Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум даъвати панҷум аз 30 октябри соли 2015 № 44 "Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар шаҳри Қайроққум"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 январи соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 805

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВИЛОЯТИ СУҒД

МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ҚАЙРОҚҚУМ ДАЪВАТИ ПАНҶУМ

ҚАРОР

аз "30" октябри соли 2015 № 44 шаҳри Қайроққум

Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар шаҳри Қайроққум

Дар асоси моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони шаҳри Қайроққум қарор мекунад:

1. Меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлгии шаҳрвандон дар маркази шаҳр 0,04 гектар ва дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои шаҳракҳои шаҳри Қайроққум 0,06 гектар, ки масоҳати сохтмонҳо ва ҳавлӣ ба ҳамин ҳисоб дохил мешавад, муқаррар карда шавад.

2. Ба комиссияи ҷамъиятӣ, кумитаи идораи замин шаҳри Қайроқум ва бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум ҳангоми ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон меъёри ҳадди ақали муқарраргардидаро ба инобат гиранд.

3. Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

4. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

5. Интишори қарори мазкур тариқи рӯзномаи шаҳрии "Соҳил", сомонаи расмии (веб-сайти) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайрорққум ва дигар расонаҳои маҳаллии расмӣ, амалӣ карда шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ вогузор карда шавад.

 

Раиси Маҷлис                               М.Амонзода

 

МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ГОРОДА КАЙРАККУМ ПЯТЫЙ СОЗЫВ

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об установлении минимального размера приусадебного земельного участка граждан

В соответствии со статьями 8, 9, 20 Конститутционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статьи 71 Земельного Кодекса Республики Таджикистан, Маджлис народных депутатов города Кайраккум постановляет:

1. Установить минимальный размер приусадебного земельного участка граждан, включая площадь занятую под строения и дворы в центре города в размере 0,04 гектар и на территории других посёлках городского типа в размере 0,06 гектар.

2. Общественной комиссии, комитету по управлению землей города Кайраккума, отделу архитектуры и строительства исполнительного органа государственной власти города Кайраккума руководствоваться данными минимальными размерами при выделении приусадебных земельных участков.

3. Представить настоящее постановление для регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан.

4. Настоящее постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

5. Осуществить публикацию настоящего постановления местной городской газетой "Сохил", официальным сайтом исполнительного органа государственной власти города Кайраккума и другими средствами массовой информации.

6. Контроль над выполнением настоящего постановления возлагается на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов города Кайраккума по вопросам промышленности, строительства, связи, коммунального хозяйства и обслуживания населения.

Председатель Маджлиса        М.Амонзода

г. Кайраккум,

 от 30 октября 2015 года, № 44

*** Зарегистрировано Министерством юстиции Республики Таджикистан 25 января 2016 года, регистрационный номер 805