ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 майи соли 2016 № 459
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2016 № 273
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 338; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 423) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- қисми 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"9. Дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ба даст овардани холҳои гузариш аз фанҳои таълимии дахлдор) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба довталабони зерин имтиёз дода мешавад:
- ятимон;
- бепарасторон;
- кӯдакони маъюб (тибқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ);
- маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки тибқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор таҳсил кардани онҳо манъ карда нашудааст;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд;
- дигар шаҳрвандоне, ки барои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.";
- қисми 10 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"10. Агар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомил набошад, қабули довталабони дар қисми 9 моддаи мазкур зикргардида, тибқи қоидаҳои умумии қабули донишҷӯён, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар менамояд, ба роҳ монда мешавад.";
- қисмҳои 10,11,12,13 ва 14 мувофиқан қисмҳои 11,12,13,14 ва 15 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
23 июли соли 2016 № 1350