Тартиби фаъолияти маҳфуздорандаи марказӣ аз 23 августи соли 2016, № 372

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "23" августи соли 2016, № 372

тасдиқ шудааст

Тартиби фаъолияти маҳфуздорандаи марказӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур хусусиятҳои вазъи ҳуқуқӣ ва фаъолияти маҳфуздорандаи марказӣ (минбаъд - маҳфуздоранда), тартиби ба он додани мақоми маҳфуздорандаи марказӣ, инчунин хусусиятҳои назорати фаъолияти маҳфуздорро муқаррар менамояд.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

- маҳфуздоранда - иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок мебошад, ки таъсис ва фаъолияти онро Тартиби мазкур муқаррар менамояд;

- депонент - шахсе, ки аз хизматрасониҳои маҳфуздоранда оид ба нигоҳдории коғазҳои қиматнок, сертификатҳои коғазҳои қиматнок ва (ё) баҳисобгирии ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок истифода мебарад.

Мафҳуми "депонент" инчунин барои қайд намудани эмитент ё ташкилоти клирингӣ, ки ба онҳо ҳисоби депо ё ҳисоби намуди дахлдор кушода шудааст, истифода мешавад, агар зарурати қайд намудани хусусияти хизматрасонии ба шахсони зерин набошад;

шартнома - шартномаи ҳисоби депо (шартномаи маҳфуздорӣ), ки маҳфуздоранда бо депонент бастааст ва муносибатҳои онҳоро дар ҷараёни фаъолияти маҳфуздорӣ танзим менамояд;

ҳисоби депо - маҷмӯи сабтҳо дар маҳфуздоранда, ки барои баҳисобгирии коғазҳои қиматнок муқаррар шудаанд;

мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок - мақоми давлатие, ки танзим ва назорати бозори коғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд.

2. Тартиби таъсиси маҳфуздоранда

3. Иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ҳамчун муассис метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуздорандаро таъсис диҳанд.

4. Маҳфуздоранда дар шакли ҷамъмяти саҳомӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

5. Маҳфуздоранда фаъолияти худро пас аз гирифтани иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти маҳфуздорӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими коғазҳои қиматнок (минбаъд мақоми ваколатдори давлатӣ) дода мешавад, амалӣ менамояд.

6. Тартиб ва шартҳои додани иҷозатномаи маҳфуздорандаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

7. Даромади маҳфуздоранда барои ҷуброни хароҷот вобаста ба амалӣ намудани вазифаҳои худ, барои рушди техникӣ ва иҷтимоии маҳфуздоранда истифода бурда мешавад.

8. Маблағҳои маҳфуздоранда аз ҳисоби зерин ташкил мешаванд:

- фурӯши коғазҳои қиматноки худи маҳфуздоранда;

- қарзҳо; - ҷамъовариҳои комиссионӣ барои хизматрасонии маҳфуздоранда;

- маблағҳои аз хизматрасонии иттилоотӣ, машваратӣ ва дигар хизматрасониҳо бадастоварда.

9. Мақоми идоракунандаи маҳфуздоранда, вазифа ва салоҳияти онҳо, тартиби ташаккул ва аз ҷониби онҳо қабул намудани қарорҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи маҳфуздоранда муайян карда мешавад.

3. Трансфер-агентҳои маҳфуздоранда

10. Трансфер-агентҳои маҳфуздоранда филиалҳои маҳфуздоранда буда, бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳо оид ба қабул, бақайдгирӣ ва супоридани фармонҳои депонентҳо барои анҷом додани амалиёт бо коғазҳои қиматнок ба маҳфуздоранда ва супоридани дигар маълумот таъсис дода мешаванд.

11. Таъсис ва бақайдгирии трансфер-агентҳо тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

12. Трансфер-агентҳо вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:

- қабул, бақайдгирӣ, иҷро ва таҳвили фармонҳо ба маҳфуздоранда, ҳамчун ҳуҷҷати изҳоркунандаи иродаи депонентҳо ба маҳфуздоранда;

- ба депонент додани тасдиқномаи иҷрои аҳдҳо аз ҷониби маҳфуздоранда;

- таҳвили маълумот аз эмитент ба депонент.

