Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд аз 23 августи соли 2016 № 371

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 августи соли 2016, № 371

тасдиқ шудааст

Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур қоидаҳои пардохти нафақа ва истифодаи маблағҳои нафақаро дар давраи будубоши нафақагир дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоии (минбаъд - муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ) системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Пардохти нафақа дар давраи будубоши нафақагир дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон

2. Ҳангоми ба расмият даровардани ҷойгиркунии нафақагир дар муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ маъмурияти он вазифадор аст, ки дар муҳлати на зиёдтар аз панҷ рӯз дар ин хусус мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкурро расман огоҳ намояд.

3. Сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ баъд аз гирифтани огоҳинома дар муҳлати на дертар аз се рӯз аз сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа, ки дар он ҷо нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ҳуҷҷатҳои нафақавиашро дархост менамояд.

4. Баъди дастрас шудани ҳуҷҷатҳои нафақавӣ сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ онро ба қайд мегирад ва пардохти нафақаи нафақагирро дар давраи будубошаш дар муассисаи мазкур амалӣ менамояд.

5. Ба шахсоне, ки бошандагони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошанд ва ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ доранд, нафақа ҳармоҳа ба андозаи 20 фоизи нафақаи таъиншуда, вале на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида пардохт карда мешавад.

6. Ба шахсоне, ки бошандагони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошанд ва ба нафақаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд, нафақа ҳар моҳ ба андозаи 10 фоизи нафақаи таъиншуда, вале на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида пардохт карда мешавад.

7. Пардохти нафақа ба нафақагироне, ки бошандаи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошанд, тавассути филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар маҳалли ҷойгиршавии чунин муассисаҳо аз рӯи меъёрҳои бо ҳамин Тартиб муқарраршуда анҷом дода мешавад.

3. Пардохти нафақа дар давраи будубоши нафақагир дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои беморони рӯҳӣ

8. Ҳангоми ба расмият даровардани ҷойгиркунии нафақагир дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои беморони рӯҳӣ маъмурияти он вазифадор аст дар муҳлати на зиёда аз панҷ рӯз сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаи мазкурро дар ин хусус расман огоҳ намояд.

9. Пардохти маблағи нафақаи нафақагироне, ки дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои беморони рӯҳӣ ҷойгир карда шудаанд, аз ҷониби сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳо тавассути интиқол додани он ба андозаи бо Тартиби мазкур муайяншуда ба ҳисоби депозитии муассиса, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васӣ маҳсуб меёбад, анҷом дода мешавад.

10. Маблағҳои нафақа, ки ба ҳисоби депозитии муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ворид мегарданд, дар асоси қарори Комиссияи васоят (минбаъд - Комиссия), ки аз ҷониби директори муассиса аз ҳисоби намояндаҳои маъмурияту муҳосибот ва кумитаи иттифоқи касаба таъсис дода мешавад, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсии нафақагирон истифода бурда мешавад. Раиси Комиссия роҳбари муассиса мебошад.

11. Ба доираи вазифаҳои Комиссия инҳо дохил мешаванд:

- ҳармоҳа тартиб додани рӯйхати молу маҳсулот барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсии нафақагирон;

- расман муқаррар намудани шахси (шахсони) масъул барои харидории молу маҳсулот ва расонидани он ба нафақагирон.

12. Қарори Комиссия бо протокол ба расмият дароварда мешавад. Протоколҳо бо имзои директор ва сармуҳосиби муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва муҳри он тасдиқ гардида, дар китоби алоҳида қайд шуда, варақаҳои он дӯхта ва рақамгузорӣ мешаванд.

13. Истифодаи маблағҳои нафақавие, ки дар ҳисоби депозитии муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошанд, бо қарори Комиссия аз ҷониби муҳосиботи он бо тартиби муқарраршуда анҷом дода мешавад.

14. Хариди молу маҳсулот барои эҳтиёҷоти шахсии нафақагирон бо санаде, ки ба он супоришномаҳои пулӣ, чекҳо, ҳисобномаҳоборхатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои молиявӣ замима мегарданд, тасдиқ карда мешавад.

15. Оид ба дастрас гардонидани молу маҳсулоти ба муассисаи давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ воридгардида ба нафақагирон аз тарафи шахсони масъул ҳуҷҷати алоҳида тартиб дода шуда, он бо имзои директори муассисаи мазкур тасдиқ карда мешавад.

16. Маблағҳое, ки аз сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа тавассути филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ба муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ ворид мегарданд, дар китоби "Даромади хазина" ба қайд гирифта шуда, дар он барои ҳар як нафақагир алоҳида варақаи ҳисоб кушода мешавад.

17. Дар асоси қарори Комиссия ба варақаҳои ҳисоб сабтҳо дар бораи беэътибор дониста шудани маблағҳои масрафгардида ворид карда шуда, бақияи маблағҳои истифоданашуда нишон дода мешавад.

18. Дар сурати ба дигар муассисаи хизматрасонии иҷтимоии гузаронидани нафақагир барои беморони рӯҳӣ, маблағи истифоданашудаи нафақаи ӯ ба ҳисоби депозитии муассисае, ки нафақагир ба он гузаронида шудааст, бо тартиби муқарраргардида интиқол дода мешавад.

19. Дар сурати аз қайди муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ баровардани нафақагир бо сабаби қобили амал эътироф шуданаш, маблағи истифоданашудаи нафақа аз тарафи муассиса ба ӯ пардохт карда мешавад.

20. Дар ҳолати фавти нафақагире, ки васии он муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ мебошад, маблағи истифоданашудаи нафақаи ӯ, ба истиснои маблағҳои дар ҳисоби инфиродии захиравиаш бақиямонда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа бозпас гардонида мешавад.

21. Маблағҳои дар ҳисоби инфиродии захиравии нафақагири фавтида бақиямонда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворисони ӯ пардохта мешаванд. Дар ҳолати набудани ворисон истифодаи ин маблағҳо тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад.

22. Комиссия аз рӯи хароҷоти мақсадноки маблағҳои нафақавӣ назорати доимӣ аиҷом медиҳад.

4. Тартиби қатъ намудани пардохти нафақа ҳангоми аз муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ хориҷ шудан ё фавти нафақагир

23. Дар ҳолати аз муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ хориҷ шудан ё фавти нафақагир, маъмурияти он вазифадор аст дар муҳлати на зиёда аз панҷ руз дар ин хусус ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкур маълумот диҳад. Дар хабарнома бояд сана ва сабаби аз қайди муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ баровардани нафақагир нишон дода шавад.

24. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа гузаронидани маблағи нафақаро аз моҳи ояндаи пас аз фаро расидани чунин ҳолат қать менамояд, баровардани нафақагир зикр карда шавад.

25. Директор ва сармуҳосиби муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои ғайримақсаднок хароҷот кардани маблағҳои нафақа, ки ба муассисаи мазкур ворид мешаванд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

5. Назорати ҳисоб ва пардохт намудани нафақа ба нафақагироне, ки дар хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд

26. Назорати ҳисоб ва пардохт иамудани нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, аз ҷониби сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва дигар мақомоти давлатӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд, анҷом дода мешавад.