Қоидаҳои баҳисобгирӣ, гирифта гаштан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва нобуд сохтани силоҳе, ки барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ таъин шудааст аз 23 августи соли 2016 № 373

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 августи соли 2016 № 373

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои баҳисобгирӣ, гирифта гаштан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва нобуд сохтани силоҳе, ки барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ таъин шудааст

1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои баҳисобгирӣ, гирифта гаштан, (нигоҳ доштан, интиқол додан ва нобуд сохтани силоҳе, ки барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ таъин шудааст (минбаъд - Қоидаҳо) масъалаҳои баҳисобгирӣ, гирифта гаштан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва нобуд сохтани силоҳе, ки барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ таъин шудааст, ба танзим медарорад.

2. Силоҳ барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ силоҳе мебошад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҳфуз доштани он ба шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон иҷозат дода шудааст ва он барои ташкил намудани коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ таъин гардидааст.

2. Баҳисобгирӣ ва гирифта гаштани силоҳи коллексионӣ ва ба намоиш гузошташаванда

3. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва нигоҳдории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он бо мақсади ташкил намудани банамоишгузории коллексияи криминалистӣ, таърихӣ, бадеӣ ва хусусӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда) дар асоси иҷозатномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

4. Иҷозатномае, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он ба шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикисон бо мақсади коллексиякунонии таърихӣ ва бадеӣ дода мешавад, бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мегардад.

5. Шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон силоҳеро коллексия карда метавонанд, ки шумораи он аз чор адад бештар бошад.

6. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо он силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ иҷозат дода мешавад, ки намуди гардиши он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст.

7. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон навъ ва намудҳои пошдиҳандаҳои механикӣ, василаҳои дорои аэрозолӣ бо моддаҳои ашковар ва ғашовар муҷаҳҳаз, василаҳои мадҳушкунандаи электрикӣ, шарораи зарядгардон, силоҳҳои пневматикии воҳиди энергияи милашон на зиёда аз ҳафтуним Ҷоул ва калибрашон то чоруним миллиметрро, ки барои соҳиб шудан ба онҳо аз мақомоти корҳои дохилӣ рухсатнома лозим намебошад, бидуни иҷозатнома аз мақомоти корҳои дохилӣ барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ иҷозат дода мешавад.

8. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба силоҳ мукофотонида шудаанд (ба истиснои силоҳи ҷангӣ ва хизматӣ), метавонанд силоҳи худро пас аз гирифтани рухсатнома барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани он аз мақомоти корҳои дохилӣ, ба рӯйхати силоҳи коллексионӣ ворид намоянд.

9. Тартиби додаии иҷозатнома барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузории силоҳ, инчунин муҳлати амали он, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муайян карда мешавад.

10. Соҳиби силоҳи коллексионӣ, ба намоиш гузошташаванда ва лавозимоти ҷангии он дар ҳолати иваз намудани ҷои истиқомат, силоҳи ба қайд гирифташударо аз қайди мақомоти корҳои дохилӣ бароварда, онро дар ҷои нави истиқомати доимӣ дар муҳлати 10 рӯз ба қайд мегузорад.

11. Гирифта гаштани силоҳи коллексионӣ ва ба намоиш гузошташаванда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи ғайринизомиро ба танзим медароранд, амалӣ карда мешавад.

12. Шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон силоҳ ва лавозимоти ҷангии онро, ки тибқи Қоидаҳои мазкур бо мақсади коллексиякунӣ ва банамоишгузорӣ дар ихтиёри худ доранд, метавонанд барои шикор истифода намоянд.

13. Шахсони ҳуқуқӣ, ки тибқи Қоидаҳои мазкур ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳи коллексионӣ ва ба намоши гузошташавандаро доранд, баҳисобгирии силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, таъмини амният, бехатарии нигоҳдорӣ ва истифодаи онро дар асоси қонунгузории амалкунанда, Қоидаҳои мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба уҳдаи он назорати гардиши силоҳ вогузор карда шудааст, амалӣ менамояд.

14. Шахсони ҳуқуқӣ вазифадоранд дар китобҳои баҳисобгирӣ силоҳи коллекссионӣ, ба намоиш гузошташаванда ва лавозимоти ҷангиро сабт кунанд. Китобҳои баҳисобгирии силоҳи коллексионӣ, ба намоиш гузошташаванда ва лавозимоти ҷангии он рақамгузорӣ ва саҳифабандӣ шуда, бо муҳри махсуси мақомоти корҳои дохиши маҳалли ҷойгиршавӣ бо навиштаҷоти "Тартиби иҷозатдиҳӣ" муҳргузорӣ карда мешаванд.

