Низомнома дар бораи комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008, № 173

Санаи амалкуни: 17.03.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2008 № 173

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2008 № 173

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.03.2017 № 136)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.03.2017 № 136)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, мақсад, усул, низом, салоҳият ва масъулияти тарафҳоро оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.03.2017 № 136).

2. Комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Комиссия) аз ҷониби тарафҳои шарикии иҷтимоӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.03.2017 № 136).

II. Мақсадҳои асосӣ ва вазифаҳои Комиссия

3. Мақсадҳои асосии Комиссия:

- ҳангоми таҳияи услубҳои асосии танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ ба назар гирифтани манфиатҳои мақомоти идораи ҳокимияти давлатӣ, Федератсияи итттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо роҳи сари вақт танзим намудани муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ гирифтани пеши роҳи баҳсҳои меҳнатӣ дар сатҳҳои гуногун;

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от I апреля 2008 года №173

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от I апреля 2008 года №173

Положение о трехсторонних комиссиях по регулированию социально-трудовых отношений в Республике Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 17.03.2017г.№136)

(в редакции постановления Правительства РТ от 17.03.2017г.№136)

I. Общие положения

1. Настоящее положение разработано в соответствии с Трудовым кодексом Республики Таджикистан  и определяет цель, метод, порядок, компетенцию и ответственность сторон по регулированию социально-трудовых отношений в Республике Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 17.03.2017г.№136).

2. Трехсторонние (двухсторонние) комиссии по регулированию социально-трудовых отношений в Республике Таджикистан (далее Комиссия) образуются сторонами социального партнерства в целях защиты трудовых прав и социально-экономических интересов граждан Республики Таджикистан.

II. Основные цели и задачи Комиссии

3. Основные цели Комиссии:

- во время разработки основных методов регулирования социальнотрудовых отношений на уровнях республиканском, территориальном и отраслевом учитывать интересы органов управления государственной власти, Федерации независимых профсоюзов Таджикистана и Объединения работодателей Республики Таджикистана;

- путем своевременного регулирования социально-трудовых отношений воспрепятствовать возникновению трудовых споров на разных уровнях;

...