Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 апрели соли 2015 № 223 "Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 июни соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 785

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

№ 223 аз 21 апрели соли 2015

Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016

Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хизматрасонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, муҳандисии ҳаётан муҳим, системаҳои коммуникатсионӣ, фонди манзилӣ ва бозори истеъмолии шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 ва ба роҳ мондани фаъолияти муътадилу самараноки онҳо дар давраи зимистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омода намудани соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 ва ба роҳ мондани фаъолияти муътадилу самараноки онҳо дар давраи зимистон тибқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони аввали сохторҳои дахлдори шаҳрӣ, субъектҳои манзиливу коммуналӣ, идораҳо, муассисаҳо, корхона ва ташкилотҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолияткунанда, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон то 15 октябри соли 2015 доир ба саривақт омода намудани соҳаҳои сарпараст, ноҳияҳои шаҳр, иншоотҳои ҳаётан муҳим ва субъектҳои хоҷагидориро ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 ва таъмини фаъолияти мунтазами онҳо дар мавсими зимистон чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро бо масъулияти шахсӣ таъмин намоянд.

3. Бо мақсади таъмини иҷрои пурра ва сифатноки нақшаи чорабиниҳо, ба роҳ мондани фаъолияти самараноки сохторҳои гуногуни шаҳрӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти онҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳр ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ ва баррасии фаврии арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 Ситоди шаҳрӣ дар ҳайати тибқи замимаи №2 таъсис дода шуда, тартиби баргузории ҷаласаи Ситод тибқи ҷадвали зерин, яъне:

- аз 8 май то 15 октябри соли 2015, ҳафтае як маротиба (рӯзи ҷумъа соати 1700);

- аз 15 октябр то 1 декабри соли 2015, ду маротиба дар як ҳафта (рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа соати 1700);

- аз 1 декабри соли 2015 то 15 марти соли 2016 ҳаррӯза, рӯзҳои корӣ аз соати 1800, муайян гардида, ба сардори Ситод ҳуқуқ дода шавад, ки дар ҳолати зарурӣ дар асоси мувофиқа роҳбарони корхонаҳо ва намоядагони соҳавии вазорату идораҳои ҷумҳуриявиро барои иштирок дар ҷаласаҳои Ситод даъват намояд ва ҷаласаҳои сайёри Ситодро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор бо иштироки бевоситаи раисони маҳаллаву шаҳракҳо гузаронад.

4. Ситоди шаҳрӣ ҳамкории доимиро бо вазорату идораҳои дахлдор ба роҳ монда, ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро дар ҷаласаҳои худ баррасӣ ва аз ҷараёни татбиқи он мунтазам ба Раиси шаҳри Душанбе ахбор ва тавассути воситаҳои ахбори омма ба сокинони шаҳр иттилоъ диҳад.

5. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016, иҷрои саривақтии Қарори мазкур ва масъалаҳои баамаломада, ситодҳои дахлдор дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе таҳти сарварии бевоситаи раисони ноҳияҳо ва ҳар як субъекти дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ таҳти сарварии роҳбарони аввали он ташкил дода шавад.

6. Муқаррар карда шавад, ки оид ба масъалаҳои омодагӣ ва гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 сокинони шаҳр метавонанд ба Ситоди шаҳрӣ:

- тавассути телефонҳои 221-34-90; 221-67-56; 221-42-74;

- навбатдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (шабонарӯзӣ) - телефонҳои 223-22-14, 221-26-95;

- шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - телефонҳои 221-82-58, 221-22-29;

- ба ситодҳои ноҳиявӣ:

Шоҳмансур - 221 - 07 - 61;                         Фирдавсӣ - 233 - 60 - 32;

И.Сомонӣ - 221 - 06 - 34;                          Сино - 236 -88 - 70

муроҷиат намоянд.

