Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2016 № 338 "Дар бораи Қоидаҳои муомилот бо ҳавопаймоҳои бесарнишин"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои муомилот бо ҳавопаймоҳои бесарнишин

Мутобиқи моддаи 38 Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои муомилот бо ҳавопаймоҳои бесарнишин тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).

2. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд;

- иҷрои Қоидаҳои мазкурро аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва истифодабарандагони ҳавопаймоҳои бесарнишин таъмин намояд;

- бақайдгирии ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар давоми се моҳ пас аз қабули қарори мазкур амалӣ гардонад.

3. Иҷозатномадиҳӣ ва бақайдгирии ҳавопаймоҳои бесарнишин дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 июли соли 2016 № 338

ш.Душанбе