13. Муносибатҳои маҳфуздоранда бо трансфер-агентҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи маҳфуздоранда муайян карда мешаванд.

4. Фаъолияти маҳфуздорандаи марказӣ

14. Бо мақсади пешбурди баҳисобгирии ҳуқуқ, бақайдгирии аҳдҳо ва тасдиқи ҳуқуқ ба коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ва дигар воситаҳои молиявии депонентҳои худ (мизоҷони онҳо), маҳфуздоранда суратҳисобҳои (зерҳисобномаҳои) депонентҳоро (мизоҷони онҳоро) мекушояд ва баҳисобгирии ҳамаи амалиётҳоро аз рӯи суратҳисобҳо (зерҳисобномаҳо) бо қайди сана, вақт ва асосҳо барои гузаронидани онҳо амалӣ менамояд.

15. Барои таъмини маҳфуз нигоҳ доштани воситаҳои молиявии депонентҳо (мизоҷони онҳо) маҳфуздоранда нигоҳдории воситаҳои молиявиро дар алоҳидагӣ аз воситаҳои молиявие, ки ба худи маҳфуздоранда тааллуқ доранд, таъмин менамояд.

16. Воситаҳои молиявии ба дорандагии номиналии маҳфуздоранда додашуда дар тавозуни маҳфуздоранда инъикос нашуда, дар ҳисобҳои ғайритавозунӣ нигоҳ дошта мешаванд.

17. Маҳфуздоранда шароити заруриро барои нигоҳдошти воситаҳои молиявӣ, ки дар шакли ҳуҷҷатӣ ва ғайриҳуҷҷатӣ бароварда шудаанд ва сабтҳо оид ба ҳуқуқи депонентҳо ба онҳо (мизоҷони онҳо), аз ҷумла бо роҳи истифодаи низоми такрории чунин маълумот ва низоми бехатарии нигоҳдории сабтҳо, таъмин менамояд.

18. Маҳфуздоранда нигоҳдории воситаҳои молиявии ҳуҷҷатӣ ва ғайриҳуҷҷатиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

19. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои агенти пардохткунанда оид ба аҳдҳо бо воситаҳои молиявӣ, ки дар дорандагии номиналӣ қарор доранд, инчунин оид ба додани даромад аз коғазҳои қиматнок ва ҳангоми пардохти онҳо, маҳфуздоранда дар як вақт ба депонентҳо (мизоҷони онҳо) суратҳисобҳо (зерҳисобномаҳо) дар низоми баҳисобгирии дорандагии номиналӣ ва суратҳисобҳои ҷорӣ мекушояд.

20. Баҳисобгирии маблағҳои депонент ва мизоҷони он аз ҷониби маҳфуздоранда дар алоҳидагӣ бо роҳи кушодани ду суратҳисоби ҷорӣ анҷом дода мешавад.

21. Маблағҳои депонентҳо ва мизоҷони онҳо дар суратҳисобҳои ҷорӣ, ки дар маҳфуздоранда кушода шудаанд, дар суратҳисобҳои ғайритавозунӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд ва онҳо аз рӯи уҳдадориҳои маҳфуздоранда мавриди ситониш қарор дода намешаванд.

22. Ҳисоббаробаркунии маблағҳо ҳангоми бастани аҳдҳо бо воситаҳои молиявӣ аз ҷониби маҳфуздоранда ё ташкилоти қарзӣ бо супориши маҳфуздоранда амалӣ карда мешавад.

23. Маҳфуздоранда танҳо пас аз гирифтани розигии мақоми ваколатдори давлатӣ ба коғазҳои қиматнок ҳуқуқи гузоштани Рақами мушаххасоти байналмилалии коғазҳои қиматнокро ISIN (International Securities Identification Number)дорад.

