Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июли соли 2016, № 268
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
1. Муқаддима
1. Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (минбаъд - Барнома) мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Точикистон", моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ", Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират таҳия шудааст.
2. Барнома хусусияти иҷтимоӣ ва зиддибӯҳронӣ дошта, татбиқи он бо дарназардошти Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 ба ҳавасманд намудан барои имконёбӣ ҷиҳати таҳсилот дар тӯли ҳаёт барои ҳама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
3. Барнома тадбирҳоро оид ба таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохтори омории курсҳои кӯтоҳмуддати таълими касбии калонсолон, рушди муассисаҳои таҳсилоти калонсолон, таъминоти кадрӣ ва техникӣ, татбиқи чорабиниҳои иттилоотӣ барои васеъ намудани фарогирии калонсолон ба курсҳои кӯтоҳмуддати таълими касбӣ дар бар мегирад.
4. Барнома дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ оид ба фарогирии калонсолон ба курсҳои кӯтоҳмуддати таълими касбӣ, дастовард ва қамбудиҳои татбиқи Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри сбли 2010, № 696 тасдиқ гардидааст, инчунин бо дарназардошти афзалиятҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, № 709 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
2. Вазъи ҷорӣ ва дурнамои рушди таълими касбии калонсолон
5. Дар шароити муосири рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими касбии калонсолон яке аз тадбирҳои муҳими рушди ҷомеа ва таъминоти рақобатпазирии иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад. Пешравии иқтисодиёт ва бозори меҳнат, рушди техника ва технологияи имрӯза табақаи калонсоли кишварро водор месозад, ки рӯ ба омӯзиши касбҳои иловагӣ оваранд. Аҳамияти фаъолияти самарабахши низоми таълими касбии калонсолони Тоҷикистон дар ҳалли ин масъалаҳо, пеш аз ҳама аз рӯи сохтори имрӯзаи тахассусии шуғли аҳолӣ, ки дар он аҳолии қобили меҳнат қариб 60 фоизро ташкил медиҳад, муайян карда мешавад. Таҳлили маълумоти охирини оморӣ нишон медиҳад, ки шумораи аҳолӣ ҳамасола 2,1 фоиз афзоиш меёбад. Агар афзоиши аҳолӣ ҳамин тавр идома ёбад, шумораи аҳолӣ дар соли 2020 тақрибан ба 9, 6 миллион нафар мерасад. Таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар бо мутахассисони соҳибкасб ва ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат бар дӯши низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, маҳз ҳамин зинаи таҳсилот метавонад дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо гузорад. Ба таълими касбӣ фаро гирифтани табақаи калонсоли аҳолӣ низ дар ин самт ҳиссаи арзанда хоҳад гузошт.
6. Бо дарназардошти зарурати васеъ намудани дастрасии аҳолии синну соли гуногун ба таҳсилоти касбӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, №115 дар системаи собиқ Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Конибодом ва ноҳияи Тоҷикобод таъсис дода шуданд.
7. Ду сол пас бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2010, № 696 "Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2011-2015" қабул гардид, ки дар асоси он сохтори давлатии таҳсилоти касбии калонсолон рушд ёфта, шабакаи чунин марказҳо хеле васеъ гардид.
8. Дар аввали соли 2016 дар сохтори Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" 30 филиал ва қариб 40 намояндагӣ бо фарогирии 90 фоизи манотиқи ҷумҳурӣ амал карда, аз рӯи 52 ихтисоси гуногун дар курсҳои аз 1 то 3 моҳа заминаи моддию техникӣ ташкил шуда, касб омӯзонида мешавад.
9. Дар давраи солҳои 2011-2015 зиёда аз 390,6 ҳазор нафар шаҳрвандон дар заминаи марказҳои таълими калонсолон тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат ба таълим фаро гирифта шуданд, ки 36,4 фоизашон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар доираи татбиқи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ройгон таҳсил намуданд.
10. Аз соли 2011 дар фаъолияти марказҳои таълими калонсолон самти нави фаъолият ҷорӣ гардид, ки ба шаҳодатномакунии малакаҳои касбии муҳоҷирони меҳнатии бозгашта равона гардидааст. Дар давраи солҳои 2011-2015 зиёда 124 ҳазор нафар аз ин намуди хизматрасонӣ истифода бурданд.
11. Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони бозгашта, аҳолии камбизоат тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат ба таълими касбӣ фаро гирифта мешаванд.
12. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, аз ҷумҳурии аграрӣ ба ҷумҳурии аграрию индустриалӣ табдил ёфтани кишварамон, эълон гардидани минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва талаботи воқеии бозори меҳнат, бояд ҳаҷми касбомӯзӣ, аз ҷумла ба таълими касбӣ фаро гирифтани табақаи калонсоли аҳолӣ дар доираи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон дар солҳои наздик ду маротиба зиёд карда шавад.
