Низомнома дар бораи тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардидани Протокол оид ба механизми расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ ба давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ҳолати ба вуҷуд омадани таҳдиди таҷовуз ё содир шудани таҷовузкорӣ аз 3 июни соли 2016 № 694

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" июни соли 2016, № 694

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардидани Протокол оид ба механизми расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ ба давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ҳолати ба вуҷуд омадани таҳдиди таҷовуз ё содир шудани таҷовузкорӣ

1. Низомномаи мазкур тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намудани Протокол оид ба механизми расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникиро ба давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ҳолати ба вуҷуд омадани таҳдиди таҷовуз ё содир шудани таҷовузкорӣ (минбаъд - Протокол) муқаррар менамояд.

2. Қарор оид ба расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ ба давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (минбаъд - Созмон) танҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зайл қабул карда мешавад:

а) ҳангоми сар задани ҳолатҳое, ки аз ҷониби Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамчун таҳдиди содир шудани таҷовуз барои яке аз давлатҳои аъзои Созмон арзёбӣ мегардад;

б) дар ҳолатҳои фавқулодда - ҳангоми муроҷиати сарвари давлати аъзои Созмон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ;

в) дар ҳолати сари вақт муайян намудани тайёрӣ ба таҷовуз, банақшагирии амалиёти бузургҳаҷми терроризми байналмилалӣ ва имконияти ба вуҷуд омадани дигар таҳдидҳои беруна ба амният, истиқлолият ва тамомияти арзии як ё якчанд Тарафҳо;

г) дар ҳолати содир шудани таҷовуз, амалиёти бузургҳаҷми терроризми байналмилалӣ ва имконияти ба вуҷуд омадани дигар таҳдидҳои беруна ба амният, истиқлолият ва тамомияти арзии як ё якчанд Тарафҳо.

3. Амалӣ намудани қарор оид ба расонидани кӯмаки ҳарбӣтехникӣ ба давлати аъзои Созмон тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

4. Оид ба ворид гардидани муроҷиати сарвари давлати аъзои Созмон доир ба расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ (минбаъд-муроҷиат) фавран ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.

5. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ бо иштироки вазорату идораҳои манфиатдор, инчунин ширкату корхонахои мудофиавии истеҳсолкунандаи маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ муроҷиати воридгардидаро бо мақсади муайян намудани имконияти расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ, муқаррар намудани номгӯи маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ. ҳаҷм, шароит ва мӯҳлати таҳвили он, баррасӣ намуда, бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ пениҳод манзур менамояд. Мӯҳлати баррасии муроҷиат ва таҳияи пешниҳодот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз панҷ рӯз аз рӯзи ворид гардидан зиёд бошад.

6. Пешниҳоди омоданамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 5 Низомномаи мазкур якҷо бо лоиҳаи Фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида мувофиқашуда, ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонанд қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва қабул шаванд.

Дар лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусият, ҳаҷм, тартиб ва мӯҳлати расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ, инчунин шартҳои пешниҳод намудани он бояд нишон дода шавад.

7. Нисбат ба Фармони қабулнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расонидани кӯмакӣ ҳарбӣ-техникӣ ба давлати аъзои Созмон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби генералии Созмон ва мақомоти ваколатдори давлати манфиатдори аъзои Созмонро огоҳ менамояд.

8. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ ба давлати аъзои Созмон назорат мебарад;

б) ҳамкории муштаракро бо мақомоти ваколатдори давлати аъзои Созмон, ки манфиатдор мебошад ва, (ё) бо Котиботи Созмон оид ба ҳамоҳанг намудани фаъолият вобаста ба расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ ба роҳ мемонад.

9. Ба давлати аъзои Созмон додани маълумоти дорои сирри давлатии дар маҳсулоти таъиноти ҳарбии таҳвилшаванда маҳфузбуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатии дар маҳсулоти таъиноти ҳарбии таҳвилшаванда маҳфузбуда, инчунин назорати истифодабарии мақсадноки маҳсулоти таъиноти ҳарбиро, ки давлати аъзои Созмон онро қабул кардааст, тибқи созишномаҳои байналмилалӣ ва қонунгузории ҳамин давлат амалӣ мегардад.

10. Батанзимдарории масъалаҳо вобаста ба ҳамлу нақли маҳсулоти таъиноти ҳарбии таҳвилшаванда дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла мувофиқа намудани тартиби таъминоти аэронавигатсионӣ, фурудгоҳӣтехникӣ, нақлиётӣ ва дигар намуди таъминот тибқи созишномаҳои байналмилалӣ, қонунгузории давлате, ки аз ҳудуди он маҳсулоти мазкур интиқол меёбад ва бо қарордодҳои (шартномаҳои) басташуда байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори давлати аъзои Созмон, ки кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ расонида мешавад, амалӣ мегардад.

11. Сарчашмаи маблағгузории хароҷоти вобаста ба татбиқи Низомномаи мазкур маблағҳои буҷетии барои фармоишоти давлатии мудофиавӣ пешбинигардида ва дигар сарчашмаҳо тибқи тартиби муқарраргардида мебошад.

12. Оид ба иҷрои чорабиниҳо вобаста ба расонидани кӯмаки ҳарбӣ-техникӣ ба давлати аъзои Созмон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.

