Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни соли 2016, № 238
тасдиқ шудааст
Тартиби амалӣ намудани савдои наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби амалӣ намудани савдои наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) мутобиқи моддаи 53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ" таҳия гардида, асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии таъсиси нуқтаҳои савдои наздасарҳадиро ба танзим дароварда, тартиби анҷом додани савдои наздисарҳадиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Савдои наздисарҳадӣ дар ҳудуди дахлдори наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.
3. Нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъати робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар асоси манфиати мутақобила, рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстонаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя ташкил карда мешаванд.
4. Амали Тартиби мазкур ба ташкил ва амалигардонии муносибатҳои савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, савдо дар биржаҳои молӣ, инчунин хариду фурӯши коғазҳои қиматнок, объектҳои молу мулки ғайрнманқул, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, аз ҷумла қувваи барқ ва энергияи гармӣ татбиқ намегардад.
5. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода шудаанд:
- савдои наздисарҳадӣ - савдои (хориҷии) молу хизматрасоние мебошад, ки танҳо барои қонеъ гардонидани талаботи маҳал ба молу хизматрасониҳои дар ҳудуди дахлдори наздисарҳадӣ истеҳсолшуда ва барои истеъмол аз тарафи шахсони воқеии дорои маҳалли доимии зист ва шахсони ҳуқуқии дорои маҳалли ҷойгиршавӣ дар ин қаламрав пешбинӣ гардидааст;
- нуқтаи савдои наздисарҳадӣ - қитъаи замини махсус дар наздикии бевоситаи сарҳади давлатӣ (дар маҳалли гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ) ҷудогардидаи дорои маҷмӯи биноҳо ва объекте, ки бо воситаҳои технологӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва дар он ҷо байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати ҳамсарҳад савдо анҷом дода мешавад;
- субъектҳои савдои наздисарҳадӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, ки савдоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи созишномаи дахлдори байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати хориҷии ҳамсарҳад ва ҳамин Тартиб дар нуқтаи савдои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нуқтаи савдои наздисарҳадии давлати ҳамсарҳад анҷом медиҳад.
2. ТАРТИБИ ТАЪСИСИ НУҚТАҲОИ САВДОИ НАЗДИСАРҲАДӢ
6. Нуқтаи савдои наздисарҳадӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақомати иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди наздисарҳадии дахлдори муайяннамудаи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати ҳамсарҳад таъсис дода мешавад.
7. Савдои наздисарҳадӣ дар асоси шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати хориҷии ҳамсарҳад амалӣ гардонида шуда, пешниҳоди низоми махсуси мусоиди фаъолияти савдои хориҷиро дар мавриди савдои (хориҷии) молу хизматрасонӣ пешбинӣ менамояд.
8. Нуқтаи савдои наздисарҳадӣ дар ҳудуди наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бо давлати дорои низоми раводид ва бо давлате, ки низоми раводид надорад, таъсис дода мешавад.
9. Ҷудо кардани қитъаи замин барои ташкили нуқтаи савдои наздисарҳадӣ ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба амал бароварда мешавад.
10. Лоиҳакашӣ ва ташкили фаъолияти нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ дар асоси қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.
11. Нуқтаи савдои наздисарҳадӣ метавонад тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби субъекти хоҷагидори ҳама гуна шакли моликият ташкил карда шавад.
12. Лоиҳакашӣ, азнавлоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳо дар ҳудуди бозор, таҷдид ва навсозии биноҳо, иморатҳо ва объектҳое, ки дар нуқтаи савдо қарор доранд, тибқи талаботи қонунгузорӣ амалӣ гардонида мешаваид.
13. Сохтмони нуқтаи савдои наздисарҳадӣ бо риояи меъёру қоидаҳои нигоҳдории амалкунандаи санитарии биноҳо, объект ва ҳудудҳо, камераҳои назоратии ғунҷоиши хотирааш на кам аз 6 моҳа, қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор ва талаботи дигар мутобиқи қонунгузории амалкунанда анҷом дода мешавад. Барои ифтитоҳи нуқтаи савдои наздисарҳадӣ санади ба истифода додани объект, ки тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқ шудааст, асос мешавад.
