Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016 № 1301 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 январи соли 2016, № 311

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2016, № 198

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи алоқаи барқӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 323; с. 2006, №3, мод. 156; с. 2008, №3, мод.198, №12, қ. 2, мод.996; с. 2013, №12, мод. 891; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015, №1271) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 19 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Дар ҳолати истифода гардидани хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзанд, падару модари ӯ ҳуқуқ доранд, аз операторон ва провайдерон оид ба истифодабарии хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд.".

2. Ба қисми якуми моддаи 20 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- ба падару модар маълумотро дар бораи истифодаи хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзандашон ройгон пешниҳод кунанд;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

15 марти соли 2016 № 1301