24. Пас аз гирифтани розигии мақоми ваколатдори давлатӣ маҳфуздоранда мустақилона ба коғазҳои қиматнок Рақами мушаххасоти байналмилалии коғазҳои қиматнок ISIN (International Securities Identification Number) мегузорад.

25. Барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии маҳфуздоранда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

5. Кодекси одоби касбии маҳфуздорандаи марказӣ

26. Кодекси одоби касбии маҳфуздоранда бояд расмиёти зеринро дар бар гирад:

- ошкор ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо;

- пешгирии аз ҷониби роҳбар ва кормандони маҳфуздоранда истифода намудани маълумоте, ки дар ихтиёри маҳфуздоранда қарор дорад;

- ҳифзи сирри тиҷоратӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда;

- риояи дигар стандартҳои одоби касбӣ.

27. Кодекси одоби касбии маҳфуздоранда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи тартиби муайянамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

6. Вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои маҳфуздоранда

28. Маҳфуздоранда дар фаъолияти худ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- вазифаи дорандаи номиналии коғазҳои қиматноки депонентҳо;

- иҷрои ахдҳо бо коғазҳои қиматнок;

- тасдиқ намудани ҳуқуқҳои депонентҳо ва мизоҷони онҳо ба коғазҳои қиматнок;

- ҳамкории мутақобила бо иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок;

- таҳвили коғазҳои қиматнок;

- таъсиси трансфер-агентҳо - филиалҳои маҳфуздоранда, ки вазифаҳои қабул ва таҳвили фармони депонентҳоро ба маҳфуздоранда барои анҷом додани амалиёт бо коғазҳои қиматнок ва тасдиқи расмиёт ва қоидаҳои фаъолияти онҳо анҷом медиҳанд;

- фаъолияти хисоббаробаркунию клирингӣ;

- хизматрасониҳои машваратӣ, иттилоотӣ ва дигар намудҳои хизматрасоние, ки Қоидаҳои маҳфуздоранда пешбинӣ кардаанд.

29. Ҳуқуқҳои маҳфуздоранда:

- боздоштани корҳо бо ҳисобномаи депо дар мавриди аз тарафи депонентҳо вайрон кардани Қоидаҳои маҳфуздоранда;

- боздоштани иҷрои фармоиҳои депонент ҳангоми гирифтани огоҳиномаи дахлдор аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ва дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

30. Уҳдадориҳои маҳфуздоранда:

- анҷом додани ахдҳо бо коғазҳои қиматноки депонентҳо дар асоси фармонҳои онҳо;

- бақайдгирии ҳуқуқ ба коғазҳои қиматноки депонентҳо ва додани тасдиқномаи ин ҳуқуқҳо;

- ба ташкилоти қарзӣ додани супориш оид ба таҳвили маблағҳои пулӣ вобаста ба суратҳисобҳои депонентҳо;

- масъулият - иҷро накардани дигар амалҳо бо коғазҳои қиматноки депонент, ғайр аз амалҳое, ки бо фармони депонент иҷро мешаванд;

- махфият - ба шахсони сеюм фош накардани маълумот оид ба ҳисоби депои муштарӣ бе супориши мустақими худи мизоҷ, ба истиснои мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда;

- пешбурди ҳисобҳои депои депонентҳо бо нишон додани сана ва асосҳо барои гузаронидани ҳамаи амалиёт;

- риоя намудани технологияи пешбурди ҳисобҳои депо ва баҳисобгирии коғазҳои қиматнок, ки тибқи Қоидаҳои маҳфуздоранда муқаррар карда шудаанд;

- ба депонент додани итилооте, ки ба ҳисоби депои ӯ дахл дорад;

- мунтазам ва бо талаби депонент додани иттилоот оид ба ҳолати тавозуни ҳисобҳои депонент;

- пешбурди ҳисоботи хаттии маҳфуздоранда дар бораи иҷрои фармонҳои депонент;

- бақайдгирии далелҳои гарониҳои коғазҳои қиматноки депонент;

- бо супориши депонент ба бақайдгирамда додани маълумот дар бораи соҳибони коғазҳои қиматнок.

