Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2016 № 700 "Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо Фармони Президенти ҶТ аз 20.03.2024 № 797 аз эътибор соқит дониста шуд

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(бо фармони Президенти ҶТ аз 30.03.2020 № 1511, аз 02.04.2022 № 370)

Мутобиқи моддаи 91 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади ба танзим даровардани сохтори дастгоҳ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон медиҳам:

1. Сохтори дастгоҳ ва нақшаи идоракунии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (Замимаҳои 1 ва 2).

2. Шумораи воҳидҳои кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 112 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла  (бо фармони Президенти ҶТ аз 30.03.2020 № 1511):

- бо назардошти судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 воҳид;

- судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистоии Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе - 26 воҳид;

- дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 42 воҳид (бо фармони Президенти ҶТ аз 30.03.2020 № 1511);

- дастгоҳи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе - 28 воҳид муқаррар карда шавад.

3. Ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 9 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда шавад.

5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2006, № 1743 "Дар бораи сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

 9 июни соли 2016 № 700

Замимаи 1

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2022, №370

Сохтори дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 02.04.2022 № 370)

Роҳбарият

Раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳо

Раёсати коргузорӣ, назорат ва омори судӣ

Шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо

Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Бахши кадрҳо ва корҳои махсус

Котиботи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти ҶТ аз 02.04.2022 № 370)

Замимаи 2

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷишстон

аз "9" июни соли 2016, № 700

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Суди иқтисодии вилояти Суғд

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(бо фармони Президенти ҶТ аз 30.03.2020 № 1511)

Мутобиқи моддаи 91 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади ба танзим даровардани сохтори дастгоҳ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон медиҳам:

1. Сохтори дастгоҳ ва нақшаи идоракунии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (Замимаҳои 1 ва 2).

2. Шумораи воҳидҳои кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 112 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла  (бо фармони Президенти ҶТ аз 30.03.2020 № 1511):

- бо назардошти судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 воҳид;

- судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистоии Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе - 26 воҳид;

- дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 42 воҳид (бо фармони Президенти ҶТ аз 30.03.2020 № 1511);

- дастгоҳи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе - 28 воҳид муқаррар карда шавад.

3. Ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 9 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда шавад.

5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2006, № 1743 "Дар бораи сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

 9 июни соли 2016 № 700

Замима 1

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 марти соли 2020, №1511

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбарият

2. Раёсати таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо

3. Раёсати коргузорӣ ва назорат

4. Шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо

5. Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

6. Бахши кадрҳо ва корҳои махсус

7. Бахши омор ва ҷамъбасти амалияи судӣ (бо фармони Президенти ҶТ аз 30.03.2020 № 1511)