Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016 № 1318 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 апрели соли 2016, № 406

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 майи соли 2016, № 232

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №5, мод.348;. с.2005, №3, мод.120; с.2006, №7, мод. 343; с.2007, №6, мод.433; с.2008, №1, қ.2, мод.14, №6, мод.457, №10, мод.816; с.2009, №3, мод.78, №5, мод.326, №9-10, мод. 544; с.2010, №12, қ. 1, мод.821; с.2012, №12, қ.1, мод. 1005; с.2013, №3, мод.193, №11, мод.787; с.2014, №7, қ. 2, мод. 406, мод. 407, №11, мод. 666; с. 2015, №3, мод. 206, мод. 213, №11, мод.967) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд.

1. Ба моддаи 17 сархати чилум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- фаъолият оид ба воридот, содирот, фурӯш ва истифодаи ҳавопаймои бесарнишин;".

2. Дар моддаи 18:

- дар қисми 1:

- ба сархати якум пас аз калимаи "бонкӣ" калимаҳои ", аз ҷумла бонкии исломӣ" илова карда шаванд;

- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- фаъолияти оператори низоми пардохт;";

- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти боикӣ, аз ҷумла бонкии исломӣ, амалиёт бо асъори хориҷӣ ва фаъолияти оператори низоми пардохт бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ, фаъолияти бонкии исломӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд, танзими асъор ва назорати асъор, хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт ба танзим дароварда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

14 майи соли 2016 № 1318