14. Анҷом додани ҳамаи намудҳои корҳои сохтмонию васлкунӣ ва таъмирӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорие, ки дар нуқтаи савдои наздисарҳадӣ савдо мекунанд, дар асоси муносибатҳои шартномавӣ бо маъмурияти нуқтаи савдои наздисарҳадӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад.
15. Бо мақсади ба истифода қабул кардани сохтмони анҷомёфта, таҷдиди нуқтаи савдои наздисарҳадӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи давлатӣ таъсис дода мешавад.
16. Ба ҳайати Комиссияи давлатӣ намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатии ҷумҳуриявӣ вобаста аз намуди назорате, ки дар нуқтаи ба истифода додани савдои наздисарҳадӣ амалӣ мегардонад, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки дар ҳудуди он нуқтаи савдои наздисарҳадӣ ифтитоҳ меёбад, ворид карда мешаванд.
17. Нуқтаи савдои наздисарҳадӣ метавонад шахси ҳуқуқӣ бошад.
3. ҚОИДАҲОИ САВДО
18. Савдои наздисарҳадии молҳо метавонад байни шахсони воқеии дорои маҳалли доимии зист, шахсони ҳуқуқии дорои маҳалли ҷойгиршавӣ дар ин қаламрав ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷие, ки дар ҳудуди дахлдори наздисарҳадии давлати ҳамсоя дорои маҳалли доимии зист ва ҷойгиршавӣ доранд, мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя амалӣ карда шавад.
19. Савдое, ки дар нуқтаи савдои наздисарҳадӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад, дар асоси санади баистифода додани объект, ки аз ҷониби Комиссияи давлатӣ дода мешавад ва намудҳои молҳои савдошаванда, ки бо хадамоти дахлдори назорати санитарӣ мувофиқа шудааст, сурат мегирад.
20. Дар ҳолате, ки агар дар нуқтаи савдои наздисарҳадӣ нақшаи ҷойгиршавии нуқтаҳои савдо бо нишондоди намудҳои молҳои (гурӯҳи молҳои) доимо савдошаванда мавҷуд буда, бо маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа шуда бошад, барои мувофиқаи навъҳои мол хулосаи мақомоти давлатии назорати санитарӣ талаб карда намешавад.
21. Реҷаи кори нуқтаи савдои наздисарҳадӣ бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
22. Ҷиҳати иҷрои дархостҳо барои ҷудо кардани нуқтаҳои савдо ба субъектҳои номбаршудаи хоҷагидорӣ ва шаҳрвандони дорои имтиёз маъмурияти бозор ӯҳдадор аст, ки захира кардани миқдори муайяни нуқтаҳои савдоро пешбинӣ намояд.
23. Дар нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ арзиши умумии молҳо, кор ва хизматрасониҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, тибқи қонунгузории ҷорӣ амалӣ карда мешавад ва дар ҳар рӯзи савдо набояд аз 1000 доллари ШМА ба ҳар як иштирокчӣ зиёд бошад.
24. Ҳангоми савдои наздисарҳадӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд тартиби имтиёзнок ва содда кардашудаи интиқоли молҳоро истифода баранд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.
25. Дар нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ савдои ҳама намудҳои молҳо, кор ва хизматрасонӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешаванд.
26. Савдо дар нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ дар объекти савдо бо фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати харидории молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, нигаҳдорӣ ва фурӯши молҳо бо истифодаи таҷҳизоти савдо ва савдою технологӣ (раста, пешдӯкон, таҷҳизоти сардкунанда ва ғайра), асбобҳои вазнченкунӣ мутобиқи талаботи санитарию гигиенӣ, зидди сӯхтор, ҳифзи табиат ва талаботи дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, анҷом дода мешавад.’
