ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 майи соли 2016 № 427
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2016 № 270
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 "Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №7, мод. 463; соли 2007, №7, мод. 689; соли 2014, №7 қ.2, мод.416) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархатҳои чорум, панҷум, нуҳум ва даҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- баҳисобгирии ҳолати ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ - ҷамъ овардани маълумот оид ба ҳолати агрокимиёвӣ, экологию биологӣ ва мелиоративии замин бо мақсади дохил намудани он ба Кадастри давлатии замин;
- таҳқиқоти таҳшинҳои хок - таҳқиқоти намунаи хок бо мақсади арзёбии нишондиҳандаҳои агрокимиёвӣ, таъсири бодлесии обӣ ва дигар таъсироти манфӣ;
- чорабиниҳои экологию биологӣ - маҷмӯи чорабиниҳои илман асосноки истифодаи омилу воситаҳои биологии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ (киштгардон, нуриҳои органикӣ, компост, ангезандаҳо (патогенҳо), маъданҳо (минералҳо), сидератҳо);
- низоми агроэкологӣ - бо мақсади истеҳсоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардан ва нигоҳ доштани мувозинати экологии киштзор, чарогоҳ, боғҳо ва қитъаҳои муҳофизатии ҷангал;";
- ба сархати дувоздаҳум баъд аз калимаи "органикӣ" калимаҳои "ва биологӣ" илова карда шаванд;
- сархати сездаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- мониторинги ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣмушоҳидаҳои мунтазами омилҳои ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо мақсади муайян кардани тағйироти бавуқӯъомада, арзёбии онҳо ва омода намудани тавсияю дастурҳо барои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои манфии пастшавии ҳосилхезии замин.".
2. Ба сархати сеюми моддаи 3, сархатҳои дуюм ва шашуми моддаи 4, сархати якуми моддаи 5, сархатҳои дуюм ва чоруми моддаи 6, сархати чоруми моддаи 9, сархатҳои дуюм ва чоруми моддаи 16, сархати чоруми моддаи 18 ва сархати дуюми моддаи 20 баъд аз калимаи "агрокимиёвӣ," калимаҳои "экологию биологӣ," илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 4:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ, агрокимиёвӣ ва агроэкологӣ бо мақсади муайян намудани имкониятҳои истифодаи устувори замин барои истеҳсолоти кишоварзӣ ва нигоҳдории низоми доимии экологӣ;";
- ба сархати сеюм баъд аз калимаҳои "моддаҳои агрокимиёвӣ" калимаҳои ", омилу воситаҳои биологӣ" илова карда шаванд.
- ба сархати ҳаштум баъд аз калимаҳои "моддаҳои агрокимиёвӣ" калимаҳои ", омилу воситаҳои биологӣ" илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 6:

"- барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ усулҳоеро истифода баранд, ки ба барқароршавии ҳосилхезии замин ва ҳифзи муҳити зист мусоидат намоянд;";

5. Ба сархати сеюми моддаи 16, сархати чоруми моддаи 18 ва сархати якуми моддаи 20 баъд аз калимаҳои "моддаҳои агрокимиёвӣ" калимаҳои ", воситаҳои биологӣ" илова карда шаванд.
6. Ба моддаи 8 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, новобаста ба вазъи воқеии истифодабарии замин, амалӣ карда мешавад.".
7. Дар моддаи 9:
- матни қисм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ самтҳои зеринро дар бар мегирад:":
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- ба ҳисоб гирифтани ҳолати ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;".
- дар сархати ҳафтум калимаҳои "таҳқиқотӣ-илмӣ" ба калимаҳои "илмию таҳқиқотӣ" иваз карда шаванд;
- аз сархати ҳаштум калимаҳои "назорат оид ба" хориҷ карда шаванд;
- сархати ёздаҳум хориҷ карда шавад;
- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Нигоҳдорӣ ва ғанигардонии таркиби хок бо моддаҳои ғизоӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва таъмини рушди устувори истеҳсолоти кишоварзӣ ба амал бароварда мешавад.".
8. Дар қисми дуюми моддаи 12 ва сархати якуми моддаи 16 калимаҳои "таҳқиқоти хокӣ" ба калимаҳои "таҳқиқоти таҳшинҳои хок" иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 15:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 15. Хизматрасонии агрокимиёвӣ ва экологию биологӣ"
- дар қисми якум калимаҳои "Хизматрасонии агрокимиёвӣ" ба калимаҳои "Хизматрасонии агрокимиёвӣ ва экологию биологӣ" иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 16:

