ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 июни соли 2016 № 487
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2016 № 249
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 517; с. 2003, № 12, мод. 689; с. 2004, № 12, қ. 1, мод. 698; с. 2005, № 7, мод. 397; с. 2006, № 3, мод. 145; с. 2007, № 7, мод. 654; с. 2011, № 12, мод. 831, мод. 832; с. 2012, № 8, мод. 812) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми дуюми моддаи 1 ва қисми сеюми моддаи 11 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Моддаи 3(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 3(1) Савганди узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд:
"Ҳамчун узви Маҷлиси миллии (вакили Маҷлиси намояндагони) Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарки масъулият ба халқи Тоҷикистон, савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми нерӯ, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям.".
3. Дар қисми якуми моддаи 4:
- банди 4) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;";
- банди 6) бо мазмуни зарин илова карда шавад:
"6) соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;";
- бандҳои 6), 7) ва 8) мувофиқан бандҳои 7), 8) ва 9) ҳисобида шаванд.
4. Дар қисми якуми моддаи 25 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
5. Ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Манзили истиқоматии мазкур аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон баъди қатъи ваколати вакилиаш дар муҳлати як моҳ супорида мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
23 июли соли 2016 № 1324