27. Мақоми ҳамоҳангсози ташкил ва фаъолияти нуқтаи савдои наздисарҳадӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ин, вазифаи бевоситаи ташкили назорат дар нуқтаи савдои наздисарҳадӣ ба инҳо вогузор карда мешавад:
- оид ба масъалаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба масъалаҳои назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати маҳсулоти воридшавандаи табобатӣ, профилактикӣ ва косметикӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба масъалаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба масъалаҳои амният ва сарҳад ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба масъалаҳои гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба масъалаҳои андозбандӣ ва бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба масъалаҳои меъморӣ ва сохтмонӣ ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба масъалаҳои назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории воридшаванда ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертафикатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷикстандарт";
- оид ба амалиёт ва хизматрасонии бонкӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон;
- оид ба масъалаҳои савдо ва ташкили хӯроки умумӣ ба Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
28. Назорати бевосита ва танзими давлатии фаъолияти нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ амалӣ карда мешавад.
4. ТАНЗИМИ АНДОЗӢ, ГУМРУКӢ, МОЛИЯВӢ ВА АСЪОРӢ ДАР НУҚТАҲОИ САВДОИ НАЗДИСАРҲАДӢ
29. Барои шаҳрвандоии хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ фаъолият мебаранд ё аз рӯи иҷора кор мекунанд, низоми соддакардашудаи вуруд, хуруҷ ва будубоши муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
30. Тартиби андозбандӣ дар ҳудуди давлатҳои савдои наздисарҳадӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
31. Тартиби барасмиятдарории гумрукӣ ва баҳисобгирии молҳо дар ҳудуди нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
32. Дар ҳудуди нуқтаи савдои наздисарҳадӣ барои пардохти арзиши молҳо, кор ва хизматрасонӣ асъоре, ки барои ҳисоббаробаркунӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ аст, истифода карда мешавад.
5. НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ БОЗОР ВА МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ
33. Роҳбарияти нуқтаи савдои наздисарҳадӣ ӯҳдадор аст, ки аз ҷониби фурӯшандаҳо риоя гардидани меъёру қоидаҳо ва талаботи пардохти маблағи хизматрасониро, ки бо қарори Раёсати Иттифоқи "Тоҷикматлубот" тасдиқ гардида, бо Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, назорат карда, бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳои саривақтӣ андешад.
34. Масъулият барои вазъи корҳо дар нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба сохтмон, истифодабарӣ, ташкили савдо, сифати маҳсулоти фурӯшӣ, нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, барои пешниҳоди ройгони ҷойҳои савдо ва пардохтҳо барои иҷора ба зиммаи роҳбарияти нуқтаи савдои наздисарҳадӣ ва мақомоти дигари назоратии дахлдор вогузор карда мешавад.
35. Субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеие, ки дар нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ савдо мекунанд, барои ваирон кардани қоидаҳои савдо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
36. Муваққатан пӯшидани (боздоштани кори) нуқтаи савдои наздисарҳадӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- дар ҳолати вазъияти фавқулодда, офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои дорои хусусияти техногение, ки амалӣ намудани савдои наздисарҳадиро ғайриимкон мегардонанд;
- бо сабаби дорои хусусияти санитарию карантинӣ;
- вобаста ба вайронкунии дағалонаи қоида ва меъёрҳои нигаҳдории бино, объект ва таҷҳизоти технологии нуқтаи савдои наздисарҳадӣ;
- вобаста ба вайронкунии қонунгузории андоз;"
- бо сабаби тағйирёбии вазъияти сиёсию ҳарбӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсарҳад.
37. Дар бораи қабул ё бекор кардаии қарор дар бораи муваққатан пӯшидани нуқтаи савдои наздисарҳадӣ фавран ба давлати ҳамсарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ ба давлатҳои дигари манфиатдор тавассути роҳҳои дипломатӣ хабар дода мешавад.
38. Қатъи фаъолияти нуқтаи савдои наздисарҳадӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти савдои хориҷӣ, инчунин дар ҳолатҳои зерин анҷом дода мешавад:
- бо шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қатъ намудани ҳаракати нақлиёт тавассути сарҳади давлатӣ;
- қарори якҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати дигар оид ба қатъ намудани амали шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ;
- пешниҳодоти мақомоти манфиатдори ҳокимияти давлатӣ оид ба мувофиқи мақсад набудан ё ғайриимкон будани фаъолияти минбаъдаи нуқтаи савдои наздисарҳадӣ.