 

 Утверждено

Указом Президента

Республики Таджикистан

от 3 июня 2016 года, №694

ПОЛОЖЕНИЕ

О порядке реализации в Республике Таджикистан Протокола о механизме оказания военно-технической помощи государствам - членам Организации Договора о коллективной безопасности в случаях возникновения угрозы агрессии или совершения акта агрессии

1. Настоящим Положением определяется порядок реализации в Республике Таджикистан Протокола о механизме оказания военнотехнической помощи государствам - членам Организации Договора о коллективной безопасности в случаях возникновения угрозы агрессии или совершения акта агрессии (далее - Протокол).

2. Решение об оказании военно-технической помощи государству-члену Организации Договора о коллективной безопасности (далее-Организация) принимается только Президентом Республики Таджикистан в следующих случаях:

а) в случае возникновения ситуации, которая будет расценена Советом коллективной безопасности Организации Договора о коллективной безопасности как угроза совершения акта агрессии против любого из государств - членов Организации;

б) в экстренных случаях - при обращении главы государства - члена Организации к Президенту Республики Таджикистан с просьбой об оказании военно-технической помощи;

в) при заблаговременно выявленных подготовке к агрессии, планировании крупномасштабных актов международного терроризма и возможности проявления других внешних угроз безопасности, суверенитету и территориальной целостности одной или нескольким Сторонам;

г) при совершении агрессии, крупномасштабных актов международного терроризма и проявлении других внешних угроз безопасности, суверенитету и территориальной целостности одной или нескольким Сторонам.

3. Реализация решения об оказании военно-технической помощи государству - члену Организации осуществляется в соответствии  с законодательством Республики Таджикистан.

4. О поступившем обращении главы государства - члена Организации с просьбой об оказании военно-технической помощи (далее - обращение) незамедлительно сообщается Президенту Республики Таджикистан.

5. Министерство обороны Республики Таджикистан на основании соответствующего поручения Президента Республики Таджикистан совместно с Министерством иностранных дел Республики Таджикистан, Министерством промышленности и новых технологий Республики Таджикистан, Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан, Агентством по обеспечению специальным имуществом при Правительстве Республики Таджикистан, Агентством по государственным материальным резервам при Правительстве Республики Таджикистан, и при необходимости с участием представителей иных заинтересованных министерств и ведомств Республики Таджикистан, а также оборонно-промышленных предприятий производителей продукции военного назначения организует рассмотрение обращения в целях определения возможности оказания военно - технической помощи, номенклатуры продукции военного назначения, её объёмов, условий и сроков осуществления поставок, и в установленном порядке подготавливает предложения Президенту Республики Таджикистан. Срок рассмотрения обращения и подготовки предложений Президенту Республики Таджикистан не должен превышать пять дней со дня поступления обращения.

6. Подготовленные Министерством обороны Республики Таджикистан в соответствии с пунктом 5 настоящего Положения предложения вместе с проектом соответствующего Указа Президента Республики Таджикистан, согласованное в установленном порядке представляются на рассмотрение Президенту Республики Таджикистан.

В целях реализации Указа Президента Республики Таджикистан в установленном порядке могут быть разработаны и приняты постановления и распоряжения Правительства Республики Таджикистан.

В проекте Указа Президента Республики Таджикистан должны быть указаны характер, объем, порядок и сроки оказания военно-технической помощи, а также условия ее предоставления.

7. О принятом Президентом Республики Таджикистан Указе об оказании государству - члену Организации военно - технической помощи Министерство обороны Республики Таджикистан информирует Генерального секретаря Организации и уполномоченный орган заинтересованного государства - члена Организации.

8. Министерство обороны Республики Таджикистан:

а) контроль за выполнением решение Президента Республики Таджикистан об оказании государству - члену Организации военно-технической помощи;

б) взаимодействие с уполномоченным органом заинтересованного государства - члена Организации и (или) с Секретариатом Организации в целях координации работ, связанных оказанием военно-технической помощи.

9. Передача государству - члену Организации сведений, составляющих  государственную тайну, содержащихся в поставляемой продукции военного назначения, осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан. Защита сведений, составляющих. государственную тайну, содержащихся в поставляемой продукции военного назначения, а также контроль за целевым использованием полученной государством - членом Организации продукции военного назначения осуществляются в соответствии с международными соглашениями и национальным законодательством данного государства.

10. Урегулирование вопросов, связанных с транзитом поставляемой продукции - военного назначения по территориям иностранных государств, в том числе согласование порядка аэронавигационного, аэродромно-технического, транспортного и других видов обеспечения, осуществляется в соответствии с международными соглашениями, национальным законодательством государств, по территориям которых осуществляется транзит данной продукции, и контрактами (договорами), заключенными Министерством обороны Республики Таджикистан с уполномоченным органом государства - члена Организации, которому оказывается военно-техническая помощь.

11. Источником финансирования расходов, связанных с реализацией настоящего Положения, являются бюджетные средства, предусмотренные для государственного оборонного заказа и другие источники в установленном порядке.

12. О выполнении мероприятий, связанных с оказанием военно-технической помощи государству - члену Организации, Министерство обороны Республики Таджикистан предоставляет доклад Президенту Республики Таджикистан и в Правительство Республики Таджикистан.