯхтани силоҳҳои коллексионӣ, ба намоиш гузошташаванда ва лавозимоти ҷангии ои, ки ба талаботи санадҳои меъёрии ҳукуқии амалкунанда ҷавобгӯй намебошанд.
11. Шахсони ҳуқуқие, ки ҳуқуқи хариду фурӯши силоҳҳои коллексионӣ, ба намоиш гузошташаванда ва лавозимоти ҷангии онҳоро доранд, уҳдадоранд:
- ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ, ииҷзатнома барои хариду фурӯши силоҳ ва лавозимоти ҷангии онро дошта бошанд;
- сертификати мутобиқати силоҳи фурӯхташаванда ва лавозимоти ҷангии он, инчунин рухсатномаи мақомоти корҳои дохилиро барои нигоҳ доштани чунин силоҳҳо дошта бошанд;
- аз шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳро доранд, рухсатнома барои харидории чунин намуди силоҳро талаб намоянд, ба истиснои силоҳе, ки барои харидориаш рухсатнома лозим нест;
- дар рухсатномаи шахсони ҳуқуқӣ силоҳи ба онҳо фурӯхташударо қайд намоянд;
- риояи қоидаҳои нигоҳдории силоҳи коллексионӣ ва лавозимоти ҷангии онро таъмин намоянд.
12. Шахсони ҳуқуқи ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд силоҳи коллексионии худро, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ" дар ихтиёр доранд, фурӯшанд ё ройгон диҳанд:
- ба шахсони ҳуқуқие, ки иҷозатнома барои хариду фурӯши силоҳи коллексионӣ, ба намоиш гузошташаванда ва лавозимоти ҷангии онро доранд, инчунин ба ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда бо пешакӣ хабардор намудани мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба онҳо иҷозатнома додааст;
- ба шаҳрвандоне, ки иҷозатнома барои коллексиякунонӣ, банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии онро доранд - пас аз азнавбақайдгирӣ дар мақомоти корҳон дохилӣ, ки силоҳ дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст.
5. Соҳиб шудан ба силоҳи коллексионӣ, ба намоиш гузошташуда ва лавозимоти ҷангии он
13. Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда барои соҳиб шудан ба силоҳи коллексионӣ, ба намоиш гузошташуда ва лавозимоти ҷангии он бидуни гирифтани иҷозатномаи мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд. Соҳиб шудан ба силоҳи коллексионӣ ва ба намоиш гузошташуда ва лавозимоти ҷангии он аз ҷониби тайшкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда бояд бо ҳуҷҷатҳои шаклашон муқарраргардида ба расмият дароварда шавад, ки номгуй, шакл ва тартиби пешбурди онҳоро ташкилотҳои номбурда муайян менамоянд.
14. Шахсони ҳуқуқ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қоидаҳои мазкур пас аз гирифтани иҷозатномаи мақомоти корҳои дохилӣ барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ ин силоҳ ҳуқуқ пайдо мекунанд. Шакли иҷозатномаро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
15. Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ҳуқуқ доранд ба дигар ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ силоҳеро, ки ба маълумоти сирри давлатӣ алоқаманд намебошад, фурӯшанд ё ройгои диҳанд.
16. Барои гирифтани иҷозатнома оид ба соҳиб шудан ба силоҳи коллексионӣ, ба намоиштузошташуда ва лавозимоти ҷангии он шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон бояд ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи хаттӣ пешниҳод намоянд, ки ба он ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- ҳуҷҷатҳое, ки дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дарҷ гардидааст;
- рӯйхати кормандон (барои шахсони ҳуқуқӣ) бо қайди насаб, ном, номи падар, вазифа, санаи таваллуд ва ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба гузаштани санҷиши донистани қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона бо силоҳ;
- нусхаи фармонҳои роҳбарони шахсони ҳуқуқӣ оид ба таъин намудани кормандон ба вазифа ва ба таври инфиродӣ вобаста намудани силоҳ;
- расид оид ба супоридани ҳаққи пардохти яквақта барои баррасии ариза ва додани иҷозатнома оид ба коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ.
17. Ариза ва маводе, ки барои соҳиб шудан ба силоҳи коллексионӣ, ба, намоиш гузошташаванда ва лавозимоти ҷангии он ба Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон ворид мегардад, дар муддати як моҳ баррасӣ карда мешавад. Дар ҳолати рад намудан, дар ин хусус ба шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон бо ишораи сабабҳои радкунӣ ба таври хаттӣ хабар дода мешавад.
18. Мақомоти корҳои дохилӣ метавонанд пеш аз додани иҷозатнома оид ба соҳиб шудани силоҳи коллексионӣ, ба намоиш гузошташуда ва лавозимоти ҷангии он бо таври иловагӣ шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз қайдҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ оид ба надоштани доғи судӣ ва марказҳои клиникии наркологӣ ва касалиҳои рӯҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронад.
19. Қоидаҳои банамоишгузорӣ, нигоҳ доштан ва интиқоли силоҳи коллексионӣ ва лавозимоти ҷангии он тибқи талаботи Замимаи 1 амалӣ карда мешавад.