Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016 № 1314 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 марти соли 2016, № 387

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 майи соли 2016, № 228

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, МОД. 201) моддаҳои 11(1) ва 11(2) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Моддаи 11(1). Боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма

1. Ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои аз тарафи воситаҳои ахбори омма содир шудани амалҳое, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолифат мекунанд, мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба ин воситаҳои ахбори омма огоҳиномаи хаттӣ мефиристад ва мӯҳлати бартараф кардани онҳоро муқаррар менамояд.

2. Дар сурати аз ҷониби воситаҳои ахборм омма риоя иагардидани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё прокурорҳои тобеи ӯ ба воситаҳои ахбори омма дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо амри хаттӣ фиристода, мӯҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд.

3. Агар дар мӯҳлати муқарраршуда қонунвайронкуниҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ӯ ва ё мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма метавонанд ба суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма муроҷиат намоянд.

4. Тартиби боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро дар давраи вазъияти фавқулода қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Моддаи 11(2). Қатъ гардидани фаъолияти воситаҳои ахбори омма

1. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо асосҳои зерин қатъ мегардад:

- бо қарори муассис;

- бо сабаби азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) воситаҳои ахбори омма;

- бо ҳалномаи суд.

2. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма, сарфи назар аз мавҷудияти баҳисобгирии давлатӣ бо ҳалномаи суд қатъ карда мешавад. Воситаи ахбори оммаи фаъолияташ қатъкардашуда бо номи дигар сабт шуда наметавонад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

14 майи соли 2016 № 1314