Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 феврали соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 809
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 феврали соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 809
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ХУҶАНД, ДАЪВАТИ ПАНҶУМ
ҚАРОР
аз 28 декабри соли 2015 № 70 ш. Хуҷанд
Дар бораи муқаррар намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар шаҳри Хуҷанд
Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди Кумитаи заминсозии шаҳри Хуҷанд аз 23 декабри соли 2015 ва хулосаи комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум қ а р о р м е к у н а д:
1. Меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар шаҳри Хуҷанд ба андозаи 0,04 гектар муайян карда шавад.
2. Комиссияи ҷамъиятӣ, кумитаи заминсозӣ ва сармеъмори шаҳр ҳангоми ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ меъёри муайяншударо ба инобат гиранд.
3. Қарори мазкур ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
4. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вогузор карда шавад.
Раиси Маҷлис Раҷаббой Аҳмадзода
...