13. Таҳлил нишон медиҳад, ки рушди босуботи соҳа ҳалли масъалаҳои зеринро талаб менамояд:
- созмон додани заминаи ҳуқуқии соҳа тавассути коркард ва қабули санадҳои Меъёрии ҳуқуқӣ;
- муайян намудани самтҳои асосии рушди таълими касбии калонсолон дар маҷмӯъ то давраи соли 2020;
- ба роҳ мондани омори расмии соҳавӣ;
- ҷорӣ намудани системаи арзёбии воқеии сифати таълим;
- васеъ намудани шабакаи марказҳои таълими калонсолон бо фарогирии тамоми манотиқи Тоҷикистон, таъмини молиявии ин раванд;
- татбиқи чорабиниҳои иттилоотӣ дар самти ҷалби калонсолон ба таълими касбӣ, ҳамкории мунтазам ба расонаҳои хабарӣ;
- идомаи фаъолият дар таъминоти моддӣ ва рушди заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии соҳа;
- васеъ намудани фаъояият дар самти таъминоти кадрии Соҳа, ба роҳ мондани таълим дар омода намудани мутахассисони дорои сатҳу сифати баланди касбӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;
- рушди заминаи илмии таълими касбии калонсолон дар Тоҷикистон;
- васеъ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти таълими касбии калонсолон ва ҷалби бештари шарикони рушд.
3. Ҳадаф ва вазифаҳои асосии Барнома
14. Ҳадафи асосии Барномаи мазкур мусоидат намудан ба баландшавии рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ тавассути таъмини дастрасӣ ба таълимоти касбии босифат барои калонсолон дар кишвар мебошад.
15. Бодарназардошти ҳадафи муайяншуда, Барномаи мазкур иҷрои вазифаҳои зеринро дар назар дорад:
- рушди заминаҳои сохтории таълими касбии калонсолон;
- васеъ намудани дастрасии калонсолон ба таълими касбии босифат;
- ҷалби ҳарчӣ бештари калонсолон ба таълими касбҳои гуногун.
4. Тадбирҳои амалии татбиқи Барнома
16. Рушди заминаҳои сохтории таълими касбии калонсолон татбиқи чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:
- таҳия ва ҷорӣ намудани сохтори мукаммали ҷамъоварии маълумоти омории таълими касбии калонсолон ва фарогирии аҳолии калонсол ба таълими касбӣ;
- таҳияи низоми ягонаи эътирофкунии расмии (сертификатсиякунонии) малакаҳои касбии муҳоҷирони бозгашта, бо дарназардошти Таснифоти касбии амалкунандаи Тоҷикистон;
- дар заминаи Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани тақиқотҳои илмӣ дар самти таълими касбии калонсолон.
17. Васеъ намудани дастрасии калонсолон ба таълими касбии босифат татбиқи чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:
- васеъ намудани шабакаи марказҳои таълими калонсолон дар манотиқи гуногуни кишвар бо технологияи муосир ва таъминоти кадрӣ;
- ҷорӣ намудани курсҳои кӯтоҳмуддати таълими касбии калонсолон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;
- дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ба роҳ мондани курсҳои кӯтоҳмуддатӣ доимоамалкунандаи мутахассисони соҳаи таълими касбии калонсолон;
- андешидани чораҳо ҷиҳати дастрасии таҳсилот барои маъюбон ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар марказҳои таълими калонсолон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- ҷорӣ намудани омӯзиши асосҳои соҳибкорӣ дар нақша ва барномаҳои таълими касбии калонсолон дар муассисаҳои таълими калонсолон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ,
18. Ҷалби ҳарчи бештари калонсолон ба таълими касбҳои гуногун татбиқи чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:
- амали намудани чорабиниҳои иттилоотию тарғиботи дар байни ҷавонон ва калонсолони корҷӯянда;
- васеъ намудани ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма дар самти тарғиботи зарурати таҳсилот дар тӯли тамоми ҳаёт;
- дар муассисаҳои таълими калонсолон васеъ намудани омӯзиши касбҳои гуногун, бо дарназардошти талаботи табақаи калонсоли аҳолӣ;
- фаъолгардонии иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ вобаста ба самти таълими касбии калонсолон ва ҷалби иқтидори шарикони рушд.
5. Натиҷаҳои мавриди интизори Барнома
19. Дар самти рушди заминаҳои сохтории таълими касбии калонсолон дар маҷмӯъ дастрасии чунин натиҷаҳо пешбинӣ шудааст:
- созмон додани заминаи ҳуқуқии таълими касбии калонсолон бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ;
- ба роҳ мондани омори соҳавӣ ва ҷамъоварӣ намудани маълумоти оморӣ оид ба фарогирии калонсолон ба курсҳои кӯтоҳмуддати таълими касбӣ;
- тайёр намудани олимони дорои унвонҳои илмӣ бахшида ба соҳаи таълими калонсолон дар Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
20. Дар васеъ намудани дастрасии калонсолон ба таълими касбии босифат чунин натиҷаҳо пешбинӣ шудаанд:
- фарогирии калонсолон бо таълими касбӣ вобаста ба нишондоди соли 2015;
- ташкил ва гузаронидани такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи таълими калонсолон;
- ҷорӣ намудани омӯзиши асосҳои соҳибкорӣ дар ҳамаи курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии муассисаҳои таълими калонсолон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ.
21. Тадбирҳои амалӣ намудани Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 замима мегардад.
6. Маблағгузории Барнома
22. Маблағгузории татбиқи барномаи мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ, маблағҳои махсус, ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, анҷом дода мешавад.
Замима