Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 августи соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 558 "в"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 августи соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 558 "в"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз "25" июни соли 2015 № 116 ш. Душанбе
Дар бораи тасдиқ кардани тағйиротҳо ба Дастурамали №177 "Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо"
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Тағйиротҳо ба Дастурамали №177 "Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо", ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, №153 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2011, №558 "а" ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ, Идораи ҳуқуқ ва Хадамоти матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромов С. С. гузошта шавад.
Раиси Раёсат Ҷ. Нурмаҳмадзода
...