"Моддаи 16. Самтҳои асосии хизматрасонии агрокимиёвӣ ва экологию биологӣ"
- дар сархати чорум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад.
- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ҷорӣ намудани технологияҳои экологию биологии парвариши растаниҳо.".
11. Дар моддаи 18:
- дар сархати якум калимаҳои "барқарор кардани ҳосилхезии" ба калимаи "ҳосилхезгардонии" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаҳои "равнақу ривоҷи" ба калимаи "рушди" иваз карда шаванд.
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- ташкили шароити мусоид барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмии агрокимиёвӣ ва агроэкологӣ бо мақсади муайян намудани самтҳои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва нигоҳ доштани мувозинати экологӣ;".
12. Ба моддаи 19 қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Дар раванди маблағгузорӣ ӯҳдадориҳо ва дархостҳои заминистифодабарандагон ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Бартарафсозии оқибатҳои манфии пастшавии ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидории истифодабарандагони заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба вуҷуд омадаанд, аз ҳисоби онҳо амалӣ карда мешавад.
Бартарафсозии оқибатҳои манфии пастшавии ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзии дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ ва антропогенӣ бавуҷудомада аз ҳисоби маблағҳои махсуси бо ин мақсад пешбинишуда амалӣ карда мешавад.".
13. Дар моддаи 20:

"Моддаи 20. Таъминоти моддию техникии хизматрасонии агрокимиёвӣ ва экологию биологӣ";
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо мақсади рушди соҳаи хизматрасонии агрокимиёвӣ ва экологию биологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгир намудани фармоишҳои давлатӣ таклиф пешниҳод менамоянд ва ба иҷрои корҳои зерин мусоидат мекунанд:".
14. Матни моддаи 21 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар самтҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- ҷамъоварии маълумот оид ба ҳолати ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар асоси ноҳиябандии табиӣ;
- интихоби тарзу усулҳои арзёбии ҳолати заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва баҳисобгирии нишондиҳандаҳои ҳосилхезии онҳо;
- муайян намудани меъёрҳои ҳадди имконпазири ҷамъшавии моддаю микроорганизмҳои зараровар ва дигар моддаҳои биологии олудакунандаи хок, аз ҷумла меъёрҳои ҳадди имконпазири истифодаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ, истифодаи моддаҳои агрокимиёвӣ, омилу воситаҳои биологӣ ва пеститсидҳо;
- асосноккунии илмии амалигардонии чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, экологию биологӣ, фитосанитарӣ, мелиоративӣ ва зиддиэрозиявӣ барои ҳифзи хок аз бодлесӣ;
- таҳияи дастуру тавсияҳо оид ба интихоби низоми зироаткорӣ ва таркиби кишти растаниҳо вобаста ба хусусиятҳои ҳосилхезии хок, истифодаи киштзору чарогоҳҳо барои чаронидани чорво ва усулҳои кам кардани таъсири осебҳо аз фаъолияти хоҷагидорӣ ба муҳити зист;
- гузаронидани таҳқиқотҳои илмии агрокимиёвӣ ва агроэкологӣ бо тартиб додани харитаҳои тавсифи хусусиятҳои хок;
- ташхиси хусусиятҳои агрокимиёвии таҳшини хок, шӯршавии заминҳо ва муайян кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ;
- таҳияи низоми таъминкунии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бо маълумот доир ба ҳолати заминҳои таъиноти кишоварзӣ барои хизматрасонии агрокимиёвӣ ва экологию биологӣ;
- омода намудани таснифоти заминҳое, ки ба онҳо хавфи бодлесшавию шусташавӣ таҳдид менамояд ва тартиби ташкили корҳо оид ба пешгирии он;
- арзёбии иқтисодии ҳосилхезии хок ва ворид намудани тағйирот ба нишондиҳандаҳои он дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии истифодабарандагони замин.".
15. Матни моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида дар муассисаҳои таълимӣ тайёр кардан, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзиро амалӣ менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
23 июли соли 2016 № 1344