Порядок осуществления приграничной торговли в Республике Таджикистан
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Порядок осуществления приграничной торговли в Республики Таджикистан (далее-Порядок) разработан в соответствии со статьей 53 Закона Республики Таджикистан "О внешнеторговой деятельности", который регулирует правовые и экономические основы создания пунктов приграничной торговли и определяет порядок осуществления приграничной торговли в Республике Таджикистан.
2. Приграничная торговля на соответствующей приграничной территории Республики Таджикистан осуществляется в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, законами, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также международными правовыми актами, признанными Таджикистаном и настоящим Порядком.
3. Пункты приграничной торговли в приграничных городах и районах Республики Таджикистан создаются для расширения торгово-экономических отношений на основе взаимной выгоды, дальнейшего развития, укрепления добрососедских и дружественных отношений между Республикой Таджикистан и соседними государствами.
4. Действие настоящего Порядка не применяется к организации и осуществлению, внешнеэкономических отношений Республики Таджикистан, торговли на товарных биржах, а также купли-продажи ценных бумаг, объектов недвижимого имущества, продукции производственно-технического назначения, в ток числе электрической и тепловой энергии.
5. В настоящем Порядке применяются следующие понятия:
- приграничная торговля - это (внешняя) торговля товарами и услугами, осуществляемая исключительно для удовлетворения местных потребностей в товарах и услугах, произведенных в пределах соответствующих приграничных территорий и предназначенных для потребления физическими лицами, имеющими постоянное место жительства и юридическими лицами, имеющими место нахождения на этих территориях;
- пункт приграничной торговли - это специально выделенный земельный участок местности в непосредственной близости (в пределах пограничной полосы) от государственной границы с комплексом зданий, сооружений с технологическим оборудованием, в которых осуществляется торговля между физическими и юридическими лицами Республики Таджикистан и сопредельного государства;
- субъекты приграничной торговли - физические и юридические лица, в том числе и иностранные физические и юридические лица, осуществляющие в порядке, установленном соответствующим межправительственным соглашением Республики Таджикистан с приграничным государством и настоящим Порядком, торговую деятельность в пункте приграничной торговли Республики Таджикистан и в пункте приграничной торговли сопредельного государства.
2. ПОРЯДОК СОЗДАНИЯ ПУНКТОВ ПРИГРАНИЧНОЙ ТОРГОВЛИ
6. Пункт приграничной торговли создается по решению Правительства Республики Таджикистан на основании представления местного исполнительного органа государственной власти на соответствующей приграничной территории, определенной в международном договоре Республики Таджикистан с сопредельным государством.
7. Приграничная торговля осуществляется на основании международного договора Республики Таджикистан с сопредельным иностранным государством, предусматривающего предоставление особого благоприятного режима внешнеторговой деятельности в отношении (внешней) торговли товарами и услугами.
8. Пункт приграничной торговли создается на соответствующей приграничной территории Республики Таджикистан с государством, имеющим визовый режим, и с государством, не имеющим визовый режим.
9. Выделение земельного участка для организации пункта приграничной торговли и оформление документов, устанавливающих право на пользование земельным участком, производится в установленном законодательством порядке.
10. Проектирование и организация деятельности пунктов приграничной торговли осуществляются на основании решения местного исполнительного органа государственной власти по согласованию с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан, Министерством здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан, Комитетом по архитектуре и строительству при Правительстве Республике Таджикистан, Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан и Национальным Банком Таджикистана.
11. Пункт приграничной торговли может быть организован в установленном порядке хозяйствующим субъектом любой формы собственности.
12. Проектирование, перепроектирование и строительство зданий на территории рынка, реконструкция и восстановление зданий, строений сооружений находящихся на территории пункта приграничной торговли, осуществляются в соответствии с требованиями законодательства.
