Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 № 325 "Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ"

Санаи амалкуни: 02.03.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.06.2017 № 280, аз 02.03.2023 № 83, аз 26.02.2026 № 98)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.06.2017 № 280, аз 02.03.2023 № 83, аз 26.02.2026 № 98)

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои татбиқи Феҳристи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Муқаррар карда шавад, ки номҳои тозаэҷоде, ки ба суннати номгузорӣ, арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ мувофиқанд, вале дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ворид нагардидаанд, дар асоси хулосаи Комиссияи назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудан ба Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 98).

4. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳайат ва Низомномаи Комиссияи дар банди 3 қарори мазкур зикргардидаро дар мувофиқа бо Дастгоҳи иыроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.06.2017 № 280);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026 № 98)

- дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Феҳристи номҳои миллии тоҷикиро нашр намояд;

- Фарҳанги номҳои миллии тоҷикиро таҳия ва нашр намояд;

- дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи барномаҳои махсус Фарҳанги номҳои миллии тоҷикиро таблиғ намояд.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Реестре таджикских национальных имен

(в редакции постановления Правительства РТ от 05.06.2017г.№280, от 02.03.2023 №83, от 26.02.2026 №98)

(в редакции постановления Правительства РТ от 05.06.2017г.№280, от 02.03.2023 №83, от 26.02.2026 №98)

В соответствии со статьей 20 Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации актов гражданского состояния" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Реестр таджикских национальных имен (прилагается).

2. Комитету по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан, министерствам юстиции Республики Таджикистан, внутренних дел Республики Таджикистан, иностранных дел Республики Таджикистан, образования и науки Республики Таджикистан, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики и органам местного самоуправления поселков и дехотов принять необходимые меры реализации настоящего Реестра.

3. Установить, что новообразованные имена, соответствующие традициям именования, историческим ценностям и национальной таджикской культуре, не внесенные в Реестр таджикских национальных имен, представляются в установленном порядке Правительству Республики Таджикистан для внесения в Реестр таджикских национальных имен на основании заключения Комиссии при Комитете по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан (в редакции пост. Правительства РТ от 26.02.2026 №98).

4. Комитету по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан:

- разработать и утвердить состав и Положение Комиссии, указанной в 3 пункте настоящего постановления, по согласованию с Исполнительным аппаратом Президента Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 05.06.2017г.№280);

Исключен (в редакции пост. Правительства РТ от 26.02.2026 №98)

- в сотрудничестве с Министерством юстиции Республики Таджикистан издать Реестр таджикских национальных имен;

- разработать и издать Словарь таджикских национальных имен;

- в сотрудничестве с Комитетом по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан посредством специальных программ агитировать Реестр национальных таджикских имен.

...