Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2014 № 185 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №186 "Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 майи соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 612 "б"

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 майи соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 612 "б"

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

аз "25" июли соли 2014 №185 ш. Душанбе

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №186 "Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ"

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

қ а р о р м е к у н а д:

1. Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №186 "Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ", ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2011, №73 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2011, №612 ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).

2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Директори Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.

4. Иҷрои банди 2 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Маркази матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.

5. Назорати иҷрои ҳамин Қарор ба зиммаи Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Неъматов А.Ҳ. гузошта шавад.

Раиси Раёсат                                А. Ширинов

...

ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА

О внесении изменений и дополнений в Инструкцию №186 "О порядке предоставления кредита и начисления процента в кредитных организациях"

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правление Национального банка Таджикистана

п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить изменения и дополнения в Инструкцию №186 "О порядке предоставления кредита и начисления процента в кредитных организациях", утверждённую Постановлением Правления Национального банка Таджикистана от 28 апреля 2011 года, №73 и зарегистрированную в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 10 июня 2011 года, № 612 (прилагается).

2. Данное постановление в установленном порядке представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Уполномочить Директора Департамента банковского надзора (Давлатов И.Х.) при государственной регистрации данного Постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан в случае необходимости вносить изменения и дополнения редакционного характера в текст приложения данного Постановления, не изменяющие его содержания.

4. Исполнение пункта 2 данного Постановления возложить на Департамент банковского надзора (Давлатов И.Х.), Юридическое управление (Давлатов Ш.Ф.) и Пресс-службу (Курбанов А.А.).

5. Контроль за исполнением данного постановления возложить на Заместителя Председателя Национального банка Таджикистана Негматова А.Х.

Председатель

Правления     А. Ширинов

Председатель

Правления     А. Ширинов

г. Душанбе,

 от "25" июля 2014 года, №185

г. Душанбе,

 от "25" июля 2014 года, №185

...