13. Строительство пункта приграничной торговли осуществляется с соблюдением действующих санитарных норм и правил содержания помещений, сооружений и территорий, камеры наблюдения с емкостью памяти не менее 6 месяцев, правил противопожарной безопасности, и иных требований согласно действующему законодательству. Основанием для открытия пункта приграничной торговли является акт ввода объекта в действие, утвержденный в установленном порядке.
14. Производство всех видов строительно-монтажных и ремонтных работ, осуществляемых хозяйствующими субъектами, торгующими на пункте приграничной торговли, производится на основе договорных отношений с администрацией пункта приграничной торговли и по согласованию с местными органами архитектуры и градостроительства городов и районов.
15. С целью приема в эксплуатацию завершенного строительства, реконструкция пункта приграничной торговли в соответствии с законодательством Республики Таджикистан создается Государственная комиссия.
16. В состав Государственной комиссии входят представители Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан, Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан, Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан, Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан, Национального Банка Таджикистана и других республиканских государственных органов, в зависимости от вида контроля, осуществляемого на вводимом в эксплуатацию пункте приграничной торговле, а также местного исполнительного органа государственной власти, на территории которого открывается пункт приграничной торговли.
17. Пункт приграничной торговли может являться юридическим лицом.
3. ПРАВИЛА ТОРГОВЛИ
18. Приграничная торговля товарами может осуществляться между физическими лицами имеющими постоянное место жительства и юридическими лицами, имеющими место нахождения на этих территориях, иностранными физическими и юридическими лица, имеющими постоянное место жительства и место нахождения на соответствующей приграничной территории сопредельного государства, в соответствии с международными договорами Республики Таджикистан с сопредельными государствами.
19. Торговля, осуществляемая в пункте (приграничной торговли физическими и юридическими лицами, производится на основании акта ввода объекта в действие, выдаваемого Государственной комиссии и ассортимента реализуемых товаров, согласованного с соответствующей службой санитарного контроля.
20. В случае если на пунктах приграничной торговли имеется схема расположения торговых мест с указанием ассортимента постоянно реализуемых товаров (групп товаров), согласованная с центром гигиены и эпидемиологии, для согласования ассортимента заключение государственных органов санитарного контроля не требуется.
21. Режим работы пункта приграничной торговли устанавливается по решению местного исполнительного органа государственной власти по согласованию с Главным управлением пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан.
22. Для выполнения заявок на выделение торговых мест вышеуказанным хозяйствующим субъектам и гражданам льготной категории администрация рынка обязана предусмотреть резервирование определенного количества торговых мест.
23. В пунктах приграничной торговли общая стоимость перемещаемых физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан товаров, работ и услуг осуществляете соответствии с действующим законодательством и не должна превышать сумму, эквивалентную 1000 долларов США на каждый день торговли на каждого участника.
24. При приграничной торговле физические и юридические лица могут использовать льготный и упрощенный порядок перемещения товаров, установленный в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
25. В пунктах приграничной торговли реализуются все наименования товаров, работ и услуг, которые не запрещены законодательством Республики Таджикистан.
26. Торговля в пунктах приграничной торговли осуществляется в объектах торговли с созданием необходимых условий для приобретения товаров, выполнения работ, оказания услуг, хранения и реализации товаров с использованием торгового и торгово-технологического оборудования (прилавков, витрин, холодильного и другого оборудования), весоизмерительных приборов в соответствии с санитарно-гигиеническими, противопожарными, природоохранными и иными требованиями, установленными законодательством Республики Таджикистан.
27. Координирующим органом в организации и деятельности пункта приграничной торговли является Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан. При этом непосредственная функция организации контроля в пунктах приграничной торговли возлагается:
- по вопросам международных приговоров на Министерство иностранных дел Республики Таджикистан;
- по вопросам санитарно-эпидемиологического контроля, контроля за ввозимой лечебной, профилактической и косметической продукцией на Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан;
- по ветеринарным, фитосанитарным и карантинным вопросам - на Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан;
- по вопросам безопасности и границы на Государственный комитет национальной безопасности Республики Таджикистан;
- по таможенным вопросам - на Таможенную службу при Правительстве Республики Таджикистан;
- по вопросам налогообложения и государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей - на Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан по вопросам архитектуры и строительства - на Комитет по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан;
- по вопросам контроля качества ввозимой продовольственной продукции на Агентство по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан "Таджикстандарт";
- по вопросам о сделках и банковских услуг - на Национальный банк Таджикистана;
- по вопросам торговли и организации общественного питания - на Правление союза "Точикматлубот" и местные исполнительные органы государственной власти.
