Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шӯрообод аз 25 июни соли 2015 № 64 "Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Шӯрообод"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 июли соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 790

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ШӯРООБОД

ҚАРОР

аз 24 июни соли 2015 № 64 д. Шӯрообод

Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Шӯрообод

Мутобиқи моддаҳои 8, 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 24, 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаҳои 6, 262, 308 ва 309 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 79, 82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет", моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" ва бо назардошти таклифи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба иқтисодиёт ва буҷет Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шӯрообод,

ҚАРОР МЕКУНАД:

1. Андоз аз воситаҳои нақлиёт, аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул мутобиқи бобҳои 40 ва 41-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.

2. Дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод маблағи андоз аз бизнеси бозӣ барои ҳар як воҳиди объекти андозбандии бақайдгирифташуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда шуда, тибқи ҷадвали замимагардида муайян карда шавад:

3. Меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунонии рекламаҳои берунӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди ноҳияи Шӯрообод ба андозаҳои зерин муқаррар карда шаванд;

- ҷойгиркунонии объектҳои рекламавии оддӣ (бе истифодаи технологияи муосир) барои 1м2 ба андозаи 15 сомонӣ;

- ҷойгиркунии объектҳои рекламавӣ (бо истифодаи технологияи муосир) барои 1м2 ба андозаи 20 сомонӣ;

4. Вобаста ба мавқеи ҷойгиркунии рекламаҳо коеффисентҳои зерини танзимкунанда муайян карда шаванд;

- дар ҳудуди маркази ноҳияи Шӯрообод коэффисенти 1,2;

- дар мавзеи берун аз маркази ноҳияи Шӯрообод коэффисенти 1,0; 5. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ҳангоми истифодабарии объектҳои рекламавӣ меъёри пардохтҳои маҳаллӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳо мисли шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян карда шуда, коэффисентҳои танзимкунандаи зерин муайян карда шаванд.

- дар ҳудуди маркази ноҳияи Шӯрообод коэффисенти 2,0;

- дар мавзеи берун аз маркази ноҳияи Шӯрообод коэффисенти 1,5 6. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шӯрообод супориш дода шавад, ки дар мувофиқа бо Нозироти андози ноҳияи Шӯрообод корҳои зеринро иҷро намоянд: - ҷойгиркунии рекламаи беруниро тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд;

- ситонидани пардохтҳои муқарраргардидаро нисбат ба ҷойгиркунонии рекламаҳои берунӣ вобаста ба коэффисентҳои танзимкунанда ба роҳ монанд;

- фаъолияти субъектҳои ба паҳнкунии реклама машғулбударо мавриди таҳлил қарор дода,ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ оид ба паҳнкунии реклама дар ҳудуди ноҳия ва мавзеи берун аз ноҳияро санҷида, раванди иҷозатдиҳиро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.

7. Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

8. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

9. Интишори қарори мазкур тариқи рӯзномаи ноҳиявии "Насими Терай"- и мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шӯрообод ва дигар расонаҳои маҳаллӣ расмӣ амалӣ карда шавад.

10. Қарорҳои зерини Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шӯрообод аз эътибор соқит дониста шаванд:

- аз 24 декабри соли 2013, №666 Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Шӯрообод" - аз 13 марти соли 2015, №13 "Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Шӯрообод"

11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шӯрообод оид ба масъалаҳои иқтисодиёт, буҷет ва Нозироти андози ноҳияи Шӯрообод вогузор карда шавад.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шӯрообод                                А. Икромзода

 

Замима

 

РЕСПУЛИКА ТАДЖИКИСТАН ХАТЛОНСКАЯ ОБЛАСТЬ МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ШУРОБАДСКОГО РАЙОНА

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об установлении нормы местных налогов и платежах в Шуроабадском районе

На основании статей 8 и 9 Конститутционного закона Республики Таджикистана "О местных органах государственной власти", статей 24 и 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актов", статьи 14 Закона Республики Таджикистан "О рекламе", статей 79 и 82 Закона Республики Таджикистан "О иных обязательных платёжах в бюджет", статей 6, 262, 308 и 309 Налогового кодекса Республики Таджикистан и учитывая предложения постоянной комиссии Маджлиса народных депутатов Шуроабадского района по вопросам экономики и бюджета, Маджлис народных депутатов Шуроабадского района:

ПОСТАНОВЛЯЕТ:

1. Налог на транспортные средства, недвижимое имущество, в том числе земельный налог и налог на обекты недвижимости установить согласно главами 40 и 41 Налогового кодекса Республики Таджикистан.

2. На территории Шуроабадского района сумму налога на игорный бизнес с каждой единицы обьекта налогооблажения, согласованного с уполномеченным государственным органом, определять согласно прилагаемой таблицы

3. Нормы обязательных оплат для размещения наружной рекламы для физических и юридических лиц на перекрёстках автомобильных дорог общего пользования и населённых пунктов территории Шуроабадского района установить в следующих размерах:

- размещение обычных рекламных объектов (без использования современных технологий) на 1 м2 в размере 15 сомони - размещение рекламных объектов (с использованием современных технологий) на 1 м2 в размере 20 сомони;

4. Исходя из местонахождения рекламы, установить следующие регулирующие коэффициенты:

- на территории Шуроабадского района коэффициент 1,2;

- за пределами центра Шуроабадского района коэффициент 1,0;

5. Для иностранных граждан, лиц без гражданства и юридических иностранных лиц при использовании рекламных объектов, нормы обязательных оплат для размещения рекламы устанавливая, как физическим так и юридическим лицам, определить следующие регулириющие коэффициенты:

- на территории центра Шуроабадского района коэффициенты 2,0;

- за пределами центра Шуроабадского района коэффициент 1,5;

6. Обязать местный исполнительный орган государственной власти по согласованию с налоговой инспекцией Шуроабадского района выполнять следующее:

- установить размещение наружной рекламы в соответствии с действующими законами Республики Таджикистан;

- взыскать установленные платежы по отношению к размещениям наружной рекламы согласно с регулирующими коэффициентами;

- анализировать деятельность субъектов, занимающихся распространением рекламы, изучить разрешающие документы по распростанению рекламы на территории района и за пределами района обеспечить процесс разрешения согласно с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

7. Представить настоящее постановление для регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан.

8. Настоящее постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

9. Осуществить публикацию настоящего постановления местной районной газетой "Насими Терай" местного исполнительного органа государственной власти Шуроабадского района и другими средствами массовой информации.

10. Нижеследующие постановления Маджлиса народных депутатов Шуроабадского района считать утратившими силу:

- от 24 декабря 2013 года, №666 "Об установлении нормы местных налогов и платежах в Шуроабадском районе"

- от 13 марта 2015 года, №13 "Об установлении нормы местных налогов и платежах в Шуроабадском районе"

11. Контроль над выполнением настоящего постановления возлагается на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов Шуроабадского района по вопросам экономики, бюджета и налоговую инспекцию Шуроабадского района

Председатель

Маджлиса народных депутатов

Шуроабадского района            А. Икромзода

от 24 июня 2015 года №64 п. Шуроабад

* Таблица приводится в оригинале

*** Зарегистрировано Министерством юстиции Республики Таджикистан 29 июля 2015 года, регистрационный номер 790