Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 апрели соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 782
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
№ 13-1 аз "19" феврали соли 2015
Дар бораи танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва фаъолияти онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе
Бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш дар кӯчаю хиёбонҳо, пурра аз байн бурдани таваққуфи онҳо дар назди бозору марказҳои савдо, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ"
қарор мекунам:
1. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 таҳти №569 "Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум" ҳамасола аз 1 июн то 31 август ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм шудани ҳарорати рӯзонаи ҳаво бо дастрасии ҳуҷҷати расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар роҳҳои автомобилгарди мумфарши шаҳри Душанбе аз соати 1000 то 1900 бо сарборӣ ба меҳвари ягона зиёда аз 6 тонна қувва маҳдуд намоянд;
-назорати риояи талаботи "Қоидаҳои ҳамлу нақли бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро бобати ҳамлу нақли борҳои пошхуранда (сыпучий груз) ба иншоотҳои сохтмонии шаҳри Душанбе таъмин намоянд;
-ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаши иқтидори борбардориашон зиёда аз 10 тонна, ки интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайраро ба марказҳои савдо, бозорҳо, анборҳо ва дигар макони таъинот амалӣ менамоянд, дар роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе аз соати 22шш то 5шш дар мавсими гармо (аз 1 апрел то 1 октябр) ва аз соати 20шш то 6шш дар мавсими сармо (аз 1 октябр то 31 март) маҳдуд намоянд;
-ҳаракати транзитии воситаҳои нақлиёти боркаши байналмилалӣ, инчунин воситаҳои нақлиёти вазну андозаҳояшон аз меъёрҳои муқарраршуда зиёдро тавассути роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе тибқи талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №212 аз 2 майи соли 2007 "Дар бораи ҳаракати транзитии воситаҳои нақлиёти байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили терминалҳои назди сарҳадӣва №779 аз 28 декабри соли 2006 "Дар бораи тасдиқи қондаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн аз андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд" ба роҳ монанд;
-ҷобаҷогузории аломатҳои дахлдори роҳро вобасга ба маҳдудияти муқарраршуда дар асоси стандарти давлатии ГОСТ 23457-86 "тартиби истифодабарии воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ" таъмин намоянд;
-назорати ҳаракати воситаҳои нақлиётро бо дарназардошти маҳдудиятҳои муқарраршуда таъмин намуда, барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли хавфнок, гаронвазн ва калонҳаҷм дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми шаҳр аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, чораҳои зарурӣ андешанд.
2. Муқаррар карда шавад, ки дар ҳолати иҷрои корҳои роҳсозӣ, сабзкорӣ, инчунин ҳангоми фалокатҳои табиӣ, садама ва ҳодатҳои фавқулода ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе иҷозат дода мешавад.
3. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо дар ҳамбастагӣ бо Прокуратураи шаҳри Душанбе, ҷалби шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенақлиётхадамотрасон" ҷиҳати барҳам додани истгоҳҳои ғайрирасмии воситаҳои нақлиёти боркаши дар ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди шаҳр худсарона ташкилгашта ва ҷойгир намудани онҳо дар ҳудуди корхонаҳои нақлиётӣ ё корхонаю муассисаҳои дорои имконияти зарурӣ, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин ба танзим даровардани фаъолияти онҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои муайян, тадбирҳои мушаххас андешанд.
4. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута имконияти дар даромадгоҳҳои ғарбӣ ва шимолии шаҳри Душанбе ҷудо намудани қитьаи замин барои сохтмони терминалҳои боркашонӣ, марказҳои логистикӣ, инчунин, дар шафати роҳҳои автомобилгарди даромадгоҳҳои шаҳр, ташкил намудани нуқтаҳои назорати вазнӣандозавии воситаҳои нақлиёти боркашро ҳамаҷониба омӯхта, аз рӯи имкониятҳои мавҷуда бо мақсади сохтмони иншоотҳои инфрасохтории роҳҳо таклифҳои асоснок пешниҳод намоянд.
5. Аз Прокуратураи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, ҷиҳати мақсаднок истифода гардидани таваққуфгоҳҳои нақлиётии қаламрави шаҳр санҷиши пурраи иншоотҳои мазкурро гузаронида, баҳри дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда ва аз рӯи таъинот ба роҳ мондани фаъолияти онҳо чораҳои қонунӣ андешанд.
6. Қарори мазкур ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
7. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикос ва рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмнн мамояд.
8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.