28. Непосредственный контроль и государственное регулирование деятельности пунктов приграничной торговли осуществляются местными исполнительными органами государственной власти, а также уполномоченными органами государственного контроля.
4. НАЛОГОВОЕ, ТАМОЖЕННОЕ, ФИНАНСОВОЕ И ВАЛЮТНОЕ РЕГУЛИРОВАНИЕ В ПУНКТАХ ПРИГРАНИЧНОЙ ТОРГОВЛИ
29. Для иностранных граждан и лиц без гражданства, осуществляющих деятельность или работающих по найму в пунктах приграничной торговли применяется упрощенный режим въезда, выезда и пребывания, определяемый Правительством Республики Таджикистан.
30. Порядок налогообложения на территории пунктов приграничной торговли определяется законодательством Республики Таджикистан.
31. Порядок таможенного оформления и учет товаров на территории пунктов приграничной торговли определяется законодательством Республики Таджикистан.
32. В пункте приграничной торговли для оплаты стоимости товаров, работ и услуг используется валюта которая, в соответствии с законодательством Республики Таджикистан подходит для взаиморасчета.
5. КОНТРОЛЬ ЗА ДЕЯТЕЛЬНОСТЬЮ РЫНКА И ОТВЕТСТВЕННОСТЬ ЗА НАРУШЕНИЯ
33. Руководство пункта приграничной торговли обязано осуществлять контроль за соблюдением продавцами норм, правил и требований оплаты услуг, утверждённое решением Правления союза "Точикматлубот" согласованное с Антимонопольной службой при Правительстве Республики Таджикистан и предпринимать своевременные меры с целью предотвращения правонарушений.
34. Ответственность за состояние дел в пунктах приграничной торговли по вопросам, касающимся его устройства, эксплуатации, организации торговли, качества реализуемой продукции, поддержания общественного порядка, за предоставление торговых мест бесплатно и платежей за аренду несет руководитель пункта приграничной торговли и другие соответствующие надзорные органы.
35. Хозяйствующие субъекты и физические лица, осуществляющие торговлю в пунктах приграничной торговли, несут ответственность за нарушение правил торговли в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
36. Временное закрытие (приостановление работы) пункта приграничной торговли производится Правительством Республики Таджикистан по предложению Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан, Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан, Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан, Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан и местного исполнительного органа государственной власти в следующих случаях:
- в случаях чрезвычайных ситуаций, стихийных бедствий и ситуаций техногенного характера, делающих невозможным осуществление приграничной торговли;
- по причинам санитарно-карантинного характера;
- в связи с грубым нарушением правил и норм содержания зданий, сооружений и технологического оборудования пункта приграничной торговли;
- в связи с нарушением налогового законодательства;
- по причине изменений политической и военной ситуации в приграничных регионах, государственной границы Республики Таджикистан и приграничных государств.
37. О принятии или отмене решения о временном закрытии пункта приграничной торговли незамедлительно сообщается сопредельному с Республикой Таджикистан государству, а при необходимости другим заинтересованным государствам по дипломатическим каналам.
38. Прекращение деятельности пункта приграничной торговли осуществляется Правительством Республики Таджикистан согласно законодательству, регулирующему внешнеторговую деятельность, а также в следующих случаях:
- международным договором Республики Таджикистан о прекращении транспортного сообщения через государственную границу;
- одностороннего решения Республики Таджикистан или другого государства о прекращении действия международных договоров о пунктах приграничной торговли;
- предложений заинтересованных органов государственной власти о нецелесообразности или невозможности дальнейшего функционирования пункта приграничной торговли.