Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 июли соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 791
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 июли соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 791
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ШӯРООБОД
ҚАРОР
аз 25 сентябри соли 2014 № 834 д. Шӯрообод
Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар ноҳияи Шӯрообод
Дар асоси моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шӯрообод даъвати чорум
ҚАРОР МЕКУНАД:
1. Меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар маркази ноҳия аз 0,06 то 0,10 гектар ва дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шӯрообод аз 0,08 то 0,15 гектар муайян карда шавад.
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ вогузор карда шавад.
...