ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 июни соли 2016 № 485
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2016 № 248
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2000 "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №4, мод. 108; с. 2004, № 5, мод. 351; с. 2007, № 5, мод. 351; с. 2008, № 10, мод. 796; с. 2010, № 7, мод. 539, № 12, қ. 1, мод. 801; с. 2011, № 12, мод. 830; с. 2013, № 3, мод. 178, № 7, мод. 499; с. 2016, № 3, мсд. 126) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни Қонуни конститутсионии мазкур калимаи "Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Қисми дуюми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.".
3. Дар моддаи 6 калимаҳои "мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ - намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми панҷуми моддаи 7 калимаҳои "ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ," ба калимаҳои "эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар," иваз карда шаванд.
5. Дар қисмҳои якум ва панҷуми моддаи 9 калимаҳои "мавридҳои пешбиникардаи" ба калимаҳои "ҳолатҳои пешбининамудаи" иваз карда шаванд.
6. Ба қисми якуми моддаи 11 пас аз калимаи "намояндагон" калимаҳои "дар ҷаласаи якҷоя" илова карда шаванд.
7. Дар қисми сеюми моддаи 17 калимаҳои "калонтарини Маҷлиси миллӣ" ба калимаи "калонтарин" иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 19:
- аз банди 5 қисми якум калимаҳои ", Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 20 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
10. Ба қисми дуюми моддаи 21 пас аз калимаи "сурати" калимаи "талаботи" илова карда шавад.
11. Аз банди 5) қисми якуми моддаи 24 ва банди 8) қисми якуми моддаи 42 калимаҳои ", Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.
12. Дар банди 10) моддаи 28 ва матни моддаи 39 калимаи "кори" ба калимаи "фаъолияти" иваз карда шавад.
13. Дар моддаи 36:
- аз банди 17) қисми якум калимаҳои ", Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд;
- ба қисми сеюм пас аз калимаҳои "дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон," илова карда шаванд.
14. Ба қисми дуюми моддаи 37 пас аз калимаи "лоиҳаи" калимаҳои "қонунро дар бораи" илова карда шаванд.
15. Дар қисми дуюми моддаи 40 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
16. Ба қисми якуми моддаи 47 пас аз калимаи "комиссияҳои" калимаи "дахлдори" илова карда шавад.
17. Дар қисми дуюми моддаи 60 калимаҳои "се ду" ба калимаҳои "чор се" иваз карда шаванд.
18. Дар қисми дуюми моддаи 63 калимаи "шахси" ба калимаи "шахсони" иваз карда шавад.
19. Дар қисми сеюми моддаи 64 калимаи "баланси" ба калимаи "тавозуни" иваз карда шавад.
20. Дар моддаи 70 калимаҳои "ин қонуни конститутсионӣ" ба калимаҳои "Қонуни конститутсионии мазкур" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
23 июли соли 2016 № 1323