3. Нигоҳ доштани силоҳи коллексияшаванда ва ба намоиш гузошташаванда

15. Ба осорхона ва озмоишгоҳҳои махсуси экспертии ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда силоҳ баъди бо роҳи техникӣ ғайриимкон намудани тирпарронии он супорида мешавад.

16. Силоҳҳои коллексияшуда, ба намоиш гузошташуда ва лавозимоти ҷангии онҳо бояд дар шароите нигоҳдорӣ шаванд, ки бехатарии нигоҳдорӣ ва дастнорасии онҳо ба шахсони бегона таъмин карда шавад.

17. Шахсони ҳуқуқӣ силоҳи коллексионӣ ва ба намоиш гузошташаванда ва лавозимоти ҷангии онро бояд дар ҷевонҳои оҳанине нигоҳ доранд, ки ғафсии деворҳои онҳо на камтар аз 3 мм буда, бо ду қулфи боэътимод маҳкам карда шуда бошанд. Аз тарафи даруни дари ҷевонҳо бояд рӯйхати силоҳҳо бо рақамҳояшон мавҷуд бошад. Нигоҳдории силоҳ дар ҷевонҳои оҳанини вазнашон на камтар аз 700 кг, ки як қулфи дохилӣ доранд, иҷозат дода мешавад.

18. Якҷоя бо силоҳи коллексикунонӣ ва ба намоиш гузошташаванда ва лавозимоти ҷангии он нигоҳ доштани дигар ашё, аз ҷумла маводи аёнии таълимӣ, асбобҳои варзишӣ манъ аст. Лавозимоти ҷангӣ бояд дар қуттиҳои оҳанин алоҳида аз силоҳ нигоҳ дошта шаванд.

19. Шаҳрвандон силоҳи коллексияшуда, ба намоиш гузошташуда ва лавозимоти ҷангии онро бояд дар ҷевонҳои оҳанине, ки ба фарш ё девор маҳкам карда шудааст ва ғафсии онҳо на бояд камтар аз 3 мм бошад ва бо қулфҳои мустаҳками дохилӣ маҳкам карда шуда, дар ҷойҳои зисти доимӣ нигоҳ доранд. Овехтани силоҳи коллексионӣ ва ба намоиш гузошташаванда дар деворҳои хонаи истиқоматӣ қатъиян манъ аст.

20. Силоҳҳои коллексионӣ ва лавозимоти ҷангии онҳо бояд дар ҷойҳое ба намоиш гузошта шаванд, ки онҳо бо воситаҳои огоҳонии садоӣ ва таҷҳизоти наворгирӣ муҷаҳҳаз буда, бехатарии нигоҳдорӣ ва ба шахсони бегона дастнорас таъмин карда шавад.

21. Ҳангоми дар ҷои истиқомат набудани соҳиби силоҳи коллексионӣ, ба намоиш гузошташаванда ва лавозимоти ҷангии онҳо, ё ин ки берун будани ӯ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати зиёда аз се моҳ, силоҳ ва лавозимоти ҷангии он муваққатан ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли зист барои нигоҳдорӣ супорида мешавад.

22. Нигоҳдории силоҳҳои коллексионии ба намоиш гузошташаванда ва лавозимоти ҷангии онҳо дар ҷойҳое, ки соҳибони силоҳ доимӣ зиндагӣ намекунанд, инчунин дар хобгоҳҳо, ба истиснои хобгоҳҳои оилавӣ, ки аъзои як оила дар ҳуҷраҳои алоҳида истиқомат мекунанд, манъ аст.

4. Интиқол додан ва нобуд сохтани силоҳ барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ

23. Интиқоли силоҳ барои коллексиякунонӣ, банамоишгузорӣ ва лавозимоти ҷангии он танҳо дар асоси рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.

24. Шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон барои гирифтани рухсатнома оид ба интиқоли силоҳ барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод менамоянд:

- дархости хаттӣ барои гирифтани рухсатнома оид ба интиқол додани силоҳ барои коллексиякунонӣ ва банамоишгузорӣ, ки дар он мақсади интиқол, хатсайри интиқол ва миқдори силоҳи интиқолшаванда дарҷ мегардад;

- нусхаи иҷозатнома оид ба коллексиякунонӣ ва банамоишгузории силоҳ;

- нусхаи рухсатнома оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳ;

- нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ;

- нусхаи шиносномаи шаҳрвандии шахси мутасаддӣ барои шахсони ҳуқуқӣ.

25. Ҳангоми интиқол дар ҳама намуди нақлиёт силоҳи геоллексионӣ бояд дар ҳолати аз тир холӣ буда, дар дохили ҷилд нигоҳ дошта шавад. Дар ҳамаи ҳолатҳои интиқоли силоҳ соҳиби он вазифадор аст, ки бо худ иҷозатнома оид ба силоҳи коллексионӣ ва ба намоиш гузошташаванда ва рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба интиқоли онро дошта бошад.