7. Нисбати масъалаҳои вобаста ба сатҳ, сифат ва ҳаҷми хизматрасониҳо, аз ҷумла қатъ гардидани хизматрасониҳои муҳандисӣ, бартарафсозии саривақтии садамаҳо дар шабакаҳои муҳандисӣ ва кулли дигар хизматрасониҳои коммуналию беҳдошти ҳолати санитарӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳолати роҳҳову системаҳои ирригатсионӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд дар реҷаи мустақим "On-Line" шабонарӯзӣ ба сомонаи интернетии шаҳрдорӣ www.mometavonem.tj, ки дар доираи амалисозии Барномаи инноватсионии "Мо метавонем!" фаъолият менамояд, тавассути фиристонидани sms-паёмакҳо ба рақами телефонии 988933333, почтаи электронии admin@mometavonem.tj, тариқи web бевосита ба сомонаи www.mometavonem.tj ва инчунин телефонҳои навбатдории шабонарӯзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (223-22-14, 221-26-95) муроҷиат намоянд.

8. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ӯлмасов Ф.У. то 25 майи соли 2015 лоиҳаи Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанберо оид ба таъсиси комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ҷалби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма ҷиҳати ба таври доимӣ аз 1 июни соли 2015 то 15 марти соли 2016 мунтазам гузаронидани санҷиши корҳои омодагии ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои шаҳрӣ барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд. Дар робита бо ин, дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ комиссияҳои марбутаи ноҳиявӣ созмон дода шаванд.

9. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) тавассути воситаҳои ахбори омма ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро инъикос ва ба пуррагӣ чоп намудани онро дар рӯзномаҳои шаҳрӣ таъмин созад.

10. Назорати иҷрои Қарори мазкур вобаста ба соҳаҳои сарпараст ва ҳудудҳои марзӣ ба зиммаи муовини якум, муовинони Раиси шаҳр ва Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузошта шавад.

Раиси шаҳр                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ

Замима

 

ПРЕДСЕДАТЕЛЬ ГОРОДА ДУШАНБЕ

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах Местного исполнительного органа государственной власти в городе Душанбе, соответствующих структур и общественности города по обеспечению всесторонней подготовки отраслей экономики и социальной сферы к осенне-зимнему периоду 2015-2016 годов

В целях обеспечения всесторонней подготовки сфер образования, здравоохранения, культуры, услуг, жилищно-коммунального хозяйства, инженерной системы жизнеобеспечения, коммуникационных систем, жилого фонда и потребительских рынков города Душанбе к осенне-зимнему периоду 2015-2016 годов, обеспечения их устойчивой и эффективной работы в зимний период, в соответствии со статьями 19 и 20 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти"

ПОСТАНОВЛЯЮ:

1. Утвердить план мероприятий Местного исполнительного органа государственной власти в городе Душанбе по подготовке отраслей экономики и социальной сферы к осенне-зимнему периоду 2015-2016 годов, обеспечения их устойчивой и эффективной работы в зимний период в соответствии с приложением №1.

2. Первому заместителю, заместителям Председателя города Душанбе, председателям районов города Душанбе, руководителям соотвествующих структур города, жилищно-коммунальных субъектов, учреждений, организаций и предприятий города Душанбе, независимо от форм собственности и ведомственной подчиненности, до 15 октября 2015 года принять неотложные меры для своевременной подготовки курируемых отраслей, районов, особо важных объектов и хозяйственных субъектов к осенне-зимнему периоду 2015-2016 годов и обеспечения их стабильного функционирования в зимний период, и под личную ответственность обеспечить выполнение плана мероприятий.

3. В целях качественного выполнения плана мероприятий и в полном объеме обеспечения эффективной работы различных структур города и их координации с местными исполнительными органами государственной власти районов города соответствующими республиканскими структурами, оперативного решения неотложных задач и пробем, рассмотрения обращений и заявлений в осенне-зимний период 2015-2016 годов, создать Городской штаб в составе согласно приложения №2. Порядок проведения заседаний Штаба утвердить согласно нижеследующего графика:

- с 8 мая по 15 октября 2015 года, один раз в неделю (по пятницам, в 1700 часов);

- с 15 октября по 1 декабря 2015 года, два раза в неделю (по средам и пятницам, в 1700 часов);

- с 1 декабря 2015 года по 15 марта 2016 года, ежедневно в рабочие дни с 1800.