7. Қоидаҳои маҳфуздоранда

31. Қоидаҳои маҳфуздоранда (минбаъд - Қоидаҳо) ҳуҷҷате мебошад, ки муқаррар намудани муносибатҳои байниҳамдигарии маҳфуздорандаро бо иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок муайян намуда, принсипҳо ва тартиби иҷрои аҳдҳоро бо коғазҳои қиматнок муқаррар мекунад.

32. Қоидаҳои амалӣ намудани фаъолияти маҳфуздоранда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаваид.

33. Қоидаҳо муқаррароти зеринро дар бар мегиранд:

- баҳисобгирии воситаҳои молиявӣ;

- суратҳисоб ва зерҳисобномаҳо;

- фармонҳои маҳфуздоранда;

- ба хизматрасони қабул намудани воситаҳои молиявӣ;

- бақайдгирии аҳдҳо ва дигар амалиётҳо бо воситаҳои молиявӣ;

- ҳисоб ва тақсим намудани дивидендҳо (мукофот);

- ҳисоботдиҳии маҳфуздоранда;

- пардохти хизматрасониҳои маҳфуздоранда;

- шартномаи хизматрасонин маҳфуздорӣ.

8. Ҳисобҳои депо

34. Ҳисоби депо инҳоро дар бар мегирад:

- варақаи депонент;

- маълумот дар бораи баҳисобгирии ҳаракати ҳуқуқҳо ба коғазҳои қиматнок, ки ба депонентҳо ва мизоҷони онҳо тааллуқ доранд, ба гарониҳои коғазҳои қиматноки депонент бо уҳдадорӣ;

- бойгонии ҳисоби депо;

- иттилооти хизматӣ ва маълумотдиҳӣ.

35. Анкетаи депонент бояд маълумот дар бораи соҳиби ҳисоби депо, суроғаи ӯ, рақами телефонҳо ва дигар воситаҳои алоқа, мушаххасоти бонкӣ, инчунин маълумот дар бораи шахси боваринок ва ваколатҳои онҳоро дар бар гирад.

36. Анкетаи депонентҳо ҳангоми дар маҳфуздоранда кушодани ҳисоби депо пур карда мешавад ва ба он дар асоси фармони хаттии депонент тасҳеҳот даровардан мумкин аст. Ҷавобгарӣ барои дурустии маълумоти дар аикета дарҷшуда ба зиммаи депонент вогузор мегардад.

37. Қайд кардани ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок дар маҳфуздоранда бо роҳи кушодан ва пешбурди ҳисоби депо барои ҳар як депонент анҷом дода мешавад. Ҳисоби депо ҳисоби ғайритавозунӣ мебошад ва коғазҳои қиматноки депонентҳо, ки дар хизматрасонӣ дар маҳфуздоранда мавҷуд мебошанд, дар тавозуни асосии муҳосибавии маҳфуздоранда инъикос намешаванд.

38. Баҳисобгирии коғазҳои қиматнок дар ҳисобҳои депо дар алоҳидагӣ бо тақсими онҳо вобаста ба намуд ва рақамҳои идентификатсионии коғазҳои қиматнок сурат мегирад.

39. Қайд кардани ҳуқуқ ба коғазҳои қиматноки депонентҳо ва мизоҷони онҳо ҷудогона дар зерҳисобномаҳои алоҳида анҷом дода мешавад.