26. Дар ҳолати дуздида шудан ё гум шудани силоҳи коллексионӣ ва ба намоиш гузошташаванда шахси масъул вазифадор мебошад, ки дарҳол ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳад.

27. Силоҳҳои коллексияшуда, ба намоиш гузошташуда ва лавозимоти ҷангии онҳо танҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ нобуд карда мешаванд. Силоҳҳои коллексияшуда ва ба намоиш гузошташуда, ки аз ҷиҳати техники корношоям гаштаанд, метавонанд ба мақомоти корҳои дохилӣ барои нобуд сохтан супорида шаванд.

28. Силоҳҳои коллексияшуда, ба намоиш гузошташуда ва лавозимоти ҷангии онҳо, ки барои нобуд сохтан ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ дар дастгоҳҳои махсус бо роҳи бурридан ва гудохтан нобуд карда мешаванд.

5. Назорати гардиши силоҳ барои коллексиякунонӣ, банамоишгузорӣ ва лавозимоти ҷангии он

29. Назорат аз болои гардиши силоҳ барои коллексиякунонӣ, банамоишгузорӣ ва лавозимоти ҷангии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

30. Мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор мебошанд, ки ҳар семоҳа шароити нигоҳдории силоҳ ва лавозимоти ҷангии дар ихтиёри шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бударо, дар маҳалли ҷойгиршавӣ ва ҷои зисташон санҷида, дар ҳолати ошкор намудани камбудиҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

 

Приложение 1

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 23 августа 2016 года, № 373

Правила учета, ношения, хранения, транспортирования и уничтожения оружия, предназначенного для коллекционирования и экспонирования

1. Общие положения

1. Правила учета, ношения, хранения, транспортирования и уничтожения оружия, предназначенного для коллекционирования и экспонирования (далее - Правила) регулирует вопросы учета, ношения, хранения, транспортировки и уничтожения оружия, предназначенного для коллекционирования и экспонирования.

2. Оружием для коллекционирования и экспонирования является оружие, которое в соответствии с законодательством Республики Таджикистан юридическим лицам и гражданам разрешено его хранение и оно предназначено для организации коллекционирования и экспонирования.

2. Учет и ношения коллекционного и экспонированного оружия

3. На территории Республики Таджикистан оружие и его боеприпасы собираются и хранятся юридическими лицами и гражданами Республики Таджикистан в целях создания криминальной, исторической, художественной и собственной коллекции (за исключением государственных военизированных организаций) на основании разрешения Министерства внутренних дел.

4. Разрешение, выдаваемое Министерством внутренних дел Республики Таджикистан для коллекционирования и экспонирования оружия и боеприпасов юридическим лицам и гражданам Республики Таджикистан, в целях исторического и художественного коллекционирования, согласовывается с Министерством культуры Республики Таджикистан.

5. Юридические лица и граждане Республики Таджикистан могут коллекционировать оружие, если его количество превышает четыре единиц.

6. Гражданам Республики Таджикистан допускается коллекционировать и экспонировать только те виды оружия и боеприпасов к нему гражданского типа, которые не запрещены в обороте на территории Республики Таджикистан.

7. Гражданам Республики Таджикистан допускается без разрешения органов внутренних дел коллекционировать виды и типы механических распылителей, аэрозольных устройств, оснащенных слезоточивыми или раздражающими веществами, электрошоковые и искровые устройства, пневматическое оружие с дульной энергией не более семи с половиной Джоуль и калибра до четырех с половиной миллиметров, на приобретение которых не нужно разрешения органов внутренних дел.

8. Граждане Республики Таджикистан, которые были награждены оружием (за исключением боевого и служебного оружия), после получения разрешения органов внутренних дел на хранение и ношения своего оружия, могут внести его в список коллекционных оружий.

9. Порядок выдачи лицензии на коллекционирование и экспонирование оружия, а также срок её действия определяется в соответствий с действующими нормативными паровыми актами.

10. Владелец коллекционного и экспонированного оружия и боеприпасов к нему при перемене места жительства снимает с учёта органов внутренних дел учётное оружие и ставит его на учёт по постоянному новому месту жительства в течении 10 дней.

11. Ношение коллекционного и экспонированного оружия осуществляется на основании нормативных правовых актов, регламентирующих хранение и ношение гражданского оружия.

12. Юридические лица и граждане Республики Таджикистан, имеющие оружие и боеприпасы к ним в целях коллекционирования и экспонирования в соответствии с настоящими Правилами, могут использовать их для охоты.

13. Юридические лица, которые в соответствии с настоящими Правилами имеют право приобретения коллекционируемого и экспонируемого оружия, учёта оружия и боеприпасов к нему, обеспечение безопасности, хранения и его использования, осуществляют на основании действующего законодательства, настоящих Правил и нормативных правовых актов Министерства внутренних дел, в обязанность которого возлагается контроль за оборотом оружия.