Руководитель Штаба имеет право по мере необходимости и по согласованию приглашать для участия на заседаниях Штаба руководителей учреждений и представителей республиканских министерст и ведомств, а также проводить заседания Штаба на местах: в районах города Душанбе и в соответствующих структурах с участием председателей районов и махаллей.

4. Городскому Штабу установить постоянное взаимодействия с соотвествующими министерствами и ведомствами, рассмотривать на своих заседаниях ход исполнения данного Постановления и официально информировать Председателя города Душанбе, а также население города Душанбе через средства массовой информации о ходе реализации настоящего Постановления.

5. С целью повышения качества оказываемых услуг населению города в осенне-зимний период 2015-2016 годов, своевременного исполнения данного Постановления и оперативного решения возникающих проблем, организовать соответствующие штабы в районах города Душанбе под непосредственным руководством председателей районов и в субъектах города, имеющих статус юридического лица, под руководством первых лиц.

6. Установить, что по вопросам хода подготовки и проведения осенне-зимнего периода 2015-2016 годов, жители города Душанбе могут обратиться:

- в городской Штаб по телефонам 221-34-90; 221-67-56;

- 221-42-74;

- дежурному Местного исполнительного органа государственной власти в городе Душанбе (круглосуточно) - 223-22-14, 221-26-95;

- в отдел обращений и приёма граждан аппарата Председателя города Душанбе - 221-82-58, 221-22-29;

- в Штабы районов:

- Шохмансур - 221 - 07 - 61;

- Фирдавси - 233 - 60 - 32;

-  И.Сомони - 221 - 06 - 34;

- Сино - 236 -88 - 70.

7. По вопросам относительно уровня, качества и объема оказываемых услуг, в том числе аварийного отключения коммунальных и инженерных услуг, своевременного устранения повреждений и аварий в инженерных систем жизнеобеспечения и других коммунальных услуг, улучшения санитарное состояния, по вопросам общественного транспорта, состояния дорог, ирригационных систем, культуры проживания, жители столицы и гости города Душанбе могут круглосуточно обращаться в прямом режиме "On-Line" на городской интернет-сайт www.mometavonem.tj, который действует в рамках реализации инновационного Проекта "Мо метавонем!", а также с помощью смс-сообщений на номер телефона 988933333, электронной почты admin@mometavonem.tj, с помощью web непосредственно на интернет-сайт www.mometavonem.tj, а также круглосуточно дежурному Местного исполнительного органа государственной власти в городе Душанбе (223-22-14, 221-26-95).

8. Руководителю аппарата Председателя города Душанбе Ульмасову Ф.У. до 25 мая 2015 года представить проект соответствующего Постановления Председателя города Душанбе о создании временных комиссий Маджлиса народных депутатов города Душанбе с привлечением представителей политических партий, общественных объединений и средств массовой информации для проведения с 1 июня 2015 года до 15 марта 2016 на постоянной основе проверок хода подготовки районов столицы и городских структур к осенне зимнему периоду. предоставить на утверждения Председателю города Душанбе. Наряду с этим, в районах города Душанбе создать соответствующие районные комиссии.

9. Информационно - аналитическому отделу аппарата Председателя города Душанбе (Хамроев Д.Т.) обеспечить широкое освещение настоящего Постановления и хода его реализации в средставх массовой информации.

10. Контроль за ходом исполнения данного Постановления, согласно курируемых отраслей и административных районов, возложить на первого заместителя, заместителей Председателя города Душанбе, председателей районов города Душанбе.

Председатель города          М. УБАЙДУЛЛОЕВ

г. Душанбе, от 21 апреля 2015 года, № 223

* Текст Приложения №1-2 приводится в Едином государственном реестре нормативных правовых актов Республики Таджикистан на таджикском языке.

*** Зарегистрировано Министертвом юстиции Республики Таджикистан 2 июня 2015 года, регистрационный номер 785