40. Баҳисобгирии гарониҳои коғазҳои қиматноки депонентҳо мутобиқи фармони депонент анҷом дода мешавад. Шартҳо ва тартиби анҷом додани аҳдҳоро бо коғазҳои қиматноки бо ягон ӯҳдадории гаронидашуда Қоидаҳои маҳфуздоранда ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

41. Ҳуҷҷатҳое, ки дар онҳо маълумот оид ба тамоми амалиётҳои анҷомдодаи маҳфуздоранда, инчунин ҳамаи фармомҳои депонентҳо ва ҳисоботҳои маҳфуздоранда бо тартиби хронологӣ инъикос шудаанд, бойгонии ҳисобҳои депо мебошанд. Тартиби ташкил ва пешбурди бойгонии ҳисобҳои депоро мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

9. Тартиби гузаронидани амалиёт

42. Асос барои гузаронидани ҳама гуна амалиёт аз ҷониби маҳфуздоранда фармонҳои депонентҳо мебошанд, ки дар мутобиқат бо Қоидаҳои маҳфуздоранда тартиб дода шудаанд.

Ҳангоми гирифтани фармон чунин амалҳо иҷро карда мешаванд:

- қабули фармонҳо аз депонентҳо;

- санҷиши дуруст ба расмият даровардани фармонҳо;

- муқаррар иамудани рақамҳои бақайдгирии фармонҳо;

- муқоисаи фармонҳои мутақобилаи депонентҳо;

- санҷиши мавҷудият ва бастани коғазҳои қиматнок дар ҳисоби депо, ки барои гузаронидани амалиёт заруранд;

- додани огоҳинома оид ба қабули фармон ё дар бораи қабул накардани фармон аз тарафи депонент (ҳангоми зарурат);

- додани фармон оид ба ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ вобаста ба ҳисобҳои депонентҳо ба ташкилоти қарзӣ;

- гирифтани тасдиқномаи ташкилоти қарзӣ оид ба анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ;

- интиқоли коғазҳои қиматнок;

- хабардор кардани депонентҳо оид ба иҷрои фармонҳо.

43. Фармон дар шакли хаттӣ дар ду нусха ва дар шакли электронӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби шахси ваколатдори депонент имзо карда мешавад.

44. Барои тезонидани амалиёт бо коғазҳои қиматнок ва содда гардонидани механизми ҳисоббаробаркуниҳо дар мавриди бисёр будани шумораи амалиётҳо дар муддати фосилаи кӯтоҳи вақт истифодаи клиринг (ҳисоббаробаркунӣ) вобаста ба муомилоти иҷрошаванда, мумкин аст.

45. Ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ дар асоси супоришҳои маҳфуздоранда ба ташкилоти қарзӣ ҷиҳати аз ҳисоб баровардан ё ба ҳисоб гирифтани маблағҳои пулӣ аз ҳисобҳои депонентҳо амалӣ мегарданд.

46. Қоидаҳои амалӣ намудани фаъолияти ҳисоббаробаркунию клирингӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

47. Амалиётҳои ҳисоббаробаркунии маҳфуздоранда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

48. Тартиби амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ байни депонентҳои маҳфуздоранда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

10. Ҳисоботдиҳии маҳфуздоранда

49. Маҳфуздоранда дар назди депонент (мизоҷи ӯ) оид ба ҳолати суратҳисоби (зерҳисобномаи) ӯ, ҳисоби ҷорӣ ва амалиётҳое, ки аз рӯи ҳисобҳои мазкур гузаронида мешаванд, ҳисобот медиҳад.

50. Муҳлати пешниҳод намудани иқтибос аз суратҳисобҳо (зерҳисобномаҳо) ва ҳисобҳои ҷории депонентҳо (мизоҷони ӯ) бо Қоидаҳои маҳфуздоранда ва шартномаи дорандагии номиналӣ муқаррар карда мешавад.

51. Маҳфуздоранда оид ба фаъолияти худ ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисобот медиҳад. Тартиби додани ҳисоботи маҳфуздоранда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

11. Муқаррароти хотимавӣ

52. Масъалаҳое, ки дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти маҳфуздорӣ ба амал меоянд ва бо Тартиби мазкур ба танзим дароварда нашудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл карда мешаванд.