Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 январи соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 807
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 январи соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 807
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ (ДАЪВАТИ V)
Қ А Р О Р
аз 30 октябри соли 2015 № 37 ш.Панҷакент
Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологии шаҳру деҳоти Панҷакент
Дар асоси моддаҳои 8, 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тожикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 19 августи соли 2011, №82 "Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологӣ", ки дар Вазорати адлия Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ноябри соли 2011, № 630 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент, даъвати панҷум
ҚАРОР МЕКУНАД:
1. Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологии шаҳру деҳоти Панҷакент тасдиқ карда шавад.
2. Қарори мазкур барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Ба шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр супорида шавад, ки интишори расмии Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологии шаҳру деҳотро таъмин намояд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масъалаҳои оила ва занон гузошта шавад.
...