Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016 № 1315 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 апрели соли 2016, № 404

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 майи соли 2016, № 229

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод. 342; с. 2005, №12, мод. 631; с. 2007, №7, мод. 685; с. 2008, №10, мод. 806; с. 2011, №12, мод. 839; с.2013, №7, мод. 506; с. 2015, №3, мод. 203), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 37 қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Ҳавопаймои босарнишин - ҳавопаймое, ки ҳангоми парвоз аз ҷониби сарнишини (ҳайати) дар дохили он буда идора карда мешавад.

Ҳавопаймои бесарнишин - дасттоҳ, ҳавопаймо, чархболе, ки бе сарнишини (ҳайати) дар дохили он буда парвоз мекунад ва ба таври фосилавӣ идора карда мешавад.

Системаи авиатсионии бесарнишин - ҳавопаймо ва ҷузъиёти ба он вобаста, ки бе сарнишини (ҳайати) дар дохили он буда идора карда мешавад.".

2. Ба моддаи 38 қисми ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Қоидаҳои муомилоти ҳавопаймоҳои бесарнишин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.".

3. Дар моддаи 77:

- ба қисми дуюм банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5) маҳдуд намудани имконияти дастрасии ғайриқонунии шахсони бегона ба системаи авиатсионии бесарнишин;";

- банди 5) банди 6) ҳисобида шавад.

 4. Ба моддаи 79 қисми чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии ҳавопаймои бесарнишини ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшударо соҳибмулки он ташкил ва амалӣ менамояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

14 майи соли 2016 № 1315