14. Юридические лица обязаны вести учет коллекционируемого и экспонируемого оружия и боеприпасов в книгах учета. Книги учёта коллекционируемого, экспонируемого оружия и боеприпасов к нему пронумеровываются, прошнуровываются и скрепляются специальной печатью территориального органа внутренних дел с оттиском "Разрешительная система".

3. Хранение коллекционируемого и экспонируемого оружия

15. В музей и специальные испытательные экспертные государственные военизированные организации оружие сдаётся после технического отключения его возможности отстрела.

16. Коллекционированные, экспонированные оружия и их боеприпасы должны храниться в условиях, обеспечивающих безопасность хранения и их недоступность посторонним лицам.

17. Юридические лица должны хранить коллекционное оружие и боеприпасы к нему в металлических шкафах (сейфах), толщина стенок которых должна быть не менее 3мм, закрывающихся двумя надежными внутренними замками. На дверцах шкафов с внутренней стороны должна быть опись оружия по номерам. Допускается хранение оружия в тяжелых сейфах, весом не менее 700 кг, имеющих один внутренний замок.

18. Запрещается совместное храпение с коллекционным и экспонируемым оружием и боеприпасами других предметов, в том числе учебных наглядных материалов, спортивных предметов. Боеприпасы должны храниться отдельно от оружия в металлических ящиках.

19. Граждане должны хранить коллекционированное, экспонированное оружие и боеприпасы к нему в прочно прикрепленных к полу или стене металлических шкафах и толщина стенок металлических шкафов должна быть не менее 3 мм, с закрывающимися надёжными внутренним замками в местах постоянного проживания. Строго запрещается развешивание коллекционного и экспонированного оружия на стенах жилых комнат.

20. Коллекционное оружие и боеприпасы к нему должны быть экспонированы в местах, которые оснащены средствами оповестительной системой, приборами видео наблюдения, безопасное хранение и не доступны посторонним лицам.

21. В случаях отсутствия по месту жительства собственника коллекционного, экспонированного оружия и боеприпасов к нему, или нахождения за пределами Республики Таджикистан на срок более трех месяцев, оружие и боеприпасы временно сдаются в органы внутренних дел по месту жительства для хранения.

22. Запрещается хранение коллекционного и экспонируемого оружия и боеприпасов к нему вне мест постоянного проживания владельца оружия, а также в общежитиях, за исключением семейных общежитий, где члены одной семьи проживают в отдельных комнатах.

4. Транспортирование и уничтожение оружия для коллекционирования и экспонирования

23. Транспортирования оружия для коллекционирования, экспонирования и его боеприпасов осуществляется только с разрешения органов внутренних дел.

24. Юридические лица и граждане для получения разрешения на транспортирование оружия для коллекционирования и экспонирования должны представить органам внутренних дел следующие документы:

- письменное обращение для получения разрешения на транспортирование оружия для коллекционирования и экспонирования в котором указывается цель транспортирования, маршрут транспортирования и количество перевозимых оружий;

- копия лицензии на коллекционирование и экспонированные оружия;

- копия разрешения на хранение и ношения оружия;

- копия гражданского паспорта;

- копия гражданского паспорта, ответственного лица для юридических лиц.

25. При перевозке всеми видами транспорта коллекционное оружие должно находиться в разряженном состоянии и храниться в чехле. Во всех случаях, при перевозке коллекционного и экспонируемого оружия его владелец обязан иметь при себе лицензию на оружие для коллекционирования и экспонирования и разрешение органа внутренних дел на провоз оружия.

26. В случае кражи или потери коллекционного и экспонированного оружия, ответственное лицо обязано немедленно сообщить в органы внутренних дел.

27. Коллекционированное и экспонированное оружие и боеприпасы к нему уничтожаются только органами внутренних дел. Коллекционированное и экспонированное оружие и боеприпасы к нему, технически непригодные для эксплуатации, можно сдавать для уничтожения в органы внутренних дел.

28. Коллекционированное и экспонированное оружие и боеприпасы к нему, которые сданы в органы внутренних дел для уничтожения, уничтожаются в специальных аппаратах путём резки и расплавлениям в порядке, установленном Министерством внутренних дел Республики Таджикистан.

5. Контроль за оборотом оружия для коллекционирования и экспонирования и боеприпасов к нему

29. Контроль за оборотом оружия для коллекционирования и экспонирования и боеприпасов к нему на территории Республики Таджикистан в соответствии с законодательством осуществляется органами внутренних дел Республики Таджикистан.

30. Органы внутренних дел обязаны ежеквартально проверять условия хранения оружия и боеприпасов к нему, имеющих у юридических лиц и граждан Республики Таджикистан по месту расположения и месту жительство, при выявлении недостатков в соответствии с законодательством Республики Таджикистан принять необходимые меры.