Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 апрели соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 620 "в"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 апрели соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 620 "в"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз "30" октябри соли 2014 № 270 ш. Душанбе
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №181 "Дар бораи талабот ба низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилоти қарзӣ"
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №181 "Дар бораи талабот ба низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилоти қарзӣ", ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2011, №151 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2011, №620 ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Директори Департаменти назорати бонкӣ (Ҳақназаров Т.И.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ (Ҳақназаров Т.И.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Маркази матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин Қарор ба зиммаи Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Неъматов А.Ҳ. гузошта шавад.
...