Раиси шаҳр М. Убайдуллоев
ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРЕДСЕДАТЕЛЯ ГОРОДА
ДУШАНБЕ
Об упорядочении движения грузовых транспортных средств в
административно-территориальных пределах города Душанбе
В целях упорядочения движения грузовых транспортных средств по проспектам и
улицам города, полного искоренения их стоянок возле рынков и торговых центров, в
соответствие со статьями 19 и 20 Конституционного закона Республики Таджикистан "О
местных органах государственной власти" и со статьей 14 Закона Республики Таджикистан "Об автомобильных
дорогах и дорожной деятельности"
ПОСТАНОВЛЯЮ:
1. Управлению Министерства внутренних дел по городу Душанбе совместно с
соответствующими структурами Министерства транспорта Республики Таджикистан:
- в целях обеспечения исполнения Постановления Правительства Республики
Таджикистан от 8 ноября 2011 года за №569 "О введении сезонных ограничений по массе и
осевым нагрузкам транспортных средств при их движении по автодорогам общего
использования" ежегодно с 1 июня по 31 августа при повышении дневной температуры
более 25 градусов согласно официальных данных уполномоченного органа
(гидрометцентра), запретить движение автотранспортным средствам с осевой
нагрузкой свыше 6 тонн/сила по асфальтированным автодорогам города Душанбе с
1000 до 1900 часов;
- обеспечить контроль за исполнением норм "Правил транспортировки грузов в
Республике Таджикистан" в части транспортировки сыпучих грузов на строительные
объекты города Душанбе;
- ограничить движение грузовых автотранспортных средств грузоподъёмностью
более 10,0 тонн, перевозящих сельхозпродукты и другую продукцию в торговые
центры, рынки, склады города Душанбе с 2200 до 500 в летний сезон (с 1 апреля по
1 октября) и с 2000 до 600 в зимний сезон (с 1 октября по 31 апреля);
- для международных грузовых транспортных средств, а также транспортных
средств, масса и габариты которых превышают установленные нормы, порядок
транзитного проезда автомобильными дорогами города Душанбе определить строго в
соответствии с требованиями Постановлений Правительства Республики Таджикистан №
212 от 2 мая 2007 года "О транзитном движении международных транспортных средств
по территории Республики Таджикистан и организации приграничных терминалов" и
№779 от 28 декабря 2006 года "Об утверждении Правил проезда по автомобильным
дорогам транспортных средств, масса и габариты которых превышают установленные
нормы";
- обеспечить установку соответствующих дорожных знаков, согласно
установленных ограничений на основании государственного стандарта ГОСТ-23457-86
"Порядок использования технических средств регулирования движения на дорогах";
- обеспечить контроль движения транспортных средств, с учетом установленных
ограничений, принять необходимые меры по отношению к водителям за несоблюдение
правил перевозки опасных грузов и движения большегрузных автомобилей на
автомобильных дорогах общего пользования города.
2. Установить, что при проведении дорожных ремонтных работ, озеленении, при
природных катаклизмах и чрезвычайных ситуациях разрешается движение грузовых
транспортных средств по проспектам и улицам города Душанбе.
3. Постоянной комиссии Маджлиса народных депутатов города Душанбе по вопросам
транспорта, коммуникации и улучшения дорог совместно с Прокуратурой города
Душанбе, а также с привлечением Отдела Антимонопольной службы при Правительстве
Республики Таджикистан в городе Душанбе, Управления по инвестициям управлению
государственным имуществом Местного исполнительного органа государственной
власти в городе Душанбе, Управления Министерства внутренних дел в городе
Душанбе, Управления Службы государственного контроля и регулирования в сфере
транспорта города Душанбе и Государственного коммунального учреждения
"Душанбенаклиётхадамотрасон" принять неотложные меры по ликвидации самовольных
незаконных стоянок (парковок) с несанкционированной организацией грузоперевозок
на автодорогах города и их дальнейшего размещения на территории транспортных
предприятий или других предприятий и учреждений, независимо от их форм
собственности, имеющих соответствующие возможности, а также упорядочить их
деятельность в рамках соответствующего плана-мероприятий.
4. Главному управлению по архитектуре и градостроительству города Душанбе,
Комитету по управлению землей города Душанбе и другим соответствующим структурам
всесторонне рассмотреть возможность выделения земельного участка на западном и
северном въездах города для строительства грузотранспортных терминалов,
логистических центров, а также точек весо-габаритного контроля грузового
транспорта и при наличии возможности строительства объектов дорожной
инфраструктуры представить реальное предложение.
5. Просить Прокуратуру города Душанбе совместно с Управлением Министерства
внутренних дел города Душанбе, Комитетом по управлению землей города Душанбе и
Главным управлением архитектуры и градостроительства города Душанбе произвести
доскональную проверку автотранспортных стоянок города на предмет соответствия их
деятельности действующему законодательству и функциональному назначению.
6. Представить настоящее Постановление для государственной регистрации в
Министерство юстиции Республики Таджикистан и после процедуры государственной
регистрации и официального издания в средствах массовой информации принять к
исполнению.
7. Информационному аналитическому отделу аппарата Председателя города Душанбе
обеспечить широкое освещение данного Постановления в средствах массовой
информации.
8. Контроль за исполнением данного Постановления возложить на заместителя
Председателя города Душанбе Хакимова Н.Х.
от "19" февраля 2015 года, № 13-1
*** Зарегистрировано Министертвом юстиции Республики Таджикистан 2 апреля
2015 года, регистрационный номер 782