ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 июни соли 2016 № 475
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2016 № 280
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 348; с. 2005, №3, мод. 120; с. 2006, №7, мод. 343; с. 2007, №6, мод. 433; с. 2008, №1, қ.2, мод. 14, №6, мод. 457, №10, мод. 816; с. 2009, №3, мод. 78, №5, мод. 326, №9-10, мод. 544; с. 2010, №12, қ.1, мод. 821; с. 2012, №12, қ.1, мод. 1005; с. 2013, №3, мод. 193, №11, мод. 787; с. 2014, №7, қ.2, мод. 406, мод. 407, №11, мод.666; с.2015, №3, мод.206, мод. 213, №11, мод.967, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016, №1318) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар қисми 5 моддаи 7 калимаҳои "шахсони воқеӣ ва" ба калимаҳои "соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони" иваз карда шаванд.
3. Сархати сию сеюми моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа;".
4. Ба моддаи 18(1) қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Иҷозатномаҳои дар дигар давлатҳо гирифташуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
щ.Душанбе
23 июли соли 2016 № 1353