Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 апрели соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 750 "а"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 апрели соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 750 "а"
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз "24" феврали соли 2015 № 16 ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2014, № 24
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ"
Қ А Р О Р М Е К У Н А М :
1. Замимаи 7 "Тартиби пур кардани китоби бақайдгирӣ"-и "Қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои парвандаи бақайдгирӣ, китоби бақайдгирӣ, дафтари аризаҳо ва гузоштани рақамҳои мушаххаси кадастрии молу мулки ғайриманқул", ки бо қарори Раис Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2014, № 24 тасдиқ карда шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2014, № 750 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони раис гузошта шавад.
...