Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 26 декабри соли 2014 № 186 "Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ноҳияи Мастчоҳ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 июни соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 787

МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

ҚАРОР

аз "26" декабри соли 2014 №186 ш. Бустон

Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ноҳияи Мастчоҳ

Мутобиқи моддаҳои 8, 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва пешниҳоди комиссияи ҷамъиятии ноҳиявӣ оид ба тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ, иҷлосияи 20 Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати IV, қарор мекунад:

1. Меъёри ҳадди ақали додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини ноҳия ба ғайр аз заминҳои маҳалҳои аҳолинишини дохили шаҳраки Бӯстон, ба масоҳати 0.08 га муайян карда шавад

2. Меъёри ҳадди ақали додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ҳудуди заминҳои маҳалҳои аҳолинишини дохили шаҳраки Бӯстон ба масоҳати 0.06 га муайян карда шавад.

3. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҳангоми пешниҳод ва ҷудо карда додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон меъёри муайянгардидаро риоя намоянд.

4. Қарори мазкур бо тартиби муқараргардида барои бақайдгирӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

5. Қарор баъди бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

6. Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ аз 20 декабри соли 2013, № 157 "Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон" бекор карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои аграрӣ, меҳнат, ҳифзи табиат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ гузошта шавад.

Раисикунандаи иҷлосияи

Маҷлиси вакилони халқи

ноҳияи Мастчоҳ                                   Ҳ . Мирзоев

МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ МАТЧИНСКОГО РАЙОНА

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об определении минимальной нормы распределения приусадебных земельных участков гражданам в Матчинском районе

В соответствии со статями 8, 9 Констутсионного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статьи 71 Земельного кодекса Республики Таджикистан, статьи 24 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и предложения обшественной комиссии по распределению приусадебных земельных участков 20 сессия Маджлиса народных депутатов Матчинского района IV созыва постановляет:

1. Минимальную норму распределения приусадебных земельных участков для граждан, кроме населённого пункта посёлка Бустон определить в размере 0.08 га.

2. Минимальную норму распределения приусадебных земельных участков для граждан на территории посёлка Бустон, определить в размере 0.06 га .

3. Местный исполнительный орган государственной власти и Джамоат посёлков и сёл района при предоставлении и распределении приусадебных участков для граждан соблюдают определённую норму.

4. Настоящее постановление, в установленном порядке, представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации.

5. Настоящее постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

6. Считать утратившим силу постановление Маджлиса народных депутатов Матчинского района от 20 декабря 2013 года, № 157 "Об определении минимальной нормы распределения приусадебных земельных участков гражданам".

7. Контроль за исполнением настоящего постановления возложить на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов района по аграрным вопросам, вопросам труда, охраны окружающей среды и обслуживания населения".

Председательствующий сессии

Маджлиса народных депутатов

Матчинского района           Х.Мирзоев

от " 26 " декабря 2014 года № 186 п. Бустон

*** Зарегистрировано Министертвом юстиции Республики Таджикистан 2 июня 2015 года, регистрационный номер 787