Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" июли соли 2016, № 332
тасдиқ шудааст
Тартиби истифодаи дафтари бақайдгирии санҷишҳо
1. Тартиби истифодаи дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба ҳамаи намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидори аз тарафи мақомоти санҷишӣ гузаронидашаванда дахл дорад.
2. Тартиби мазкур тартиби пешбурди дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хофагидорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли моликияти субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, муайян менамояд.
3. Ҳамаи намудҳои санҷишҳои аз ҷониби мақомоти санҷиши гузаронидашаванда дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба қайд гирифта мешаванд. Шахсони масъули мақомоти давлатӣ оид ба санҷишҳои дар доираи назорати прокурорӣ, аудити Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, қонунгузории бонкӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, андоз, гумрук ва фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ гузаронидашуда ӯҳдадоранд дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайдҳо гузоранд.
4. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ дар ҳолати ворид накардани қайдҳо ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба санҷиш роҳ дода намешаванд. Дар ҳолати гузаронидани санҷиш бе гузоштани қайд дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо, натиҷаи санҷиш беэътибор ҳисобида мешавад.
5. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатии бақайдгирандаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ субъектҳои хоҷагидорро бо дафтари бақайдгирии санҷишҳо аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита ва дигар сарчашмаҳо ройгон таъмин менамояд.
6. То оғози санҷиш шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ба роҳбари субъекти хоҷагидор қарорро дар бораи гузаронидани санҷиш пешниҳод менамоянд. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ӯҳдадоранд шаҳодатномаи хизматиро пешкаш карда, сутунҳои дахлдори дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пур кунанд ва онро бо имзои худ тасдиқ намоянд.
7. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ӯҳдадоранд дар сутунҳои 1-11 ва 13 дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайдҳои зеринро гузоранд:
- дар сутуни якум рақами тартиби бақайдгирии санҷиши аз тарафи мақомоти санҷишӣ гузаронидашуда қайд карда мешавад;
- дар сутуни дуюм сана ва вақти оғоз ва анҷоми санҷиш қайд карда мешавад;
- дар сутуни сеюм номи мақомоти санҷишӣ пурра қайд карда мешавад;
- дар сутуни чорум асос барои санҷиш (сана ва рақами қарор дар бораи гузаронидани санҷиш) қайд карда мешавад;
- дар сутуни панҷум мавзӯъ ва мақсади санҷиш қайд карда мешавад;
- дар сутуни шашум намуди санҷиш (нақшавӣ, ғайринақшавӣ, иловагӣ, такрорӣ; дар мавриди санҷиши нақшавӣ бо истинод ба нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ) қайд карда мешавад;
- дар сутуни ҳафтум насаб, ном ва номи падари шахси (шахсони) мансабдоре, ки санҷиш мегузаронад (мегузаронанд), рақами шаҳодатномаи хизматӣ, номи мақоме, ки шаҳодатномаро додааст, мӯҳлати амали шаҳодатнома қайд карда мешавад;
- дар сутуни ҳаштум насаб, ном ва номи падар, вазифаи мутахассиси (мутахассисони) даъватшуда, рақами шаҳодатномаи хизматӣ, номи ташкилоте, ки ӯ намояндаи он мебошад ва дар сурати мутахассиси мустақил будани ӯ, рақами шаҳодатномаи хизматӣ ва агар фаъолияти мутахассиси даъватшуда тибқи иҷозатнома ба роҳ монда шавад, рақами иҷозатнома, номи мақоме, ки иҷозатномаро додааст ва мӯҳлати эътибори иҷозатнома қайд карда мешавад;
- дар сутуни нӯҳум сана ва рақами санади санҷиш, ки аз рӯи натиҷаҳои санҷиш тартиб дода шудааст, санаи ба субъекти хоҷагидор супоридани он қайд карда мешавад;
- дар сутуни даҳум вайронкунии ошкоргардидаи талаботи ҳатмии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (мундариҷаи вайронкунии ошкоргардида бо истинод ба муқаррароти санади меъёрии ҳуқуқӣ) қайд карда мешавад; - дар сутуни ёздаҳум дар сурати ошкор гардидани ҳуқуқвайронкунӣ, чораҳои аз тарафи мақомоти санҷишӣ андешидашуда қайд карда мешавад;
- дар сутуни сенздаҳум имзои шахси (шахсони) мансабдоре, ки санҷиш гузаронидааст (гузаронидаанд) қайд карда мешавад.
8. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ барои саркашӣ аз ворид намудани маълумот оид ба санҷиши гузаронидашаванда дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо масъулияти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда доранд.
9. Роҳбари субъекти хоҷагидор ё соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор аст, ки дар сутуни 12 дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайдҳои зерин гузорад:
- дар сутуни дувоздаҳум маълумоти зикрнамудаи роҳбари субъекти хоҷагидор ё соҳибкори инфиродӣ (сана ва вақти анҷоми санҷиш; чораҳои андешидаи шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ аз рӯи натиҷаҳои санҷиш; кӯмаки расонидашудаи машваратӣ; санади тартибдодашудаи санҷиш; ақидаи худ аз рӯи натиҷаҳои санҷиши гузаронидашуда дар шаклҳои: "Розиям", "Розӣ нестам", "Розиям бо эродҳо") қайд карда мешавад.
10. Дар сурати дафтари бақайдгирии санҷишҳоро надоштан ё дафтари шакли аз эътибор соқитшударо доштани субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ дар санади санҷиш сабтҳои дахлдор ворид менамоянд ва субъекти хоҷагидорро дар бораи пеш бурдани дафтари бақайдгирии санҷишҳо огоҳ месозанд.
11. Тоза кардан ва ифлос намудани навиштаҷоти дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор манъ мебошад. Ислоҳ бояд бо роҳи хат задани навиштаҷоти ғалат, ба болои онҳо навиштани маълумоти дахлдор ба ҷо оварда шавад. Ҳар чунин ислоҳ бо имзои шахсони мансабдори санҷишкунанда ва роҳбари субъекти хоҷагидор тасдиқ карда мешавад.
12. Саҳифаҳои дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор рақамгузорӣ ва дӯхта шуда, бо мӯҳри субъекти хоҷагидор бо нишон додани шумораи саҳифаҳо аз тарафи роҳбари субъекти хоҷагидор ё соҳибкори инфиродӣ тасдиқ карда мешавад.
13. Дафтари бақайдгирии пуркардашуда аз ҷониби субъекти хоҷагидор дар муддати се сол нигоҳ дошта шуда, баъди он тибқи тартиби муқарраршуда ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.